Табиб А.Ғоибов китоби хотироти худро ҳамин гуна унвон кардааст ва дар сарсухан ҳадафи навиштани онро ин гуна баён доштааст: “Хотирот як навъ руҷўест ба ҳаёт гузаштаву рўзгори кунунии ҳар фард. Банда ҳам дар радифи он ҳамсолони солхўрдае мебошам, ки бори гарони ғаму андўҳи даврони кўдакию наврасӣ, азобу азиятҳои айёми шубоб, илм дар мактаби олии тиббӣ, инчунин ҳангоми хуррамию такопўи зиндагии мустақилонаю фаъолояти корӣ дар муассисаҳои табобатиро бар дўш доштам. Ҳадаф аз иншои ин сатрҳо даъвои нависандагию рўзноманигорӣ набуда, фақат ба хотири бозгў намудани саҳифаҳои зиндагӣ ва рўйи қоғаз овардани он аст, ки ин амалу ният барои насли наврас ва ҷавонони имрўзу фардо дарси ибрат бишавад.
Инак, камина салоҳ донистанам хотираҳои дар ёд мондаи худро аз мавқеи ноҳия ва деҳаи азизам, ки дар он ҷо пой бар арсаи ҳастӣ гузоштаам, оғоз намоям.
Ғончӣ ноҳияи кўҳистонӣ буда, се тарафи онро кўҳҳои осмонбўс иҳота кардаанд. Ҳудуди ноҳия дар нишебии шимолии қаторкўҳи Тоҷикистон воқеъ гашта, сарҳади он аз теғаи қаторкўҳ (баландиаш аз сатҳи баҳр то 4743 м ) то ҳамвории водии Фарғона тўл кашидааст.
Релефи қисми марказӣ ва ҷанубии ноҳия, аслан аз теппаю адирҳо иборат аст. Солҳое, ки дар он ҷо ба дунё омадаву зиндагӣ мекардам, ноҳияи Ғончӣдорои деҳшўроҳои Овчӣ, Калининобод, Яхтан, Ғазантарак, Ростроовут, Муҷун ва Далёни Боло буд. Муаллифи ин сатрҳо зодаи ҳамин ноҳия, аниқтараш зодаи деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ мебошам, ки дар он солҳо тобеи деҳшўрои Калининобод буд.
Мардуми деҳаи зодгоҳи ман асосан ба ғаллакорӣ, обчакорию боғпарварӣ, чорводорӣ, зироати хўроки чорво ва ғайра шуғл меварзанд. Дар ин мавзеъ заминҳо аз чашм аҳо обёорӣ мешаванд...
Идомаи сарсухан ва китобро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Сайрон Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон.