Ёде аз устод Рӯдакӣ дар намоиши китоби Шуъбаи библиографияи миллӣ

Субҳи имрӯз Шуъбаи библиографияи миллӣ фаъолияти худро аз баргузории намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз кард. бахши дар Рӯзи Рӯдакӣ намоиши китоб доир кард.
Хонанадгони толори хониши ин шуъба имрӯз имкон доштанд бо китобҳое чун “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ”, “Ёдномаи устод Рӯдакӣ”, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Девони Рӯдакӣ”, “Ишқи Рӯдакӣ”, “Одамушшуаро Рӯдакӣ” ва ғайра аз наздик ошно шаванд.
Имрӯз дар сар то сари кишвар Рӯзи устод Рӯдакӣ буд. Аз сари субҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон ҳамдигарро ба ин рӯзи муборак табрик мекарданд, қитъаҳои шеърӣ аз устод мегузоштанд, дар бораи ӯ ҳарф мезаданд.
Рӯзи Рӯдакӣ ва шеъри Рӯдакӣ, Рӯзи гиромидошти хотираи устоди шоирони олам буд.