Таърихи адабиёти ҷаҳон. Франсуа Рабле (1494 –1553)

Дар адабиёти аҳли Эҳёи Фаронса Франсуа Рабле аз зумраи чеҳраҳои бузургтарини таҳайюли адабӣ буда, чун донандаи забонҳои атика, илмҳои дақиқ, табиби таҷрибадор ва ниҳоят чун адиби ҳаҷвнигор дар тамоми Европаи Ғарбӣ машҳур гардидааст. Рабле зиндагии аҷиб ва дар айни ҳол пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Ў соли 1494 таваллуд ёфта, дар 7 –солагӣ ўро волидайнаш ба мактаби роҳибӣ супориданд. Мактаби роҳибӣ қонунҳои қатъии худро дошт, аз ҷумла хонандаи ин мактаб ё роҳиби оянда ғайр аз китобҳои динӣ ҳуқуқи илмомўзӣ ва китобхонӣ надошт.

            Аммо Рабле чун ҷавони ташнаи илму дониш пинҳонӣ ба хондан машғул гардида, забонҳои қадими юнонӣ ва лотиниро аз худ намуд, файласуфон ва шоирони қадимро омўхт ва ба хулосае омад, ки ҳаёти роҳибӣ мувофиқи табъи ў аз мактаб гурехт.

            Ў дар назди яке аз дўстонаш паноҳ ёфт ва пурра ба омўзиши забонҳои қадим, илмҳои дақиқ ва хоса ба омўзиши илми тиб машғул шуд. Солҳои дароз ба табобати дардмандон машғул гардид ва дараҷаи бакалавру доктори тибро соҳиб гардид. Аммо бо ин ҳама Робле ҳамагӣ роҳиби гуреза буду халос. Аз ҳамин сабаб, ба хулоса омад, ки барои созиш бо ҳокимияти динӣ бояд аз папаи Рим барои худсарона тарк намудани дайр бахшиш пурсад. Барои ин мақсад Рабле сафари дўсти бачагиаш дю Беларо ба Рим фурсати муносиб ҳисобид ва чун котиби ў ба сафар баромад.

 Онҳо оромона ва бо фурсат сафар мекарданд, дар ҳар шаҳр тавақуф менамуданд, ки ин мувофиқи завқи Рабле буд. Дар Рим онҳо дурру дароз истодаанд ва Рабле бо ин «Шаҳри абадӣ» ба хуби ошно гардид.Боқи мондаҳои шаҳомати деринаи ин шаҳр, калисоҳои зиёди он, зиёраткунандагону намозгузарон, ки аз гўщаҳои гуногуни католикӣ омадаанд, диққати Радлеро ҷалб менамуд. Дар Рим Рабле бо корҳои дипломатӣ низ алоқа пайдо намуда, бо ходимони давлатӣ ва олимони машҳури Фаронсаву Европа иртибот пайдо мекунад.

  Бо ноил шудан ба афви папаи Рим Рабле ба Фаронса баргашт ва акнун ў метавонист мустақиман чун рўҳонӣ амал намояд. Аммо Рабле бо вуҷуди ин ҳам шахси диндор набуд ва ба зиндагии пас аз марг бовар надошт.

        Рабле соли 1553 дар сини шастсолагӣ вафот кард.

   Замони зиндагии Рабле мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ давраи Эҳёро аз сар мегузарониданд аз буржуазияи навтавлид ҷаҳонбинии диниро, ки дар асрҳои миёна ҳукмрон буд, маҳдуд месохт. Ин замон илмҳои нав ташаккул ёфт, омўзиши табиат, илмҳои дақиқ, омўзиши адибони аттика оғоз ёфт. Дар ҳама соҳаҳо рўҳи таҳқиқтарӣ пайдо шуд ва ин ҳама боиси сар задании нооромӣ ва норозигии дини католикӣ гардид ва баъд «Ислоҳоти калисо» оғоз ёфт.

  Ислоҳотгарон ба муборизаи ошкорон ҳокимияти динӣ баромаданд ва дигар дайру роҳбаронро эҳтиром намекарданд. Аз чониби дигар ҳокимияти диниву калисоӣ низ низоми кори худро тағйир дод, озодихоҳонро зери таъқибу шиканҷа гирифтор менамуд, дар оташ сўзондан, куштор ва намудҳои дигари ҷазо аз ҷониби диндорон роиҷ гардид.

            Оқибат дар Германия аз Нидерландия миёни ислоҳотгарон аз католикҳол оташи ҷанг забона зад. Фаронсаву Англия ва тамоми Европаро фаро гирифт.

            Дар ҳамин гуна давраи ноороми ҷамъияти Фаронса асари машҳури Франсуа Рабле «Гарганюа аз Пантагрюел» эҷод гардид.

            Таълифи ин романи ҳаҷвӣ ва гуманистӣ ба Рабле обрўи ҷаҳонӣ овард. Дар асар ҷаҳонбинии нави буржуазии замони Эҳё инъикос меёбад. Муаллиф бо истеҳзои хушҳолона низоми асримиёнагии тарбия ва таълимро зери танқид мегирад, рўзгори роҳибон ва пайравони онхоро масхара менамояд. Истеҳзои ў нисбат ба онҳо ошкоро ва хеле сахт инъикос ёфтааст. Аз ҳамин сабаб факултети Сорбони донишгоҳи Париж ин асари Раблеро чун китоби зараровар ва вайронкунандаи асосҳои дин (католикӣ) маҳкум намуда буд.

 «Гаркантюа ва Пантагрюел » инъикоси ҳамаҷониба ва муфассали ҳақиқати Фаронсаи замони Рабле мебошад. Муаллифи асар Фаронса ва Италяро саёҳат намуда, дар дайрҳои гуногун зиндагӣ ба сар бурда, дар университетҳо лексия хонда, ба табобати дардмандон машғул гардида, тамоми илмҳои асосии замонашро омўхтааст. Аз ҳамин сабаб дар асараш нисбат ба ҳамзамононаш бештар ва беҳтар ҳақиқати замони худро инъикос карда тавонист. Романи «Гаркантюа ва Пантакрюел» асари сирф халқӣ буда, бо сурудҳои халқии франсавӣ ва расму оини гузаштаи ин халқ алоқаманд мебошад. Роман аз панҷ қисм ё китоб иборат буда, қисмҳои якум ва дуюм солҳои 1532 –1534 аз се қисми охири ин асар дар замони сохти реаксия ва таъқиби гуманистон ба табъ расидааст. Қисми сеюм соли 1584 баъди вафоти Рабле ба табъ расид ва ақидае низ пайдо шудааст, ки қисми охирини роман аз рўи маводи ҷамъкардаи Рабле аз ҷолиби шахси дигар навиташудааст.

 Роман маводи зиёди халқӣ, саргузашти шахсиятҳои бузурги таърихӣ, тафсил ва шаҳри одатҳои гуногун ва воқеаҳои таъриъхиро фаро гирифта, хислатҳои наҷиби инсонӣ, аз қабили қаҳрамонӣ, инсондўстӣ, ҷавонмардӣ, сарфаи мақсадноки вақт ва омўзиши илм ташвиқ мешавад.

   Боварӣ ба тараққиёт, даъват ба омўзиши илму дониш дар қисми дуюми роман, аз ҷумла дар мактуби Гаргантюа ба Пантагрюел равшан ба назар мерасад. Дар он Гаргантюа ба сифати гуманисти солхўрда  аз аҳамияти илму дониш сухан мегўяд ва писари худро ба омўхтани илм даъват менамояд. «Ҷавононии худро барои такмили ва накўӣ сарфа бояд кард»-чунин аст хулосаи қисми дуюми асар.

  Рабле дар саҳифаи аввали роман ба хонандааш мулоқот мекунад. Ҳаёт ва рўзгори Суқротро, ки хеле оддӣ ва шахси дар зоҳир бадафту назарногир буд,  мисол меорад ва таъкид месозад, ки бо ин ҳама Суқрот аз хирадмандтарин донишмандон буд. Баъди ин ба хонанда муроҷиат менамояд, ки «Оё боре сагеро дидаед, ки аз партавгоҳ устухони сарро ёфтаааст? Бибинед, ки саг онро чӣ тавр муҳофизат мекунад, чӣ тарз нигоҳ медорад, чӣ хел бо дандонҳояш сахт медорад, чӣ хел ба оҳистагӣ мешиканад, чӣ тарз ботоқатона мегазад, чӣ хел тоза мемакад, барои чӣ ин ҳама заҳмат, чӣ лозим барои ў ин устухони ифлос. Маълум: Саг мехоҳад аз ин устухон мағзашро ба тамом бимакад. Ба ҳама маълум, ки ин хўроки бомазза аст.

             Ҳамин тавр ман низ мехоҳам, ки Шумо, дўстори азизам, китоби маро аввал бў кашед, ламс намоед, бодиққат хоне два мағзашро дарёбед»

            Воқеан, ин асар яке аз ёдгориҳои беҳтарини маданияти аҳди Эҳё ва яке аз асарҳои шоистаи адабиёти Фаронса буда, дар инкишофи тафаккури ҷамъият ва адабиёти франсавӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.