Китобе, ки бояд ҳама бихонанд

Асари адиби номии Булғористон, мутарҷим ва пажӯҳишгари “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Йордан Милев “Диёри домани гардун” ҳосили таассурот ва бардоштҳои маънавии ӯ аз як сафар ба Тоҷикистон мебошад.

   Назари фарох, умқи дониш ва муҳаббату самимияти нигорандаи асар нисбат ба таъриху фарҳанг, ҷаззобиятҳои табиӣ, урфу одат ва мардуми ин сарзамин, ки дар сатр-сатри ин китоб эҳсос мешавад, онро ба меҳрномае табдил кардааст, ки то ҷое “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатовро ба ёд меорад. Бо ин тафовут, ки жарфо ва паҳнои маводи ин китоб ба фазли таъриху фарҳанги пурбору ғании миллии тоҷикӣ дурахши баланде бар он афзудааст.

   Ҳамчунин ба воситаи ин китоб мо симои шахсиятҳои бузурги таърих ва адаби миллати худро аз зовияи диди намояндаи халқи дигар ба сурати ҷаззоб мушоҳида менамоем.

   Тарҷумаи устодонаи “Диёри домани гардун” ба қалами шоири тавоно Лоиқ Шералӣ имтиёзи дигаре бар он бахшида, намунаи насри салису фасеҳи шоиронаро ба хонанда пешкаш намудааст.

   Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дубора рӯй овардани мо ба ин асар, ки дар айни ҳол камёб аст, бори дигар ба мо итминон мебахшад, ки фарҳанг ва сарзамини тоҷикон ганҷҳои бузурги моддиву маънавии қобили армуғон овардан барои ҷаҳониён, хусусан соҳибназаронро дар хазонаҳои қадиму ҷадиди худ дорад.

 

                                                                                                                                                                               Йордан МИЛЕВ

ДИЁРИ ДОМАНИ ГАРДУН

ОДАМОНИ ШОҲНОМ

Ман эҳсос кардам ва ман тааққул намудам ва ман коре кардам

Ибни Сино

ДИЛИ БУЗУРГ

   Як чашм задам Помирро дидам. Ӯ сари зону нишаста аз панҷчашмаи Искандаркӯл– кӯли Искандари Румӣ об мехӯрд. Дар қаъри кӯл – акси қуллаҳои силсилаи кӯҳи Ҳисор падидор аст. Давроншо сӯи ман хам шуда мегӯяд:

– То реша дар об аст, умеди самар аз ӯст.

   Бале, ин ҳикмати халқ аст, ки онро лашкаркаши бузург Искандари Зулқарнайн низ шунидааст. Ҳамин офтоб низ ӯро гарм кардааст. Ва оби ин кӯл ҳам албатта чунин сард буд, ки лоақал лаҳзае метавонист ташнагии ишғоли кишварҳои нав ва андӯхтани ёқути Ҳиндустонро дар нафси ӯ бишканад. Он вақт ёқути Ҳиндустон номи дигаре дошт – лаъли Бадахшон.

   Лоиқ Шералӣ андарзи Саъдиро ёд меорад:

   Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Ҳар кӣ меҳнати ғарқ шудан начашида бошад, қадри саломати киштӣ намедонад. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

   Хостам аз «Гулистон»–и бехазон андарзи дигаре биёварам: «На гӯшвор хоҳаму на дарди гӯш», вале ман аллакай ба аршаи киштӣ баромада будам. Игор сари суккон нишастааст, об мавҷ мезанад, акси шукӯҳманди қуллаҳо дар об нопадид мешавад.

   Ман хаёл мекардам, ки аввал ба Ҷиргатол рафтан ва бо бачагони Саринай саломуалейк кардан лозим буд:

– Салом, бачагон!

   Онҳо саломи маро шунида, ҷавоб мегуфтанд:

– Ваалейкум ассалом!

   Ва ман ин ҷавобро пеши худ чунин тарҷума мекардам: «Саломат бош, эй меҳмон, хуш омадӣ!»

   Номи шаҳрҳои дигар дар гӯши ман мисли зангӯла садо медиҳад: Кӯлоб, Қурғонтеппа; Панҷакат. Забони тоҷикӣ хушсадост. Бохтариён ва суғдиён онро мисли алмоси Кӯҳи Лаъл сайқал додаанд.

   Баъдтар шоирон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва амсоли онҳо ба арсаи эҷод омаданд, то ба оҳанги барбату уд, чангу дутор, карнаю сурнай, дафу най, танбӯру рубоб хушсадотараш кунанд.

...Ман аллакай рӯи ҳавопаймо нишастаам. Бист сол пеш барои аз Душанбе ба Xopyғ расидан тобистон панҷ шаборӯз, зимистон ҳафтаҳои дарози тоқатфарсо роҳ паймудан лозим мешуд. Ва он ҳам агар ба қаъри рӯди Панҷ фурӯ наравӣ.

   Аммо имрӯз? Ҳавопаймои мӯъҷизаосои ЯК–40. Менишинам, камарбандро мебандам. Аз чап – Муъминшо, аз рост – Давроншо. Шоир ва файласуф. Аввалӣ воқеотро бо дил, дуюмӣ бо ақл эҳсос мекунанд. Ҳар ду болобаланд, гандумрӯ. Ман онҳоро бадахшонӣ мехонам, ҳарчанд зодгоҳи дуввумӣ на Бадахшон аст.

   Аз пеш Орҷоникидзеобод намудор шуд, каме дуртару чаптар – Файзобод; шаҳрҳое, ки дар пойгаҳи водии Қаротегин воқеъ шудаанд. Дар самти рост – баҳри Норак ва рӯди Вахш. Варғи рехтаи обгир даҳанаи дараи Гулӯзиндонакро бастааст. Варғ ҳанӯз баланд нест, вале ман медонам, ки вай рӯзорӯз то сесад метр баланд хоҳад шуд ва аз ҳама варғҳои ҳамнавъи худ баландтар хоҳад буд.

   Аз болои қаторкӯҳи Вахш парвоз дорем. Чарогоҳҳои баландкӯҳ дар байни харсангҳо тарҳи худро гум мекунанд, аз дур деҳаи Муъминобод намоён мешавад. Ба Муъмин Қаноат бехгӯшӣ мегӯям:

– Ту хушбахтӣ, ки дар сарзиндагӣ як деҳа номи туро дорад, аммо ба Давроншо чӣ мегӯем?

– Faм нахӯред, дар Помир ҷойҳои нопаймуда ва ноозмуда бисёранд. Яке қуллаи пойнорас меҷӯяд, дигаре орзуи лаъл дорад. Бигзор ҳар кас роҳу мароми худро ёбад ва ба кӯи мурод бирасад.    Чунон ки Носири Хисрав фармуда: «Ҷӯянда – ёбанда бувад». Наслҳои оянда дарёфти пешиниёнро мешиносанд ва ҳар касро ба қадри хидматаш тақдир мекунанд.

   Аз болои силсилакӯҳи Ҳазрати Шоҳ парвоз мекунем. Ман ишора кардам, ки Шоҳ Ҳазрат ҳам чандон одами нодон набудааст. Ақаллан дар як силсилакӯҳ номи худро гузоштааст.

   Муъминшо ҷавоб дод:

– Бубинед, бубинед, Қалъаи Хумб...

   Ман аз шишаи мудаввари ҳавопаймо нигоҳ кардам: дар нишеби ҷануби кӯҳдомана, дар лаби рӯди барқафшони Панҷ шаҳраке – гӯӣ корвоне дар кӯҳи бузурге часпидааст. Дар тарафи муқобил – Бадахшони Афғонистон, ҳамчунон Бадахшони тоҷик – кӯҳпора. Дусад хона пушти ҳам дар рӯи замин пойдоранд – гӯӣ мурғи бузурги сурхфоме аз қуллаи фарозтарине афтода бошад. Риштаи борики роҳи Душанбе аз шафат хонаҳо, аз канораи шарқии шаҳрак гузашта сӯи Хоруғ давом мекунад.

– Ин шаҳри дилписанди ман аст, – давом кард Муъминшоҳ, – ман онро шаҳри дилбанди худ медонам. Онсӯтар.. зодгоҳи ман Курговат...

   Ман боз аз шиша нигоҳ кардам, Дар пои кӯҳе чанд хонавор яке намоён шуду боз аз дида панаҳ шуд , боз ҳамчунин чанд хонавори дигар... Ман натавонистам дарзамон ҳамаро бубинам, аммо гуфтам, ки дидам ва ин деҳа зеботарин деҳаи рӯи замин аст.

   Муъминшо лабханд кард.

– Вақте ки ман дар Алтимир будам, деҳаи ту низ дар назарам аҷибтарин деҳаи дунё намуд. Он гоҳ ман ба дил гуфтам: «Бесабаб нест, ки Ботев маҳз аз миёни деҳаи ман гузашта ба сӯи Қуллаи охирин рафт».

– Maн ба ту аз ростӣ гуфтам, ки Курговат зебост, – такрор кардам ман ва боз аз шиша нигаристам, ки кӯҳҳои урёни Помир намудор буданд. Курговат дигар наменамуд. Қуллаи Хамтарға намудор шуд. Давроншо харитаеро кушода, арз кард, ки баландии ин қулла 4484 метр аст. Лозури сари ин қулла кулоҳи сафеди бачамарди қирғизро ба ёд меорад.

– Басо дар наврасӣ орзуи ба ин қулла баромадан доштам, – арз кард Муъминшо, – вале вақт ҳеҷ даст намедод. Ба Душанбе, ба водии Ҳисор ба назди мардум рафтам. Аммо кӯҳҳо дар дили ман боқӣ монданд.

   Аз самти чап қаторкӯҳи Дарвоз ва поинтар аз самти рост шаҳраки Ванҷ намудор шуд. Куҷое дар дуриҳо гармо худро ақиб кашид ва ман дар умри сарам бори аввал манзараи зеботарин ва қуллаи баландтарин – пики Коммунизмро дидам.

– Ҳафт ҳазору чаҳорсаду навадупанҷ, – арз кард Давроншо ва боз илова кард: “Баландтарин қуллаи Иттиҳоди Шӯравӣ”.

   Ман аз натуралисти бистуҳафтсола Александр Федченко ёд овардам, ки тобистони соли 1871 аз Қӯқанд, аз водии Фарғона ба шохаи шарқии силсилакӯҳи Туркистон гузашта аст. Отряди савораи камшумори ӯ ба самти шимолии доманаи қаторкӯҳи Олой расид, аз он гузашт ва дар даҳанаи Помир, дар пои қаторкӯҳи азамати Пуштиолой қарор гирифт. Дигар коре карда натавонист. Аммо номи ӯ дар ғурури қуллаҳо ва олами барфистони зери боли ҳавопаймои мо ҷовидона сабт аст. Ҳар кадоме аз сӣ мусофири ҳавопаймои мо зери лаб мегӯяд:

– Кашоляхи Федченко... Пиряхи Федченко.

Кашоляхи Федченко

   Ин кашоляхи сафеду шукӯҳманд дар зери боли ҳавопаймои мо доман густурдааст. Гӯё кӯли яхбастае, аз сармо рангпаридае моварои қаторкӯҳи Дарвозу Ванҷ ва Танамаси Шимолӣ паноҳ ҷустааст. Аз дур чандон бузург наменамояд, вале ман медонам, ки тӯли ӯ – 71 километр, қаъраш то 550 метр аст.

   Ин дубби акбари яхин дар рӯи замин устувор аст ва чанд қатра ашки мусаффои ӯ бо оби дигар лозурҳо басандааст. ки чашмаву рӯдҳо ҷорӣ шаванд ва дар поин, дар водиҳо ба худ номҳои тобноки Панҷ, Сурхоб, Обихингоб, Вахш, Кофарниҳон дошта бошанд. Рӯдҳои начандон бузург, вале тунду ноором ба Омую Зарафшону Сирдарё даромехта, каме ром мешаванд.

   Боз як силсилакӯҳ – силсилакӯҳи Язғулом, баъд аз он дар канори шохоби Панҷ шаҳраки Рӯшон намудор шуд. Ҳоло мо аз Қалъаи Хумб муқобили ҷараёни Панҷ парвоз мекунем. Ин рӯди ноором печутоб мехӯрад, аз байни кӯҳҳову сахраҳо роҳ меёбад ва ногоҳ ба фарохно баромада паҳноб мешавад, бад-ин дастур миёни Афғонистону Тоҷикистон хати сарҳад мекашад. Ҳавопаймои мо то ба қуллаҳои осмонбӯс барнахӯрад, аз болои он соҳили Панҷ парвоз мекунад. Ба хаёлам, шартномае бояд бошад, ки мувофиқи он дар фазои ҳар ду соҳил парвози ҳавопаймо вайрон кардани муқаррароти сарҳадӣ ҳисоб нашавад, зеро Панҷ дар тӯли ҳазор километр ба бошандагони ҳар ду соҳил якзайл сахӣ ва одил аст. Ва хусусан, ки забони тоҷикону афғонҳо як аст – форсист. Ё саҳеҳтараш, забони ин халқҳо билфарзи тафриқаи андаки шеваҳо, ки дар арзи солиёни дароз сурат гирифта, бисёр наздик аст. Ончунон ки рӯд аз панҷ рӯдак об мегирад, мардумони ин диёр ҳам ғажгов поидаву аз лаъл худро оро додаанд то ба ҷое, ки шоҳу лашкаркашон пайдо шудаанд, лаълу лоҷварди Бадахшонро рабудаанд, ки имрӯз дар таҳхонаҳои тираи осорхонаи Лондон ё хазинаи шоҳи Эрон маҳфузанд.

   Ман дидам, ки чӣ сон рӯдаки Бартанг ба Панҷ мерезад. Аз ду паҳлӯи ҳавопаймо қуллаҳо ба фазо теғ мекашанд. ЯК-40 аз болои рӯд, миёни такоб дар баландии чаҳор ҳазор метр парвоз мекунад, дар фосилаи ду километр аз чапу рост кӯҳ аз пушти кӯҳ меояд. Ман намедонам ин кӯҳҳоро чи хел кӯҳ гуфтан мумкин бошад, ки аз кӯҳи Рил ду баробар баланданд. Аммо ин ҷо Помир аст ва қонуни андозаи хоса дорад... Ин ҷо пики Коммунизм қуллаи баландтарин ҳисоб шудааст. Ба сӯи ин қулла сеюним миллион мардуми Тоҷикистон; мардумони республикаҳои Осиёи Миёна, ҳама мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ чашми умед дӯхтаанд. Ин қулларо Ленин Октябри соли 1917 чунин ном ниҳод... Рӯз аз рӯз Помир таваҷҷӯҳи миллион ва миллиардҳо одамони рӯи заминро ба худ мекашад. Ман қуллаҳои бисёре дидаам, аммо ин қулла, ки дар назарам тобон аст, ягона ва беназир аст. Шукӯҳи ӯ ҳоло ҳам дар хаёли ман аст, шабҳо дар хобам ӯро мебинам, ёди ӯ ҳама ҳузну андӯҳро мезудояд.

   Саъдии бузург фармуда: мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ки аттор бигӯяд. Доно чу таблаи аттор аст: хамӯшу ҳунарнамой ва нодон чу табли ғозӣ баландовозу миёнтиҳӣ.

   Шоири миллии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои ман аз Саломат Ҷаҳонгирова, аз нахустин тоҷикдухтаре, ки чодар аз cap афкандааст, ҳикоят кард. Инқилоб ба Осиёи Миёна ҳам омад, парчами аҳмар дар Душанбе парафшон шуд. Саломат низ оташе барафрӯхт ва дар майдони рустоқи на он қадар калон чодарашро сӯхт, ки аз паси он офтобро намедид, дар кӯчаҳо озод намегашт, дами дарвоза баромадан ё лаби дарё барои об рафтанаш намегузошт.

   Чодар бар оташ андохт; мушти хокистарашро ҷамъ кард, рӯи дастонаш бардошт ва боди афғон – шамоли кишвари ҳамҷавор ин мушти хокистарро ба сарзаминҳои ҳамсоя ҳамчун файзи инқилоб парешон сохт.

   Дар арзи асрҳо дар ин ҷойҳо корвонҳо истод мекарданд. Зеро аз ин ҷо замоне байни Чину Осиёи васату Аврупо шоҳроҳи абрешим тӯл кашида буд, роҳи лаъл то Бағдоду Димишқу Қоҳира расида буд. Дар кафи Саломат аз хокистари чодар гарде ҳам боқӣ намонд. Аммо дар дили худ эҳсоси тозае пайдо карда буд, дар замираш орзуи сафар ҷӯш мезад, аммо на орзуи сафари Макка, ки аз он падараш мисли бисёр ҳамдиёронаш бо унвони Ҳоҷӣ Ҷаҳонгир баргашт, балки орзуи сафари Маскав. Ӯ дидори Ленинро орзу дошт.

   Духтари сиёҳчашми бадахшонӣ бо рӯйҳои шамолхӯрдаву чашмони чун ангури сиёҳ хаёли ҳаҷҷи акбари Маскав дошт. Қатора омода буд. Маскав барои ӯ ҷаҳони нодида ва ношинос буд. Саломат чанд рӯз аз ҳаҷҷи акбар дер монд. Замоне вориди Кремл шуд, ки Ленин дар тобут мехобид. Саломат дар радаи посбонони ифтихорӣ соате шах шуд, ашке надошт, ки гиря кунад. Аммо ба дил савганд ёд кард, ки мисли худ бисёр тоҷикдухтаронро илқои афкандани фаранҷӣ мекунад, ки дар баҳо баробари лаъли Бадахшонанд...

   Чанд сабки тарҷумаи осори ин ё он шоир вуҷуд дорад: тарҷумон шоири хуб аст, аммо забони асари асилро намедонанд, ё забони аслро медонад, вале на ҳамтои муаллиф; ё метавонад чунон тарҷума кунад, ки тарҷумааш мисли асари аслӣ арзи баҳо кунад.

   Дар ҷашни 550-умин солгарди зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ ба тарҷумони шинохтаи осори ӯ мукофот доданд, Шомгоҳ, вақте ки мо танҳо ба танҳо мондем, ман ӯро ба мукофоти арзанда табрик гуфта, зикр гардам, ки ӯ тарҷумони тамомдаст аст, аммо ӯ миёни суханро шикаст:

– Намедонам то куҷо тарҷумони мумтоз ҳастам, аммо медонам, ки ман яке аз мусиқинавозони пypғайратам.

   Ман натавонистам ҷавобаш гӯям.

– Ман ба ин кор шурӯъ кардам ва даст ёфтам, ки оҳанги барои най офаридаро бо камонча ифо кунам.

   Бале, зери бори ин гуфтор ман бо Мирзо Турсунзода, Муъминшо, Давроншо ва Лоиқ Шералӣ ба Симиганҷ, ба диёри шоири кӯдакон ва раиси шӯрои деҳ Нуъмон Розиқ сафар кардем.

– Нуъмон рӯзи тамом кор мекунад, – арз кард Мирзо Турсунзода, – ва агар шаб фурсате ёбад, барои кӯдакон шеър менависад, шеърҳое, ки мисли муаллиф соддаву покизаанд. Коргоҳи ӯ – шӯрои ҷамоа, мавзӯъаш – орзую омоли ҳамдеҳон.

   Болои суфаи миёни ҳавлӣ нишастаем. Табақи сафолии сохти Ҳисор пур аз мурӯду себи сурх. Чои сабз ҳам оварданд; навбати нӯшбод омад.

   Мо Мирзо Турсунзодаро мисли сипаҳсолор миёна гирифтем, ҳар кадоме аз мо мехост ба ӯ ҳарфи хушоянде бигӯяд. Шеърҳое ҳам дар ситоиши ӯ шунидам, ки мисли он «мусиқинавози пурғайрат» хаёлан барои худ тарҷума мекардам. Пас аз ҳар шеъру нӯшбод ӯ як ифодаро такрор мекард:

– Ман дилзада шудам!

   Ман низ бархостам. Нӯшбоде барои Мирзо Турсунзода гуфтам, ӯро маликушшуаро хондам, чунон ки Рӯдакиро Одамушшуаро хонда буданд. Маликушшуарои дарбори Султон Маҳмуд Ҳаким Унсурӣ буд, аммо маликушшуарои замони мо Мирзо Турсунзода аст, – гуфтам ман.

– Дилзада шудам!

   Таъкид кардам, ки ашъори ӯро булғориён мехонанд, дар мо бисёр шӯҳрат дорад. Аммо ӯ боз такрор кард:

– Дилзада шудам.

   Мо боз ҳам ӯро ситоиш мекардем. Охируламр ӯ сабр накард ва гуфт:

– Ростиро, дилзада шудам аз он, ки дӯстони азиз, қубҳи маро ба ҷои ҳусн баҳо медиҳанд.

   Мо ҳама ба якдигар нигоҳ кардем, надонистем чӣ гӯем.

   Ӯ давом кард:

– Саъдии бузург мефармояд: «Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад- он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд». Ё худ: «Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чӣ монад?». Гуфт: «Ба занбӯри беасал!».

   Муъминшо бархост ва гуфт:

– Ба Симиганҷ бояд рафт.

– Чист он ҷо?

–Дар номи ин деҳа ганҷинае ҳаст.

   Ман маънои ин ҳикматро нафаҳмидам, аммо ба мошин нишастам ва мо роҳи пурхоки деҳа ду-се боғистонро гузашта, ба манзиле расидем, ки дар сояи дарахтони сершоху барг суфае менамуд. Дуртар се чанори мисли қуллаҳои Помир баланду тановар намоён буд. Чанори миёна аз ҳама баланд ва зебо метофт . Муъминшо умри ӯро панҷсад сол тахмин кард.

– Аммо ҳанӯз ҷавон! – гуфт Мирзо Турсунзода. Дар пои чанорҳо чашмае буд. Ман аз он як каф оби софу сард гирифтам ва мисли оби Искандаркӯл бо камоли иштиёқ хӯрдам.

   Мо рӯи суфаи бригади деҳа нишастем. Бригадири тоқипӯшу мӯйлабдор алав гиронданӣ шуд, чанд зан обу таом меоварданд; аз нони гарм як бӯи ғайбӣ ба димоғ мерасид.

   Ман ба чанори азамат нигоҳ мекардам, аз бозуи қавии шохсоронаш ҳавасам меомад, ба дил мегуфтам, ки ман низ дар ватани худ бояд чанори зебое бинишонам, ки баъд аз панҷсад сол каси дигар, чунон ки ман ҳоли ҳозир ин дарахти азимро дида истодаам, чанори маро дида орзуи шинондани чунин дарахти мӯъҷизаосо кунад.

   Бригадир алав гиронд ва дид, ки ман маҳви тамошои чанор ҳастам, ба форсӣ гуфт:

– Зери боли ин шохсорони дерсол бисёр шоҳону паричеҳрагон дам задаанд, хонҳо қалён кашидаанд; ҳокимон ба cap дастор печонидаанд... Аммо ҳозир ин ҷо суфаи бригадаи мост.

   Ӯ боз ба оташ хушкае партофт; пуф кард, бо тунукапорае бод дод, гӯё ба оташ гуфт: бисӯз, бисӯз, ҷӯра, то чой ҷӯшаду палав пазад... Ҳафт шоир дар як маснад нишастаанд, ҳол он ки ду шоҳ дар як мулк намеғунчанд.

–Бригадир одами боақл аст, – оҳиста гуфтам ба Муъминшо. Бригадир такаллуфи маро шунида рӯ ҷониби оташ гуфт:

–Ақл чизи хуб аст, аммо кампайдост.

   Мева оварданд. Пеши хар кас чумчаи урфӣ гузоштанд. Дар ин лаҳза Мирзо Турсунзода гуфт:

– Ин ҳам умри чанор аст.

   Боз ҳам сӯҳбат аз чанор шурӯъ шуд, фарзу яқинҳо рафт, ки оё ҳақиқатан онҳо панҷсадсолаанд ва басо шоҳону ҳакимонро дидаву паси cap кардаанд ё на. Шохҳояшон сӯи само даст ёзонда, дар бехи решаашон чашма ҷӯш мезанад. Решаҳояшон заминро шикофта аст, чашма cap задааст, бинобар онҳо пояндаанд.

– Намедонед, чаро чанор ин қадар умрдароз аст? – пурсид Мирзо Турсунзода.

– Чаро? – пурсидем мо ҳама.

– Барои он ки ба қаъри замин амиқ реша меронад. – Шоири халқӣ як дам чои гарм нӯшид. Мо ҳам чой менӯшидем ва давоми сухани шоирро интизор будем. – Шохи чанор ҳар қадар сӯи осмон баланд равад, решаи ӯ он қадар ба қаъри замин фурӯ мешавад. Бад-ин минвол мувозинате ба амал меояд, ки бе он зиндагии поянда номумкин аст.

...Ман ба паҳлӯ нигоҳ, кардам. Гулрухсор нишастааст. Ӯ шоираи водии Қаротегин аст, номаш аз гул таркиб ёфтааст. Ҷавон аст, мисли духтарони форсӣ зебост, осори Саъдиро хуб медонад. Ӯ аз Саъдӣ хондааст ва медонад, ки «Гули бӯстонро бақое ва аҳди гулистонро вафое набошад ва ҳукамо гуфтаанд: хар чӣ напояд, дилбастагиро нашояд».

   Бинобар ин Гулрухсор саъй дорад, ки дар сатрҳояш эҳсосоти ҷовидонии инсонро таҷассум созад, аз осмони зодгоҳи худ Яхч ба шеър рангрезӣ кунад, дар бӯстони сухан лоақал барге аз ҷавонии мудоми чанор дошта бошад.

   Баъди дидори Симиганҷ ман аз ӯ китобе тӯҳфа гирифтам. Муқоваашро кушодам ва хондам: «Мо, шоирони Тоҷикистон, дар авроқи «Роҳи Каҳкашон» анҷуман кардаем, ин китоб на тазкира ва на маҷмӯаи ашъори барчида аст. Ин як китоби муқаррарист, ки дар он шоирони наслҳо ва сабкҳои гуногун ҷамъ омадаанд ва ин як ҳодисаи ҳаррӯзаи рӯзгори назми мост. Мо мехоҳем дар ин китоб имрӯзи назми тоҷикро чунон ки ҳаст, нишон диҳем. Касе махсус барои ин маҷмӯа шеър иншо накардааст, балки аз навиштаҳои ду-се соли охир намунаҳо овардааст.

   Ситорахои назми точик – аз публитсистикаи баланд то ашъори ошиқона, ситораҳои фарди шоирон дар роҳи ҷустуҷӯ ва илҳом ба ин китоб унвони осмонӣ додаанд. Як пора роҳи Каҳкашонро, ки мо дар ин китоб овардаем, аз замони Рӯдакӣ ва Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз шурӯъ шуда, давоми он бо шафоати Маяковский ва Айнӣ ба мо мерос расидааст ва ин роҳ ҳамеша аз оташи дилҳои ҷавон нуронӣ хоҳад буд.

Роҳи Каҳкашони мо – ин роҳи талошҳо барои бахти инсон, барои бунёди ҷамьияти дилхоҳ – коммунизм аст.

Мо «Роҳи Каҳкашон»-ро бо орзуи дидори ситораҳои нав, ки фардо кашф мешаванд, бо умеди шеъру достонҳои тоза, ки иншо хоҳанд шуд, oғоз мекунем.

Дӯсти мо, дар ашъору дар рӯзгор, ба шумо роҳи ситорабор орзу дорем!

“Роҳат ситорабор бод, эй хонандаи мо, ки сахтгириву қадри сухани шоирро медонӣ ва аз ӯ самимияти дилҳо ва ҳақиқати бузурги иисонӣ умедворӣ».

Дар поини катибаи пешкаш Гулрухсор бо қалами нилӣ навиштааст: «Дар ин маҷмӯа дили бузурги Тоҷикистони хурд ғунҷидааст. Бо таваҷҷуҳ набзи варо гӯш кун».

Дар Боми Ҷаҳон

   Як роҳи ҳавоии аҷибе ҳаст, ки аз ҳама беш дӯсташ медорам: Домодедово – Душанбе. Рейси 631. Шом ба ҳавопаймо савор мешавӣ. Бо Маскав хайрухуш мегӯӣ. Рӯи ҳавопаймо китоб мехонӣ ё хобҳои осмонӣ мебинӣ ва ногоҳ чашм боз мекунӣ, ки дар зери болҳои ҳавопаймои ту ағбаи Анзоб худнамоӣ мекунад. Як турраи сафед қаторкӯҳро бурида ба ҳамвории водии Зарафшон нишеб мешавад, баъд зери шоҳболи ҳавопаймо соҳати водии Ҳисор доман мегустурад, ки оҳиста-оҳиста тарҳи Душанбе, дуди симонзавод, бинои комбинати бофандагӣ, аэропорти пури «ЯК»-у «Занбӯрон»-и сӯи лозурҳову дараҳои кӯҳистон омодаи парвозро мебинӣ.

Ба Помир.

   Ман ба кишварҳои ҷаҳои сайру сафари дигар ҳам доштам, рӯи баҳру уқёнусу ҷазираҳо парвоз кардаам. Аммо ин парвоз барои ман бисёр азиз ва хотираангез аст, зеро ихлосу иродати маро ба назми форсӣ қавӣ сохт, ба назми бузургу пурхирад, ба халқе, ки чунин шоиронро барои бани башар офаридааст.

   Бори аввал ба Душанбе аз Тошканд парвоз кардам. Рӯзҳои ҷашни 550-умин солгарди Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Ман на барои иштирок ба ҷашни ин шоири мутафаккир омада будам, аммо аз аэропорт якрост рӯи саҳнаи кинотеатри «Ҷомӣ» баромадам ва ҳатто аз ину он, ки дар хоб надидаам, қариб суханронӣ ҳам карда будам.

–Боке нест, боке нест,— маро тасаллӣ медоданд он вақт. Боке нест, ки ба ҷашни мо омодагие надоштӣ. Ғайримунтазира таассуроти носутурдание мебарӣ ва ҳикоят мекунӣ. Ҳикояти ҷашн – ними ҷашн аст.

– Ман охир хеле ҷавон ҳастам,— хиҷолатмандона худро ҷонибдорӣ кардам, куҷо нигаристам, ҳама уламо ва чунон ришҳое....

   Касе боз маро дил дод:

– Медонӣ, қадри одам на ба риш аст, зеро буз ҳам риш дорад...

   Солҳо гузаштанд; ман ба ҷаҳони адаби Умари Хайёму Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ғӯтавар шудам, дидам, ки чи сон «Панчатантра»-и қадими ҳиндувон ба «Калилаву Димна»-и Рӯдакӣ табдил шуда ва ҳайрон шудам, ки замоне дар Байнаннаҳрайн илму фарҳанг гул карда будааст ва одамон одамвор зиндагӣ мекардаанд. Ва дар айни ҳамон замон дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира ду халқи дигар – бохтариён ва суғдиён алам шуда будаанд. Суғдиёни афсонавӣ – Самарқанд маро ҷоду кард, чун гунбази нимшикастаи Бибихонумро дидам, шарфаи пои Темурлангро шунидам, бо ситораёби Улуғбек ба осмон нигоҳ кардам ва хостам фоли фардои худро аз зичи нуҷум дарёбам.

   Ба ман аламангез аст, ки Чингизхон ҳамаро хароб кард. Ман аз ҳуҷуми кӯчиёни биёбону дастнишондагони хилофати араб хуни дил мехӯрам. Вале бо ҳисси ифтихор дарёфтам, ки аз зери хокистари хунолуди сӯхтору кушторҳо дар асри IX зери шоҳболи Оли Сомон халқи тоҷик ташаккул ёфт, Бухороро ба пойтахти миллати оянда, ки то Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр басо ҷабру зулми хонҳову беку муллоёнро аз cap гузаронд, табдил дод.

   Фарҳанги ин халқи қаҳрамонавлод ба ман иқтидори рӯҳонӣ мебахшад, маро водор месозад, ки ба зебоӣ бовар кунам, рӯдро на аз рӯи ғавғояш, балки аз рӯи он шиносам, ки ба дасти одам ром шуда чи корҳоеро сомон медиҳад. Ин ҳама маро ба рӯзи оянда, ба офтобе, ки гармӣ мебахшад ва аз чанголи ҳама иштибоҳам, озод мекунад, мӯътақид месозад.

   Як дӯсти наздикам шиква кард, ки чӣ кор карданашро намедонад. Суол кард, ки оё метавонам барояш тадбире пайдо кунам?

– Метавонам! – гуфтам ба ҷид.

   Ӯ ҷон гирифт. Дар чашмонаш шарораи умед дурахшид.

–Бигӯй, бародар!

   Ман аз ҷузвдон «Рубоиёт»-и Умари Хайёмро баровардам ва хондам:

Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,

Ё бо санами лоларухи хандон хӯр.

Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз.

Кам-кам хӯру гаҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр.

   Дигар аз ӯ дарак надорам. Ҷомадони худро тахт кардам ва озими Домодедово шудам. Рейси 631. Ағбаи Анзоб, водии Ҳисор... Дар Душанбе аввали субҳи тирамоҳ маро Давроншо истиқбол кард ва рост ба чанористони хиёбони Ленин бурд. Бо Мирзо Турсунзода ва Муъминшо чошт хӯрдем. Гулрухсор ҳам расида омад. Давроншо ҳама созу барги хушдилиро дар чойхонаи саркушода омода сохт. Аз кишмиши сиёҳу сафед cap кардем, кишмиши сафед – барои хурсандӣ, сиёҳ барои чашмони сиёҳи нозаниндухтарони тоҷик.

   Касе ба ман ҳикоят мекард, ки агар кишмиши сиёҳро хушк кунанд, мавизи беҳтарини дунё ба ҳисоб мешавад. Ҳама чиз дилпазир буд. Ман хурсанд будам, ки боз ҳама дӯстонро даври дасторхон зиндаву саломат мебинам, онҳо ҳама табъи болида доштанд, бинобар ин сӯҳбат бо хушиву хурсандӣ мегузашт. Тоҷик чунин табиат дорад: бе хушгӯиву ҳикоёти латиф наметавонад лаҳзае бибошад, наметавонад чун кӯдак аз шодӣ нахандад.

   Суҳбат аз эҳтироми меҳмон, аз анъанаи қадими меҳмоннавозӣ, ки ба ҳар навъ хоси ҳар халқ аст, оғоз шуд. Қавмҳое ҳастанд, – гуфт яке, – ки агар меҳмон нахонда бошанд, ба сарфи таом даст намебаранд; боз мардуме ҳастанд, ки меҳмони тарбиятнадидаро зуҳуроти муқаррарӣ меҳисобанд.

   Барои ҳинду меҳмон аз гов азизтар аст, барои мардуми биёбон меҳмон аз уштур, балки аз уштур ҳам гиромитар аст.

   Ман ҳикоят кардам, ки бо Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода ва дигар адибон ба яке аз колхозҳои Дилварзин меҳмон шудем. Раиси колхоз дар хонааш набуд. Мо ҳанӯз дастамонро об нагирифта будем, ки баоси гӯсфанд баромад.

   Ман ба саҳни ҳавлӣ баромадам. Зердасти раис ғуче (қӯчқоре) бо шохҳои оҳуи австралӣ ба ҳоли зор баос мезад. Корд дар ҳалқаш метофт.

   Дилам танг шуд, ба ин гӯсфанди зебо раҳмам омад. Чанд рӯзро бе меҳмондориҳои пурдабдаба гузарондем, боз ҳам метавонистем бо чой, меваҷот ва нони гарми хушбӯи равғаниву кунҷитӣ қаноат кунем.

   Ман ба ҷон зоридам:

– Накушед! Дилам месӯзад, бисёр гӯсфанди зебост...

– Не! – қатъан гуфт раис, – Барои мо меҳмон аз гӯсфанд азизтар аст!

   Дӯстони ман ҳама хандиданд. Дидам, ки артисти халқӣ – қаҳрамони маҳбуби кинофилми «Тракторчиҳо» – Николай Крючков, ки он рӯзҳо дар кинои наве мегирифтандаш ва бо ман ҳамсояҳуҷраи меҳмонсаро буд, низ механдид.

   Аз миёни ҳозирон Муъминшо нахустин арзи ҷавоб кард:

–Шояд дар Ӯзбекистон чунин расм қоим бошад, аммо дар Тоҷикистон каме дигар – як меҳмон баробари сад гӯсфанд арҷ дорад!

   Ин ханда як моҳи тамом дар дили ман паст нашуд. Куҷое нарафтам, итминон ҳосил кардам, ки халқ бар қисмати худ ҳокимона ҳукмравоӣ мекунад ва даст ба даст бо роҳи бехатар равон аст.

   Мирзо Турсунзода ба сухан даромад.

– Саҳронишин чӣ донад дарё чӣ ҷӯш дорад?

– Ҳеҷ надонад! – ҷавоб додам бидуни мулоҳиза. Ин одат аз бобокалонам, ки бидуни андешаҳои дароз ба отряди Ботев ҳамроҳ шуда, бо роҳнамоии ӯ аз даштҳои деҳаи ман гузаштаанд, мерос мондааст.

– Бале, дуруст мегӯӣ! – сухани худро давом кард Мирзо Турсунзода.

– Барои ҳамин ҳам ту бояд ватани моро саросар бигардӣ. Ӯ чандон беканор нест, ҳамагӣ чил ҳазор километри мураббаъ. Олимон тахмин мекунанд, ки боз қариб ҳазор километри мураббаъ аз ҳисоби расмӣ берун аст, аммо мо, шоирон, онро барои меҳмононе мисли ту вогузоштаем. То ту худро аҷнабӣ напиндорӣ. Халқи мо мегӯяд: “Одами беватан – булбули бечаман”.

– Халқи мо ҳам мақоле шабеҳи ин дорад.

– Медонам. Ман дар Булғористон будаам, дар Димитровград шеърҳо хондаам... Лекин пеш аз он ки ба сафар бароӣ, бояд бо Ибодати мо – Ибодат Раҳимова сӯҳбат кунӣ.

   Пурсидам, ки ӯ кист ва чаро исми ӯро бори аввал мешунавам. Аз Саломат Ҷаҳонгирова, аз тоҷикдухтаре, ки нахустин бор фаранҷӣ бар оташ афканд, ҳикоят кардед аммо аз Ибодат..

– Сӯҳбат мекунӣ, мефаҳмӣ, – гуфт Мирзо Турсунзода. – Ӯ Ибодати мост.

   Дар кабинети котиби Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Ибодат Раҳимова нишастаам. Нигоҳи андешаманд, суханҳои бамаврид ва тамкине, ки ӯ дошт ва дар пиёла чой рехта ба мо дароз мекард, як зани кордида ва рӯзгордидаро вонамуд мекард, ки мувофиқи ин мақоли тоҷикист: «Кори як зан беҳтар аз гуфтори сад мард». Дар ин маврид Муъминшо ҳозир шуд, ки даҳ дақиқа дер карда буд. Ибодат Раҳимова ба ӯ нигоҳ кард ва гуфт:

–Шоирон ҳаққи таъхир доранд, аммо ҳаққи иншои бад надоранд.

   Муъминшо арз кард, ки қасди ӯ ҳам ин аст: иншо мекунад, аммо мебинад, ки шеър ҳанӯз устухон шах накардааст, ба дасти чоп намедиҳад, ба сандуқи шӯла меафканад.

   Ман ҳикоят кардам, ки аз боби республикаи Тоҷикистон бисёр китоб хондаам, аммо акнун, ки дар канори ӯ ҳастам, мехоҳам чанде аз шаҳру рустоҳояшро бубинам, дар Искандаркӯл оббозӣ кунам, аз рӯдаке об хӯрам, ки аз лозури Федченко сарчашма гирад; дар Ҷайҳун шино кунам, он сон ки Рустам дар авроқи «Шоҳнома» онро шино кардааст.

   Ӯ табассум кард ва шояд ман саргарми хоҳишҳои худ будам, ки гуфт:

– Ҳар чӣ шумо хондаед, мо аз ёд медонем! Ба ман чой дароз карданд, гарму хушбӯй мисли водии Ҳисор...

   Ором нишастаем, чой мехӯрем. Давроншо сӯи ман нигоҳ кард ва бо ишораи абрӯ гӯё ин қасдро гуфт: «Ҳайрон нашав, ин кас Ибодати мост».

– Шумо Бухороро дидед, шояд аз Инқилоби Бухоро (соли 1920) вақте ки полкҳои сурхи Бухоро ҳамроҳи ҷанговарони Армияи Сурх урдуи охирин амири Бухоро Саид Олимхонро аз кишвар ронданд. чизе медонед?

   Ман ҷуръае чойро фуру бурда, гуфтам, ки бале, ҳарамхонаи ӯро дар канораи Бухоро дидаам.

– Амир гурехт ва шашуми октябри соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро таъсис ёфт. Саид Олимхон дар Душанбе паноҳ ёфт. Аммо 21 феврали соли 1921 Душанбе ҳам аз дасти аскарони амир озод шуд. Амир ба Кӯлоб, пас ба Афғонистон фирор кард. Раҳораҳ бадкирдориҳои зиёде содир намуд... Солҳо гузаштанд ва ман қатори хама шоҳиди он будам, ки 16 октябри соли 1929 анҷумани савуми ғайринавбатии шӯрои Тоҷикистон декларатсияи таъсиси Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул кард ва Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба ҳайати Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дохил шуд.

   Муъминшо ба Ибодат Раҳимова «Тазкираи шуарои асри миёнаи Шарқ»-ро иишон дод, ки чанд сол пеш ман тарҷума кардаам.

   Ибодат Раҳимова ҳайрон нашуд.

–Ман ҳам аз ин китоб дорам, ба забони булғорӣ намефаҳмам, барои ҳамин асли тоҷикияшро мехонам.

   Ӯ аз шоирони бузурги халқи худ ҳикоятҳо карда, сухани худро давом кард:

– Ростиро, баъзан ақли кас намегирад, ки халқи қадими мо – офарандаи осори бузурги моддӣ – дар олами маънавӣ офарандаи чунин нобиғагони илму адаб ва афкори фалсафӣ мисли Рӯдакӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофиз, Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва дигарон панҷоҳ сол пеш қариб саросар бесавод будааст. Соли 1897 дар маъракаи саршумори аҳолӣ дар вилояти Хуҷанд ҳамагӣ навадупанҷ нафар маълумоти болотар аз миёна доштаанд, ки ним фоизи аҳолии онвақтаи вилоят будааст. Ва ин ним фоиз ҳам фарзандони савдогарон, дороён, мардуми рӯҳонӣ ва аҳли байти онон будаанд. Соли 1913 дар марзи Тоҷикистони имрӯза даҳ мактаби чорсинфа мавҷуд будааст, ки 369 толибилм ва 13 муаллим доштааст.

   Давроншо ва Муъминшо бо таваҷҷӯҳ суханони Ибодат Раҳимоваро гӯш мекарданд, чунон ки толибилм фармудаи омӯзгори худро гӯш кунад ва панди қадимро ёд меоварданд: «Такрор – масдари дониш». Ман дар дафтари худ қайду зикрҳо мекардам, онҳо чой мехӯрданд ва хотирнишон мекарданд, ки чои ман ҳам сард нашавад.

– Чойро дар гармияш бояд хӯрд, – таъкид кард Давроншо ва дар пиёлаи нимаи ман боз чойи гарм рехт. Ман аз ӯ миннатдорӣ кардам ва давоми сухани Ибодат Раҳимоваро гӯш додам.

– Имрӯз мо қариб се ҳазор дабистон: нӯҳ донишкада – Дорулфунуни давлатии ба номи В.И.Ленин, донишгоҳҳои политехники, тиббӣ, педагогӣ, кашоварзӣ дорем.

   Аз ҳар сад ҳазор аҳолии Тоҷикистон 153 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз бисёр мамолики Осиё зиёдтар аст, ҳатто бисёр кишварҳои Аврупо ба ин шумора нарасидаанд.

   Ибодат Раҳимова сухани худро орому батааннӣ, дар мизони хираду адаб баркашида, максҳо карда мегуфт ва чун пай бурд, ки мо се тан аз максҳои ӯ нигарони чизи тозае ҳастем, сухани худро давом кард:

– Аз он ки оҳиста-оҳиста ҳарф мезанам, ҳайрон нашавед. Ҳар кадоми мо бояд дар ҷое аз Бузургмеҳр тақлид кунад. Боре чанде аз хирадмандони ҳинду аз фазилатҳои Бузургмеҳр ёд карда, ба хулосае омадаанд, ки як нуқсон дорад: оҳиста мегӯяд ва муддатҳо андеша мекунад. Ин ҳолат ҳамсӯҳбатро водор месозад, ки пас аз нигаронӣ лоақал як ҳарфи тозае бишнавад. Чун Бузургмеҳр ин мушоҳидаи ононро донист, фармуд: «Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймон хӯрдан, ки чаро гуфтам».

   Ман дар дафтари худ зикр кардам, ки дар ҳудуди республика зимни вилояти Куҳистони Бадахшон ва ду вилояти дигари маъмуриву марзӣ – Ленинобод ва Кӯлоб – чил муассисаи тадқиқоти илмӣ вуҷуд дорад, ки ду ҳазор уламо кор мекунанд. Ворисони сазовори Ибни Сино ва Берунӣ, Умари Хайём ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ саъйи кашфи ситораҳои нав дар осмони кишвар, саъйи дарёфти маъданҳои тоза аз қаъри хоку дили кӯҳҳои диёр доранд. Нашриётҳои Тоҷикистон ҳар сол қариб ҳафтсад унвон китобро бо панҷ милён адад нашр мекунанд. Дар республика 61 нашрияи даврӣ ҳаст. Ними барориши матбуот ба забони тоҷикист.

   Маро санадҳо, рақамҳо ва номҳо ва ҳама он чӣ бори аввал дарёфтам, моту мабҳут карданд, ба ҷараёне афканданд, ки ба дарёи образҳои аҷибу афкори ғариб мебурд ва субҳ аз ман андозаи дигаре дархост мекард.

   Соли 1913 Тоҷикистон ҳамагӣ як бемористони чилката дошт, ки 19 пизишк ва 32 ходими тиб дошт. Маразҳои доманаву омоси чашм (чашмдард), вараҷа, вабову тоун ҷони ҳазоронро ба ҷонофарин месупурданд. Аммо ҳоло дар республика панҷ ҳазор пизишк ва 1670 ходими тиб кор мекунанд.

– Ман намедонам, – гуфт Ибодат Раҳимова аз мизи мо бархоста сари мизи худ нишаста, – оё ин рамз писанди шумо меафтад ё не. Ба хотири Помир Тоҷикистонро Боми Ҷаҳон мехонанд. Шумо, албатта, дар фазои ин бом парвоз мекунед ва бо чашми худ соҳати онро мебинед. Аммо ман чанд нуктаро хотирнишон мекунам. Трактори нахустин ба Тоҷикистон соли 1926 омад, ду сол пас мо ҳабдаҳ автомобил доштем, қатори аввалин ба вокзали Душанбе 10 сентябри соли 1929 омад... Аммо имрӯз? Комбинати Душанбе – яке аз даҳ комбинати муқтадири бофандагии мамлакат аст. Соле сад милён метр матоъ мебофад. Комбинатҳои шоҳибофии Ленинобод ва Душанбе соле чиҳилупанҷ милён метр матои шоҳӣ ба бозор мебароранд. Аз чор як қолини Иттиҳоди Шӯравӣ дар комбинати қолинбофии Қайроққум бофта мешавад, ки дар соҳили Баҳри тоҷик мақом дорад ва он ҷо шумо хоҳед рафт.

   Ман сӯи Боми Ҷаҳон сари сафар дорам. Оё ягон эродам ҳаст? На! Пешниҳод ё тағйири азм? На!

– Ин сӯҳбати мо маҷлиси расмӣ нест, – гуфт Ибодат Раҳимова, – шумо ба майли худ ҷое равед, ки дилатон мекашад, ҳатто ба ҷое, ки дигарон нарафтаанд.

   Муъминшо оҳиста гуфт:

– Сари кӯҳи Лаъл мебароем. Шояд Қӯҳи Нури дигаре пайдо кунем. Акнун ҳама бехавфу хатар аст, шоҳе нест, ки барои сари кӯҳ сари моро бигирад. Инқилоби Октябр моро аз ин варта раҳо кард.

   Ман сӯи ӯ рӯ овардам ва розӣ шудам, ки ҳамроҳ, дӯстона, паҳлӯи ҳам лаъли зиндагиро биҷӯем, ҳарчанд София аз Душанбе қариб панҷ ҳазор километр дур аст.

– Дар Тоҷикистон ҳар куҷо нигарӣ – кӯҳсор. 93 аз сади ҳудуди мо кӯҳ аст. Мо, кӯҳистониёнем ва бигузор диёри моро Боми Ҷаҳон номанд, аммо мо мардуми зиндадил ва зиндагипарварем, зеро дар кишвари мо қуллаи баландтарин – пики Коммунизм пойдор аст. Маҳз аз миёни теғаҳои ӯ ба рӯи Осиёву Аврупо офтоб механдад. Ӯро ҳатто мардумони марзҳои дуртаре ҳам мебинанду медонанд.

– Мо халқи хурд ҳастем, – гуфт дар поини сӯҳбат Ибодат Раҳимова, қариб севуним миллион, зиёда аз панҷоҳушаш фоиз тоҷик, боқимонда ӯзбекон, русҳо, украинҳо, қирғизон, туркманҳо, қазоқон, тоторон, уйғурҳо. Аммо дудмони мо тифоқ ва кордӯст аст, беш аз ҳама кӯдакро дӯст медорад. Кӯдакон давоми мостанд. Серфарзандӣ ифтихори мардуми мост, ҳар оилаи тоҷик шаш, ҳашт, даҳ, дувоздаҳ, кӯдак дорад. ( Ин таносуб имрӯз дигар аст ва аҳолии Тоҷикистон 8 576 926 (то соли 2015) ва фоизи тоҷикҳо беш аз 85 мебошад. - Р.В.)

   Сӯи Давроншо нигоҳ кардам. Ӯ қасди моро фаҳмид. Ман аз гиреҳи муштам се ангуштамро кушодам, ӯ фаҳмид, ки ишора ба се духтари ӯст.

– Зиндагӣ рӯ ба пеш аст, рӯзе мерасад, ки паҳлӯи онҳо Рустам ё Сӯҳроб, Сиёвуш ё Фуруд арзи ҳастӣ мекунад, ки вобастаи ситора толеи ӯст.

   Вақте, ки зери сояи чанорҳои хиёбони Ленин қадам мезадам, чунин фикр кардам: “Агар нерӯе дорад, ки ин қадар фарзанд ба дунё биёрад, пас ин халқ нерӯманд аст. Медонад, ки ӯ қадимист. Аммо боз мехоҳад собит кунад, ки ӯ нерӯманд аст ва қуллаҳои Бадахшон фардо ҳама тасхираш хоҳанд шуд”.

   Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб се милён рӯду рӯдак ҳаст. Аз он 945 рӯду рӯдак аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорист. Ин қариб яке аз се ҳазор қисмати он санад аст. Аммо чӣ рӯдҳову чӣ рӯдхонаҳои муқтадире! Яхкӯҳҳои Помир бузургтарин дарёи Осиёи Миёна – Омуро сурати ибтидо медиҳанд, ки номи бостонии Ҷайҳун дорад ва дар осори фарзандони ситоишгари халқ Умари Хайём, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва Ҷомӣ тавсиф шудааст. Ба маҷрои ӯ рӯдҳои бӯру тунд мерезанд – Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Сурхоб ва Зарафшон – рӯди заррин, ки хоки Самарқанди қандмандро бӯсида мегузарад, хоки марзеро, ки вақте шаҳри афсонавии Афросиёб устувор будааст. Дар шимоли Тоҷикистон дарёи Сир ҷорист. Сир чунон мӯъҷизаест, ки парвои регзорони Қароқум надорад. Халқи тоҷик мисли рӯдҳояш, ки яке аз се ҳазор қисмати рӯдҳо ва ёздаҳ фоизи манбаи оби Иттиҳоди Шӯравист, саъйи он дорад, ки дар дудмони бузурги халқҳои шӯравӣ мақоми сазовор дошта бошад.

   Дар кадом китобе хондам, ки дар Помир гӯйбозии савора, ончунон ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тасвир шудааст, боқист. Ва ба дил гуфтам: “Халқе, ки собиқа дорад, оянда ҳам дорад!”

   Ман Николай Крючковро гарми тамошои чавгонбозии телевизор дидам. Канадавиҳо чун ғажговҳои Помир ба ҳолгоҳи ҳариф охун заданд, аммо гӯй ба ҳолгоҳ намерафт, зеро чавгонбозони мард муқобилашон буданд, ки ҷаддашон гӯйбозии бадахшониёнро пештар ва бештар аз бозии канадавиҳо медонистанд.

– Фардо ҳамроҳи ман меравед? Фардо бекор ҳастед? – пурсидам дар ҳоли хомӯшие, ки даст дода буд.

–Не, – ҷавоб дод Николай, – наворгирӣ ҳоло чанд ҳафта давом мекунад. Ту бирав, ҳар гоҳ бозгаштӣ, ман ин ҷо хоҳам буд, агар набошам, дар Булғористон ба дидори ҳам мерасем. Ҳама дунёро пай задам, аммо дидори Булғористони бародар ҳеҷ муяссар нашуд, ё чизе халал расонд, ки он ҷоро бубинам. Аммо аз Булғористон номаҳои бисёре мегирам.

   Бо нашъае хобам бурдаст, ки гӯё дар Боми Ҷаҳон бошам.

Мушоира

   Ман аз гӯйбозӣ ёдовар шудам, ки дар Бадахшон то ҳанӯз мардон бозӣ мекунанд. Лаҷомро ба даст мегиранд, по ба рикоб мегузоранд, сари зин менишинанд ва савори аспҳои чавгонӣ дар яке аз марғзорҳои домани лозурҳои Рӯшон ё кӯҳҳои Шоҳдара гӯйро ба бозӣ меандозанд, ҳамраҳи бод аз паи гӯй асп метозанд ва ин бозии мероси асрҳоро зинда медоранд. Сӯҳбати мо аз ҳар дару ҳар боб – гоҳе аз қадри меҳнати эҷодӣ, гоҳе аз маншаи назми инсонӣ, ки нақшбандии мураккаби кандакорон ё мисгарони рӯшониро мемонад, давом мекунад. Мирзо Турсунзода изофа мекунад, ки дили инсон мисли оинаест ва дар ӯ ҷилваҳои гуногунранги зиндагии воқеӣ инъикос мешаванд. Марди эҷод он вақт бузург аст, ки дар қисмати шахси худ таҷрибаи аср ва халқро таҷассум бикунад.

– Дар ин ҳолат мегӯянд: гулу хор; нӯшу неш.

   Муъминшо сӯи устод рӯ овард:

–IIас истеъдодро аз куҷо бояд ҷусг?

– Истеъдод истеъдод аст... Баъзе мегӯянд, модарзод аст, вале ман ӯро пеш аз ҳама дар меҳнати шаборӯзӣ, дар фаросати фаҳмидан ва андаррасидани ҳаёт – дар ин дастури тиллоӣ мебинам ва худ ин дастурро риоя мекунам. Чӣ илоҷ? Одамон боистеъдод ва беистеъдод мешаванд, ин қонуни инкори инкор зиндагиро пеш мебарад. Ҳикмати Саъдиро ба ёд оред: «Беҳунарон ҳунармандро натавонанд, ки бинанд, ҳамчунон ки сагони бозорӣ саги сайдро бинанд, машғала бароранд ва пеш омадан наёранд, яъне сифла чун ба ҳунар бо касе барнаёяд, ба бухлаш дар пӯстин афтад».

    Ман хостам изофа кунам, ки ин ҷо масъалаи адабиёти классик ба миён меояд, аммо пай бурдам, ки Мирзо Турсунзода боз чизе гуфтанист, хомӯш мондам. Ӯ суханашро бо ҳикмати Саъдӣ тамом кард:

–Хирадманде, ки бо ҷоҳил дарафтад, бояд, ки иззат таваққӯъ надорад. Агар ҷоҳиле ба забоноварию шӯхӣ ғолиб ояд, аҷаб нест, ки сангест, ки гавҳар ҳамешиканад.

Гар ҳунарманд аз авбош ҷафое бинад,

То дили хеш маёзораду дарҳам нашавад.

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Йордан Милев. Солмандиҳо.

   Мо дар сояи чанори тановар, ки чанори зиндагӣ номидаем, хомӯш нишастаем. Ӯ беш аз панҷсад сол умр дорад, ман ҳисоб кардам, ки ин чанори сабур чӣ қадар бори айёмро кашида, чи миқдор шоҳу салотинро дидааст. Дар фосилаи дусад-сесад метр аз нишастгоҳи мо бомҳои Симиганҷ менамуданд, ки дар сояи даҳҳо чанори дигар аз гармӣ паноҳ бурда буданд. Бригадир чой мерезад, Муъминшо, Лоиқ, Давроншо, Нуъмон Розиқ ҳама дар даст чумчаи урфӣ интизори оши буридаанд.

   Оши буридаро маҳз бо ҳамин чумча, ки шояд кадоме аз ҷанговарони бохтарӣ эҷод кардааст, рост нишаста, сарро каме сӯи табақ хам карда бо дасти рост ё чап пас аз машқҳои зиёд мехӯранд. Ман ҳам чанд бор машқ кардам, аммо чумча аз пеши даҳонам гузашта ба гӯшам расид. “Анъана чӣ сон сурат мегирад! – оҳ кашидам ман. – Якбора одат кардан маҳол аст».

   Мирзо Турсунзода ҳолати маро пай бурда гуфт:

– Мо махсус машқи угрохӯрӣ накардаем, ин одат дар хуни мост. Чунон ки дар Бадахшон гӯйбозӣ мекунанд; шоирон ҳам мушоира ё байтбарак доранд.

   Ман ин навъи сабқати адабиро медонам, онро шуарои бузурги пешини форсу тоҷик расм кардаанд ва ҳатто банда ҳам соле пеш дар Чимканди Қазоқистон иштирокчии мушоира будам. Ман саросема шеъреро ба ёд оварданӣ мешудам, зеро чун солоре шеъреро шурӯъ кунад, ҳама бояд омодаи хондани шеъре бошад, ки бо хондаи солор ҳамсанг бошад. Дар ин мушоира қоидаҳои қадим, ки байтгӯӣ аз «алиф» сар шуда, бо ҳарфи охири ҳар байт давом мекард, риоя намешуд.

   Лоиқ ба сухан ҳамроҳ шуд.

– Ба ҳар ҳол ҳар анъана ҳам ба навӣ эҳтиёҷ дорад, ин як амри табиист.

   Мирзо Турсунзода ин муродро мақбул донист ва зикр кард, ки марди доноро бояд илму амал тавъам бошад.

– Дониши одами бад мисли теғи тезест дар дасти одами бадмаст, – давом кард Мирзо Турсунзода. Назм дар ҳама замонҳо муҷазтарин қолаби афкори бадеӣ будааст, ки Саъдии бузург мегӯяд: «Сухан бисёр дону андаке гӯй». Масалан, рубоиёти классики мо Умари Хайём аз ашъори бештар шоирони имрӯз навтару гирандатар аст. Рубоии Хайём ҳамон анъана, ҳамон суннати қавӣ ва поянда аст, ки барои ман дастрас нест. Аксари он рубоиҳо ба тамомӣ олитарин намунаи шеъри форсиянд. Бинобар ин ман аз ин шакли шеъри форсӣ метарсам. Намунаи олӣ масъулияти олӣ мехоҳад. Маҳз эҳтиром доштанам ба шеъри асил маро вомедорад, ки дар мушоираи назми классикӣ ширкат наварзам... Сухан, албатта, аз рубоиҳои асливу фалсафӣ меравад, на аз он тақлидҳои хурду реза ва беҳунарона.

   Нуъмон Розиқ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, эътироз кард: ҳар чи ҳам бошад, намунаи бузург ҳамеша сазовори пайравист ва пас илова намуд:

– Шумо, устоди азиз, барои мо ҳамеша намунаи ибрат ҳастед. Бинобар ин мо пайваста аз паи шумо меравем.

   Шоири халқӣ чунин фармуд:

– Ман агар аз намунаҳои бузург пайравӣ мекардам, кайҳо қалами иншоям аз даст меафтод.

   Мо ин ҷавоби ӯро ба ҷои як шӯхии пур аз ҳасрати шарқӣ, меҳнати эҷод, серталабӣ ва сахтгирии зиёд аз худ пазируфтем, ки хосияти эҷодкории шарқист, ки ба ҳоли худ механдад, хосиятест, ки бисёр касони камистеъдод маҳруманд. Баргҳои чанор боз ҳам ризомандона хаш-хаш мекарданд, танаву шохаҳо аз эътиқоди мардум сарфароз буданд. Зеро ҷоеро, ки чанор қад кашидааст, тоҷикон якумр гӯшаи муқаддас мешуморанд он сон ки мусулмонон Маккаро.

   Дар ин сӯҳбат номҳои шоирони дигар – Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Убайд Раҷабро низ шунидам. Мирзо Турсунзода аз суннатҳо ва умри дубораи онҳо сухан карда, силсилаи ашъори Лоиқ «Илҳом аз Шоҳнома»-ро мисол овард, ки ӯ ба оҳанги чанд лаҳза ва нуктаи «Шоҳнома»-и безавол сурудааст. Боз аз он сухан кард, ки агар адабиёти нави тоҷик дар миёни чордевори худ бимонад. ба дарди касе намехӯрад. «Нахустин классики советии мо Садриддин Айнӣ, – давом кард ӯ, – то вопасии нафаси худ иродатманди Горкий буд. Зиёда аз ин тамоми адабиёти инқилобии русро мактаби адабии худ мехонд». Бо ин ҳама боз ӯ миллитарин ва халқитарин нависандаи мост. Сабки таҳкия, сабки нигориш – ҳама шарқӣ, мавзӯъ ва образҳо ҳама аз зиндагии халқи маҳбубаш баромадаанд.

– Аммо пеш аз ҳама, – гуфт дар поёни сӯҳбат Мирзо Турсунзода,— нависанда ё шоир, бастакор ё меъмор, кандакор ё ромишгар бояд соҳиби дили бузург бошад!

 

Дар расм: Йордан Милев, Бобои Касир, Муъмин Қаноат, Устоев (директори совхоз) дар деҳаи Саринай-и ноҳияи Тоҷикобод, дар доманаи Сағонакӯҳ (қуллаи Пётри Кабир)

   Ӯ боз ҳикоят кард, ки чанд шоири ҷавон сари миз қаҳва менӯшиданд, моҷаро доштанд, касеро нафрин мекарданд, ки нахустин китобашонро написандидааст. Баъди чанде як мунаққид чанд шеъри алоҳидаро писандида, аммо саросар маҷмӯаро боз ҳам сазовори табъ надонистааст.

– Эҳ, ҳоло ист... Чунон адабашро диҳем, ки роҳи хонаашро наёбад, – дод мезад ҷавонтарини онҳо,— мо ӯро... ва ӯ доду фарёди худро то ба ҷое расонд, ки тахмин чунин хулоса дошт: «Риши он мунаққидро тор-тор меканем».

– Бачаҳо, – гуфт шоири солхӯрдае, сиёҳҷурдае назди онҳо омада ва буруташро тофта, – ин тавр не кори дунё...

– Чӣ тавр, – бо як овоз пурсиданд ҷавонони шоир.

– Ончунон ки Саъдӣ мефармояд,— ҷавоб дод шоири сиёҳҷурда.

   Ҳама хомӯш монданд. Шоири рӯзгордида гуфт:

   Саъдии бузург фармудааст:

Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,

Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане!

   Мирзо Турсунзода чанде хомӯш монд ва пас гуфт:

– Роҳи сафед!

– Дар зери болҳои сабзи чанори дерсол, ки то қаъри хоки Симиганҷ реша рондааст, мушоира оғоз шуд.

   Ман мафтуни шеваи гуфтори тоҷикиям. Забонҳое дар дунё хушоҳангтар ва хушсадотар ҳастанд, ки гӯё устоде ба ҳар кадомашои вазифае ҷудо кардааст: ин – барои тарона, он – барои тиҷорат, ин – барон додгустарӣ, он – барои арзи муҳаббат. Аммо ҳоло, ки ашъори равони Рӯдакиву Саъдӣ ва байтҳои Фирдавсиро дар баҳри мутақориб мешунавам, хаёл мекунам, ки забони форсӣ барои шеър офарида шудааст. Шояд аз ин ваҷҳ суханварони форсу тоҷик аз асри IX то XV дар осмони баланди шеъру адаб дастнорасанд. Дар гӯши ман на сухан, балки гӯё нолаи дутор, шодии чанг, зарби шӯхшанги даф, садои дилангезу дилрабои рубоби бадахшонӣ мерасад. Агар барои ман сесад арғунуни католикӣ медоданд, ман онҳоро ба як оҳанги нуронӣ ва офтобии авестоӣ, ки дар сарзамини қадими Бадахшон чунин равшану гӯё садо медиҳад, иваз мекардам.

   Ман дар ин лаҳза рубоии Саъдии Шерозиро, ки аз Мирзо Турсунзода шунида будам, ба ёд овардам:

Ёд дорам, ки вақти зодани ту

Ҳама хандон буданду ту гирён.

Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту

Ҳама гирён буванду ту хандон.

   Ман аз тарафи чапи Мирзо Турсунзода рӯи суфа – рӯи ин маснади ҷовидони тоҷик нишастаам. Дар рӯи ин суфа тоҷик чашм ба дунё мекушояд, ба воя мерасад, умр ба сар мебарад, худро ҳимоят мекунад, мӯҳташамтар аз ин маснад тахте нест. Ӯ гилист ё чӯбин, рӯяш қолини Қайроққум густурда, аз ёқуту лоҷувард ё дигар ҷавоҳирот оро наёфтааст. Аммо соддагии ӯ маро бештар тасхир мекунад, зеро ӯ одамонро чунон ки ҳастанд – хокӣ ва бефано дар фарози худ ҷой медиҳад... Дар мушоира навбати ман омад. Гумон буд, ки агар бо забони шикастаи форсӣ шурӯъ кунам, бар касе чира шавам, бинобар ин ба забони булғорӣ оғоз кардам. Дуторро гирифтам, ба торҳояш нохун задам ва суруд хондам:

Рӯдакӣ чанг бигирифту навохт.

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

В-он ақиқин майе, ки ҳар кӣ бидид,

Аз ақиқи гудохта нашнохт.

Ҳарду як гавҳаранд, лек ба табъ

Ин бияфсурду он дигар бигдохт.

Нобисуда ду даст рангин кард,

Ночашида ба торак андар тохт.

   Аз ҳар сӯ нидои таҳсину офарин мешунидам, ки мегуфтанд: «Бубинед, Рӯдакӣ чӣ сон ба булғорӣ ҳарф мезанад!». Аммо қоидаи мушоира чунин аст, ки бояд миёни навбати гӯяндагон фосилае намонад, бинобар ин ҳама ба Муъминшо рӯ оварданд, ӯ аз Рӯдакӣ «майи ақиқ» – майи ҷавониро шунида, ҷоми майи лаълфомашро баланд карда гуфт:

– Ҷоми ҷавонӣ мебардорам ва давом мекунам:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.

Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,

Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.

   Сӯҳбат аз шоҳ Ҷамшеди нимафсонавӣ рафт, ки ҷоми ҷаҳоннамо дошт. Пеш аз даргузашташ ҳама дарёфтаанд, ки он ҷоми «мӯъҷизанамо» дили ӯ будааст, дили одамӣ ҳам нурро бо он сурати воқеӣ ба худ ҷалб мекардааст.

   Муъминшо таваҷҷӯҳи моро ба дигар рубоии Умари Хайём ҷалб кард:

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,

В-аз май – ду мане, зи гӯспанде роне.

Бо дилбараке нишаста дар вайроне

Айшест, ки нест ҳадди ҳар султоне!

    Аз радиои хурде, ки мисли гамбуски баҳорӣ дар қӯшаи шохи чанор овезон буд, садои ҳофизи халқӣ IIIоҳназар Соҳибов баланд шуд. Ӯ сурудҳои Ҳоҷӣ Абдулазизро бадард мехонд. Бригадир бархост, мурвати радиоро тофт ва гӯё ба Шоҳназар гуфт: «каме сабр кун, имрӯз мушоира аст». Акнун ҳама ба Лоиқ нигоҳ мекарданд. Ман ашъори ӯро, ки аз «Шоҳнома» илҳом гирифта офаридааст, медонам, бинобар ин хаёл кардам, ки чун то ӯ ҳама аз назми классик намунаҳо хонданд, ӯ ҳам қоидаро вайрон намекунад ва бешак аз Фирдавсӣ чизе мехонад.

   Ман рубоиёти Умари Хайёмро дар иҷрои артисти халқӣ Маҳмуд Воҳидов шунида, он вақт пиндоштам, ки осори шоири нобиғзод мисли як руҷӯи беназире аз забони ин ҳунарманди тоҷик садо медиҳад. Аммо достони Фирдавсиро ман аз забони шоир шунидан мехостам ва чанд рӯз пеш аз Лоиқ хоста будам, ки аз номаи шоҳон ба забони асли асар абёте бихонад. Акнун фурсат даст дод ва аз байти аввалини хондаи Лоиқ дарёфтам, ки ӯ саҳнаи аз дасти Рустам кушта шудани Сӯҳроб – писари худи Рустамро мехонад. Рустам пас аз шинохтани нишони Сӯҳроб аз ғояти пушаймонӣ бар Сӯҳроб хун мегиряд, нӯшдору меҷӯяд, аммо ҳама бесуд. Байтҳои мутақориби Фирдавсӣ гӯё аз бехи чанор, аз қаъри таърихи тоҷикони бостонӣ, аз саҳнаҳои муборизаҳои Аҳриману Ҳурмузд – нируҳои бадиву некӣ, ки муҳраи эътиқоди чандин пушти тоҷикон аст, бармеомаданд. Ман ба шоҳномахонии Лоиқ гӯш ниҳода, фикр мекардам, ки маҳз ҳамин эътиқод – пирӯзии некӣ бар бадӣ тоҷиконро аз теғи хунрези Чингизхону Темурланг, аз халифу салотин, аз шоҳу хонҳо амон додааст.

   Ман бо таваҷҷуҳ овози Лоиқро гӯш мекардам – садои хуш ва беғаш мисли ровиёни қадим:

Киро омад ин пеш, к-омад маро.

Ки фарзанд куштам ба пиронсаро?

Чун ман нест дар гирди кайҳон яке,

Ба мардӣ будам пеши ӯ кӯдаке.

Буридан ду дастам сазовор ҳаст,

Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст.

Кадомин падар ҳаргиз ин кор кард?

Сазоворам акнун ба гуфтори сард!

Ба гетӣ ки куштаст фарзандро,

Далеру ҷавону хирадмандро?!

Ҷаҳон чун ту дигар набинад савор

Ба мардию гурдӣ гаҳи корзор.

Дареғ он ҳама мардию ройи ту,

Дареғ, он руху бурзу болойи ту!

Дареғ он ғаму ҳасрати ҷонгусил,

Зи модар ҷудо в-аз падар доғдил!

   Аз радио боз суруди Шоҳназар Соҳибов баланд шуд. Муъминшо бархост, он гамбуски сиёҳро хомӯш карда, масофае дуртар бурда дар куҷое пинҳон сохт ва боз ба рӯи суфа дар ҷои худ нишаст. Лоиқ ин ҳамаро пай набурд. Овози ӯ форам, нафис, самимӣ ва бе ҳеҷ ҳунарпардозии артистона садо медод.

Ман гӯш мекардам:

Бифармуд то дебаи хусравон

Кашиданд бар рӯи пури ҷавон.

Аз он дашт бурданд тобути ӯй,

Суи хаймаи хеш бинҳод рӯй.

Ба пардасарой оташ андар заданд,

Ҳама лашкараш хок бар сар заданд.

Ҳамон хаймаву дебаи ранг-ранг,

Ҳамон тахти пурмоя заррин паланг.

Бар оташ ниҳоданд, бархост ғав,

Ҳамекард зорӣ ҷаҳондори гав.

    Ман андеша мекардам, ки ҳамин байтҳо дар асри X иншо шудаанд, аз ғуломӣ нафрин мекардам, ки ба зуҳури нобиғаи офаридгори булғориён монеъ шудааст то чунин барвақт арзи вуҷуд кунад. Вале ин андеша маро тасаллӣ дод, ки халқҳои булғору тоҷик ҳамеша тобеи халқҳое буданд, ки вусъати таърихӣ ва сатҳи маданияту фарҳангашон аз зердасташон хеле паст буд. Ин нобаробарӣ ба қадри ҳол имкон дод, ки аз чунин асорат озод шаванд.

– Акнун навбати Давроншо, – бесаброна хост Мирзо Турсунзода. – Ӯ номзади илмҳои фалсафа, аммо дар мушоира иштирок карда, метавонад унвони номзади ҳаводори назмро бигирад. Ягон ғазали ишқӣ, аз Ҳофиз.

   Ҳар тоҷик бояд ҳамеша омодаи гӯйбозӣ ё мушоира бошад. Давроншоро аз ин қатор истисно накарданд ва ӯ мисли шоири ҳақиқӣ ғазале аз Ҳофиз хонд.

   Нуъмон Розиқ бархост, радиоро оварда боз дар бозуи шохи чанор овехт ва арзи муддао кард:

– Дӯстони гиромӣ, имрӯз барои деҳаи хурди мо Симиганҷ иди фаромӯшнашуданӣ буд. Акнун суруди Шоҳназар ва саргузашти Ҳоҷӣ Абдулазизро гӯш мекунем... ва ҳам саргузашти булғори ғарибро, ки дар шеъри халқии «Ғарибӣ» тасвир шудааст, гӯш мекунем, вале баъдтар, ҳоло каме дами хуш мезанем!

   Ҳар кадоми мо ба сӯи чанор нигоҳ афканда, орзу мекард, ки лоақал баробари ӯ умр бинад ва ба ин ният пиёлаҳои оби анорро ба сар мекашид, ки нишони поёни мушоира буд.

   Расми 2: Йордан Милев, Бобои Касир, Муъмин Қаноат, Устоев (директори совхоз) дар деҳаи Саринай-и ноҳияи Тоҷикобод, дар доманаи Сағонакӯҳ (қуллаи Пётри Кабир)

Бозчоп аз маҷаллаи «САДОИ ШАРҚ» - №3 – 2018

   Китоби мазкурро дар шакли комил шумо метавонед дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутолиа намоед.

Барчаспҳо: