Донишҷӯён бо Қарори Суди конститутсионӣ дар Китобхонаи миллӣ шинос шуданд

Бистуҳашт нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо масъулини Маркази такмили ихтисос мулоқот карданд. Дар ин дидор кормандони марказ ба донишҷўён Қарори суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Донишҷўи соли панҷуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ш. Ҳайбуллоев аз рўзномаи “Садои Мардум” (№ 17 аз 9 -феврали соли 2016) Қарори суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ ошноии бештар бо қарори ёдшуда ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар буд.

Барчаспҳо: