Аз гузашта ва имрӯзи фестивали “«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон»

 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», фестивале, ки аз соли 1944 арзи ҳастӣ дорад, имрӯз, 2 апрел оғоз градид.  Ин ид бо ташаббуси нависандаи рус Лев Кассил  арзи ҳастӣ намуда, то пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи он бо навбат таҷлил мегашт.  Тавассути баргузории  ин фестивали фархунда робитаи эҷодкорони дохиливу хориҷӣ мустаҳкам ва китобҳои наву тоза тарғиб мегардид, кўдакону наврасон ба китобхониву китобхона ҷалб мегардиданд.

 Дигаргуниҳои сиёсиву таърихӣ боис шуд, ки муддате ин ид фаромўш шуд ва миёни аҳли калом, миёни адибон фосила бунёд кард. Аз ҷумла хотири адибони тоҷик, ки зимни баргузории ин иди мутантан бо осори нави ҳамқаламони бурунмарзии хеш ошно мегардиданд, мушавваш  гардид.

 Пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳои бародар роҳ кушод ва Тоҷикистони ҷавону ҳамешасабзи мо номи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявиро гирифт.

 Дар ин асно шоирони маҳбуби миллат Наримон Бақозода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Латофат Кенҷаева, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷўра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон ба ноҳияҳои кишвар  сафар карда, вохўрӣ ва сўҳбатҳои хотирмон доир менамуданд, вале ҳанўз фестивал ба фаъолияти аслии хеш шурўъ накарда буд.

 Соли 2003 бо ташаббуси шоири дўстдоштаи бачаҳо Наримон Бақозода дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар собиқ роҳбари он Ғуломзода Қурбон (АвҒонов Қурбон) ин фестивалро бо номи Фестивали «Китоб ва мусиқӣ» аз нав эҳё намуд.

 Пас аз чанд сол фестивал боз тағйири ном кард - Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» ва чун моҳе аз паси абр раҳохўрда аз нав мунаввар шуд дар саросари Тоҷикистони офтобӣ.

 Тавассути ин фестивал он падидаҳои соҳибзавқу соҳибистеъдоде пайдо шуданд, ки бо умед ҳар якеро ояндасозӣ ин миллати соҳибтамаддун ва ин кишвари биҳиштосо метавон арзёбӣ кард.

 Ҳамасола фестивали мазкур тўли як ҳафта дар саросари кишвар бо як шукўҳу шоҳомоти  хоса таҷлил мегашт ва ба як иди мутантан, ба иди ҳақиқии китоб табдил ёфт. Соли 2019 Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ...» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» ба ин  иди китоб нури нав зам кард.

Иқтибос аз китоби “Тараннумгари сухан”.

Барчаспҳо: