Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ соли фаъолияташ беш аз 842 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомўзии «Истифодабари технологияи муосири иттилоотӣ», «Библиографияшиносӣ», «Китобхонашиносӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» ва ғайра ҷалб намуд ва ҳамаи онҳо баъди хатми давраҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосиру сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони соҳа вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Вобаста ба ин омилҳо дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зерсохтори Маркази такмили ихтисос ташкил карда шуд, ки он фаъолияти худро он аз моҳи апрели соли 2012 оғоз намуд ва раванди бозомӯзии касбии он дар ассоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази такмили ихтисос аз ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси кормандони китобхона, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, барнома ва дастурҳои таълимӣ, ҷамъоварӣ ва бунёди фонди маводи таълимӣ доир ба соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, созмондиҳии дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии чопӣ ва электронӣ иборат мебошад.
Фаъолияти Марказ дар самти ташкили курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар КМТ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати омўзиши таҷрибаи пешқадами китобдорӣ ва татбиқи низоми худкори раванди китобдорӣ- иттилоотӣ бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ба роҳ монда шуд. Марказ ҳамкории худро бо муассисаҳои таълимии кишвар дар омодасозии барномаву дарсномаҳои таълимӣ, баргузории машғулиятҳои бозомўзӣ, курсҳои такмили ихтисос ва семинар-тренингҳо барои кормандони китобхонаҳо амалӣ менамояд.
Маркази такмили ихтисос дар муҳлати панҷ соли фаъолияташ беш аз 842 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомўзии «Истифодабари технологияи муосири иттилоотӣ», «Библиографияшиносӣ», «Китобхонашиносӣ», «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» ва ғайра ҷалб намуд ва ҳамаи онҳо баъди хатми давраҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Аз ҷониби ҳайати кормандони Марказ дар тулии панҷ соли фаъолият беш аз 20 семинар - машваратҳои сайёр, курсҳои бозомўзи барои кормандони китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд ва тобеъи ҷумҳурӣ бо китобдорон роҳандозӣ шуд. Ҳамкории Марказ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ИДМ ва хориҷӣ кишвар низ боиси ифтихор мебошад.
Барои омўхтани таҷрибаи пешқадам китобхонаҳои ҷаҳон зиёда аз 20 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Куриё, Чин, Қазоқистон, Белорус ва Эрон фиристода шуданд.
Дар давоми фаъолияти Марказ беш аз 1153 нафар таҷрибаомўзон аз макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, мувофиқи барномаи таълимиашон дар шуъбаю марказҳои Китобхона таҷриба омўхтанд ва ба макотиби олӣ, миёнаи махсус, литсей, колеҷҳо равона гардиданд.
Марказ омода аст, ки фаъолияти кардрии соҳаи китобдории кишварро мавриди омўзиш қарор диҳад ва барои баланд гардидани сатҳи дониши касбии китобдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузорад.