Нигаҳбони оташи шеър

Муаллифи Суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ин шабу рӯз дар бемористони “Истиқлол” гирифтори беморист ва тибқи хабарҳо аз дирӯз зери дастгоҳи нафаси сунъист. Ду рӯз пештар дар тамос бо ҳаводорони шеър ва дӯстонаш ҳоли худро хуб арзёбӣ карда буд.  Дар зер мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзодаро меорем ва ба шоири маҳбуб аз даргоҳи Худованд шифои комил мехоҳем.

Нигаҳбони оташи шеър

Имрӯз Гулназар аз тавонотарин ва барумандтарин шоирони тоҷик аст. Ӯ дар марҳалаи камолоти ҳунари шоирӣ қарор дорад. Вай ба ин зинаи барои ҳар эҷодкори асил хушоянд тадриҷан ва ба шарофати омӯзиши пайваста ва заҳмати ҳамарӯза ва «бидуни таътил» дар тӯли солҳои зиёде расидааст. Намунаҳои нахустини офаридаҳои ӯ, агарчи аз навиштаҷоти ҳамсафону ҳамдавронаш  аз ҳарҷиҳат бартарӣ доштанд, ғолибан таҳти таъсири шеърҳои Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром ва дигарон гуфта шудаанд. Дар онҳо ҳанӯз тасвиру маъниҳои тару тоза, таркибу таъбирҳои шоиронаи нав, байту бандҳои матбӯъ камтар ба назар мерасиданд. Гулназар он вақт дар гуфтани шеър ҳанӯз истиқлол наёфта буд ва бар баёну тасвир тасаллут надошт.

Бо ин ҳама ӯ дар ҳамон даврони шогирдӣ ва машқи шеър карданҳояш низ мисраъ, байту банд, шеърҳои ҷудогона, тасвиру таркибҳои шоиронае эҷод намудааст, ки ҳунармандтарин шоирони он даврон аз доштани онҳо ор намекарданд.  Мисли:

Ба сони турнаҳои ломаконам –

Баҳори рафта меҷӯям ман имрӯз.

(«Расми сарбозӣ»).

Ва:    Баҳри пирони ҷаҳондидаи деҳи хурдам

Аз сари чашма ба чашм об ҳамеовардам.

 («Дастархон»).

Ва:   Ситора дар баёзи осмонҳо

 Чу байти бевафоӣ сӯзадам боз.

 («Нардбон»).

Ва:    Зи қабристон наояд боз одам,

Зи қабристон биёяд боз тобут.

                                                    («Ағба»).

Шеърҳои «Лаълии пур аз неъмат» («Расми сарбозӣ», 1969), «Ба рӯи тахтасанги соҳили рӯд» («Дастархон», 1972), «Рӯи гулбарги тару себаргаи боғ» ва  «Бачча будам» («Нардбон», 1978) ва чанд дубйтиву рубоиҳои нағздар китоби «Ағба» (1978) метавонистанд маҷмӯаи осори ҳар шоири номдори замонро зеб диҳанд.

Истиқлоли шоирӣ ва тасаллут бар унсурҳои ҳунари адабӣ ба Гулназар аз охири солҳои 70–ум ва ибтидои 80–уми асри ХХ дар китобҳои «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Паи дарё» (1987) ва «Чашми нигин» (1988) муяссар гардидааст. Дар ин давра баёни шоир мушаххас, шевотар, гӯётар, гиротар ва лангардортар гардида, паҳно ва вусъат пайдо мекунад. Машқҳои ӯ дар гуфтани шеъри имрӯзӣ барор мегирад. Таҷрибаҳои ӯ дар гуфтани навъҳои шеъри суннатӣ, аз қабили ғазалу рубоӣ самар меоваранд. Шумори шеърҳои нағзаш оҳиста–оҳиста бештар мегарданд. Зимнан, Гулназар дар шеъри муосири тоҷикӣ пас аз Лоиқ дувумин нафарест, ки дар гуфтани ғазалу рубоию дубайтӣ тавфиқ ёфтааст. Чанд мисол:

 Чу бинам Каҳкашону гарди коҳаш,

 Зи нав ман баччагиро мекунам ёд,

 Ки байни деҳу хирманҷо замоне

 Мисоли барги коҳе рафт барбод.

 («Паҳно»).

Ва:    

 Ҳама даври замон дар «Шашмақом» аст,

  Ҷаҳони тоҷикон дар «Шашмақом» аст.

  Магир осон баму зери навояш,

 Замину осмон дар «Шашмақом» аст.

 («Паҳно»).

Ва:    

 Душанбе тахти Сино шуд муборак,

 Зи нав манзури дунё шуд муборак.

 Агарчанде дилам доғи Бухорост,

 Душанбе ҳам Бухоро шуд муборак.

 («Паҳно»).

Ва:    

 Баҳори зиндагӣ ҳаргиз намирад,

 Диёри кӯдакӣ ҳаргиз намирад.

 Замони Рӯдакӣ бигзашту тай шуд,

 Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад.

 («Паҳно»).

Махсусияти ғазалиёти Гулназар баҳси хоссае металабад. Ҳоло гуфтан кифоя аст, ки сабки офаринишии ӯ дар ғазал аз дигар шоирони ғазалсаро фарқ мекунад.

Камолоти шоирии Гулназар ба солҳои 90–уми асри ХХ ва оғози қарни ХХ1 рост меояд. Дар ин бора китобҳои ӯ «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Шуълаи барқади сӯзони малоҳат» (2002) ва «Фасли оғоз» (2005) шаҳодат медиҳанд.

Гулназар ҳоло дар шеъру шоирӣ ба сарҳадде расидааст, ки ба гуфтани шеър дар ҳамаи сабку равиш ва навъҳои адабӣ қодир аст. Хусусияти тозаи ин марҳала дар эҷодиёти шоир он аст, ки ӯ ба гуфтани шеъри тасвирӣ (ҳисомезӣ) таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир менамояд ва ин шеваи шоириро аз худ менамояд ва идома медиҳад. Дастовардҳои ӯ дар ин замина назаррасанд. Ӯ дар ин ҷода пайравон ҳам дорад, монанди Фарзона, Доро Наҷот, Ховар, Суруш ва дигарон.

Мутолиаи навиштаҳои Гулназар дар тӯли беш аз чиҳил сол (шеърҳои нахустинаш таърихи 1963–ро доранд) нишон медиҳад, ки ин шоир тамоми умри хешро дар шоирӣ сарфи ҷустуҷӯёи сабку равия, воситаҳои тасвири муносиб барои гуфтани шеъри нағзи дархӯри даврони хеш намудааст. Вай қолабҳои шеъри муосир, шеъри нав, шеъри суннатӣ (ғазалу рубоиву дубайтиву қитъа, таркиббанду тарҷеъбанд, мустазод), хусравониҳо, шеъри тасвирӣ, шеъри кӯдакро имтиҳон кардааст ва дар ҳамаи онҳо намунаҳои хубе гуфтааст.

Соли 1991 ба шарофати ҷашни шоири бузург Хоҷӯи Кирмонӣ дар Кирмон дар оташхонаи зардуштиён нигаҳбони оташро дидам ва донистам, ки маҳз ба шарофати ин нигаҳбонон аст, ки оташи муқаддаси Зардушт дар тӯли беш аз 2700 сол то замони мо фурӯзон боқӣ мондааст.

Дар асри ХХ нигаҳбонии оташи шеъри тоҷиконро устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, МирзоТурсунзода, Мӯмин Қаноат ва Лоиқ мекарданд. Имрӯз рисолати нигаҳбонии оташ аз ҷумла ба зимаи Гулназар афтодааст. Имони комил дорем, ки ӯ ин рисолати адабӣ ва миллии худро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад намуд.

Абдунабӣ Сатторзода, профессор.

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.

Барчаспҳо: