Моҳи октябри соли 2020 аввалин маркази илмӣ ва нашриёти давлатии Тоҷикистон «Ирфон»- 95 сола шуд

Имрўз кас вақте, ки ба таърихи маориф, илм, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик дар таърихи 95 соли гузашта менигарад ва дар чигуна шароит, бо чӣ душвориҳо ва бо чӣ фидокориҳо оғоз намудани фаъолияти аввалин муассисаҳои илмӣ, аввалин фидоиёни ин майдонро ба хотир меоварад, дили кас бо як ҳисси фаровони миннатдорӣ ва  сипасгузорӣ аз он бунёдгарони поя ва асоси фарҳанг, илм, адабиёт ва маорифи нави мо пур мешавад. Вақте, ки ба таърихи 95 соли гузашта назар меандозем, яке аз ин муассисаҳои ба тамоми маъно, илмӣ ва бемуболиға бунёдгузори илм ва фарҳанги имрўзаи мо метавон гуфт нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст, ки дар саргаҳи он ду шахсияти бузурги илм, адабиёт ва фарҳанг устодон Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ мебошанд, ки дар фаъолият ва кори  даҳ соли аввали ин муассиса мавқеъ ва хизмати ин ду кас хеле калон будааст.

Моҳи октябри соли 1925 бо қарори партия ва Ҳукумати Тоҷикистон нашриёти давлатии тоҷик таъсис гардид ва устод Лоҳутӣ сарвари он таъин шуд. Ба зиммаи нашриёт бо суръати тамом ва фурсати кам бо китобҳои дарсӣ, бо асарҳо оид ба маълумоти сиёсӣ, бо китобҳои хониш  чӣ барои калонсолон ва чӣ барои наврасон таъмин кардан гузошта шуда буд. Дар тамоми шаҳр ва деҳоти ҷумҳурӣ мактабҳо кушода мешуданд. Шумораи онҳо сол то сол зиёд мешуданд ва онҳо ниёз ба китобҳои дарсӣ доштанд.  Ба сабаби набудани китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ дар аксари мактабҳои маҳалҳои тоҷикнишин таълим аз рўи китобҳои дарсии ўзбекӣ гузаронида мешуд, ки ин кори омўзишро ҳам ба омўзгор ва ҳам ба омўзандагон хеле душвор мекард. Дар дар чанд моҳи фаъолияти худ дар соли аввали таъсисаш (1925) «Нашриёти Давлатии Тоҷикистон»  бо теъдоди 8 номгӯй китоб нашр кард, ки аз он 4 – тоаш китобҳои дарсӣ буданд.

Устод Айнӣ  дар як мақолаи худ камбудиҳои чанд китоби дарсии то соли 1925 чопшудаи тоҷикиро нишон дода, барои беҳтар шудани сифати онҳо аз таҳти назари як ҳайати таҳририи мўътабаре гузаронидани онҳоро лозим дониста, дар аввалҳои соли 1925 дар рузномаи «Овози тоҷик» навишта буд:» Ба зудӣ дар Самарқанд ба таҳти дасти рафиқ Саидризо як одами чандзабондон ҳайати таълиф ва тарҷума барои Тоҷикистон ташкил дода, феълан ба кор шурўъ кардан лозим аст. Ин ҳайатро зарур аст, ки ҳамаи китобҳои заруриро ба дасти аҳлаш тақсим карда, ба тартибаш амр фармояд ва баъд аз тартиб ё ин ки тарҷума ҳайат таҳриру тасҳеҳ карда, ба табъаш рухсат диҳад». Моҳи августи соли 1926 муаллим Қ. Осимӣ аз Хуҷанд ба рузномаи «Овози тоҷик» навишта буд: «Ба мо китоби қироати тоҷик, алифбо ва дигарҳо лозим аст. Бояд инҳо мавҷуд карда шаванд, то ин ки бачагони тоҷик низ ба забони худашон таълим бигиранд ва аз забони модарии худашон боҳабар бошанд». Бо сабаби дар он рўзҳо дар Душанбе мавҷуд набудани шароити нашри китоб, кадри  (мутахассисон) муаллиф  ва тарҷумонҳо қарор дода шуда буд, ки идораи нашриёт дар Самарқанд ба кор сар кунад.

Моҳи апрели соли 1926 Абулқосим Лоҳутӣ ба Самарқанд меравад ва мутобиқи салоҳияте, ки ба ӯ дода шуда буд, шуъбаи самарқандии нашриётро таъсис медиҳад. Он рўзҳо маркази Ҳукумати Узбекистон дар Самарқанд буд ва Ҳукумати Тоҷикистон дар онҷо ваколатхона дошт. Инак, дар назди ваколатхонаи Тоҷикистон барои идораи нашриёт се хона ҷудо карда шуд ва устод Айнӣ вазифаи сармуҳарририи нашриётро ба зимма гирифтанд. Ба ҳамин  тариқ,  иҷрои вазифаи  ҳайати  назорат ба таҳрир ва тарҷумаи китобҳо, ки Айнӣ чанде пеш зарурияти онҳоро ба майдон гузошта буд, ба зиммаи худи ў супорида шуд.  Яъне устод Садриддин Айнӣ вазифаи сармуҳарририи онро ба уҳда мегиранд. Дар фаъолияти кори нашриёт муаллимони таҷрибаноки соҳиқалам Ҳ. Ирфон, С. Манофзода, И. Раҳматуллозода, Т. Зеҳнӣ, Х. Абдухолиқзода, Р. Ҳошим, С. Ализода ва дигарон аз ҷумлаи аввалин касоне буданд, ки ба кори таълифи китобҳои дарсии забону адабиёт  ҷалб  карда  шуданд. Соли 1927 повести «Одина» ва соли 1930 аввалин романи адабиёти тоҷик – «Дохунда» - и устод С. Айнӣ аз чоп баромад. Дафтари ашъори устод А. Лоҳутӣ, ҳикояҳои А. Деҳотӣ ва Ҷ. Икромӣ ба нашр расиданд. Даҳ соли баъд, яъне соли 1935 номгӯйи китобҳои нашркардаи  нашриёт    зиёда аз  266 адад мерасад. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон китобҳои нашриёт дар корхонаҳои полиграфии Ленинград чоп мешуд.

Нашриёти давлатии Тоҷикистон тӯли солҳои 1947 – 1956 баҳри қонеъ намудани талаботи хонандагон зиёда аз 2605 номгӯйи китобу ҷузва ва мусаввараю варақаро бо теъдоди умумии  зиёда аз 27 миллион нусха аз чоп баровард. Соли 1964 нашриёти мазкур номи «Ирфон»-ро ба худ гирифт, ба қадри имкон ба қонеъ намудани ин талабот ҳамеша кўшидааст.  Солҳои 1970 – 1990 дар таърихи фаъолияти «Ирфон» давраи ниҳоят пурмаҳсул ба ҳисоб меравад. Солҳои 1990-2000 давраҳои мушкилоти иқтисодиву камбуди маводи чопӣ  нашри китоб хеле коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, нашриёти «Ирфон» тавонист, ки тайи ин солҳо асарҳоеро аз қабили «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», «Ваҳдати миллӣ мароми мост», «Тоҷикистон дар оинаи таърих», «Китоби сурхи Тоҷикистон» - ро манзури хонандагон гардонад.

Имрўзҳо фаъолияти пурсамари Муассисаи нашриявии  «Ирфон»-ро  дар саросари кишвар  шинохта гардидааст, ки он  ҳатто аз ҷониби КОА (Комиссияи олии аттестатсионии) Федератсияи Русия эъти­роф  шуда­аст. Муассисаи нашриявии «Ирфон» на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии истиқлолияти миллии мо маҳсуб меёбад. Ҳамаи дастовардҳои ин ганҷинаи фарҳанг дар баҳои ҷонфарсоиҳои даҳҳо ва садҳо нафар кормандонаш ба вуҷуд омада, аз файзи садоқат ба касб, меҳнатдўстию меҳанпарастӣ манша гирифтааст.

Чун аз қуллаи баланди беш аз 95 сол ба гузашта назар афканем, заҳмати боазму ҳайати кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» пеши назар ҷилвагар мешавад. Бошад, ки ҳама анъаноти наҷиб бо рангу таровати тоза идома пайдо кунад. Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки кулли кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва ҳамаи алоқамандонашро бо  фарорасии фаъолияти зиёда аз 95-умин солгардашон  сами­мона муборакбод гуфта, ба онҳо дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва тарғиби китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат комёбӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу  барор ва саодати рўзгор таманно дорам.

Валиев Ҷамил,

корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: