Чунин ном дорад маҷмўи мақолаҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадаф аз таълифоти мазкур кўшиш дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷалби хонандагон ба масоили мазкур унвон шудааст. Дар шиносномаи он аз ҷумла мехонем: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умумпазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Танҳо инсонҳои соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи ҳамидаву маънавиёти баланд метавонанд ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву ахлоқии миллатро ҳифз намоянд ва ба ин васила ҷойгоҳи сазовори онро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намоянд.
Муаллифи китоб дар ин асос даъват ба амал меорад, ки ҳифзи Истиқлолияти миллӣ – ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму ойин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи ободу ахлоқи миллӣ ба шумор меравад ва дар ин рўҳия дар тарбияи насли ҷавон ҳиссагузор бошанд.
Китоб зери назари доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов чоп шудааст ва ҳоло метавонед онро аз ҳам а толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова