Ғанӣ Ҷӯразода кист?

   Ин ном барои хонандагон ошност. Ин нависанда ҳамчунон дахолати бевосита ба пасту баланди ҷараёни адабӣ надорад ва низ хеле дер ба узвияти Иттифоқи нависандагон (соли 2000) пазируфта шудааст. Манзураш аз адабиёту аз узвият ба Иттифоқи нависандагон суд ҷустан ҳам нест, балки ӯ аз силки онҳоест, ки ҳавасҳои некӯ гуфтан эшонро ба адабиёт овардааст.

     Дар жанри ҳикоя қарор гирифтани интихоби нависанда ва мувофиқати диду услуби эҷодӣ дар сатҳи биниш ва тафаккури бадеии ӯ рамзи мустақилияти эҷодӣ ва озодии рӯҳу таасурот ва шинохти воқеият аз бархӯрдҳои хурду калони зиндагист, ки чунин падида дар эҷодиёти ӯ равшан ба назар мерасад. Дилгармии ӯ ба адабиёт ва садоқатмандиаш ба қиссапардозӣ низ аз ҳамин муносибати ӯ ба рӯйдодҳои зиндагӣ алоқа гирифтааст. Овози хеле форам ва дилнишин (ҳангоми мутолиаи ҳикояҳояшон ин овози шинос ба гӯш мерасад), риояи анъана ва русуми ошно, ҷо-ҷо руҷӯъҳои воқеъӣ ва бардошт аз онҳо, ҷилваи рангҳо аз тасвири манзараҳои диёр, бархӯрди оҳангҳои гӯшнавоз аз унсурҳои зотии табиат,омезиши ҳамон рангҳову оҳангҳо ва садоҳои форами резиши обу вазиши боди саҳаргоҳи, чаҳ-чаҳи булбулону овои мурғони боғу барзан бо сохтакориҳои назарфиреби кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳама гармонияи зебои дили нависанда ва усули нақлу тасвирҳои ӯро тамомият мебахшанд.

    Перомуни эҷодиёти Ғанӣ Ҷӯразода мулоҳиза ронда, ҳамин махсусияти омезиши дид ва усули нақлро ба хотир овардаем. Ғанӣ Ҷӯразода он вақте ҳам, ки дар бораи ҳаёти деҳу пасту баланди зиндагии он менависад ва ҳам ҷузъиёти рӯзгори фиребои шаҳрро қисса менамояд, мухтасоти биниши нависанда аз дидаву шунидаҳояш имтиёз пайдо мекунанд.

Дар вокеъа, метавон гуфт, ки Ғанӣ Ҷӯразода муаллифи китобу маҷмӯъаҳои бисёрест. То имрӯз наздики даҳ китоби ҳикояву қиссаҳои ӯ чоп шудаанд.

 Дар ҳамаи ҳикояҳои Ғанӣ Ҷӯразода як паҳлӯи ҳаёт, як пораи зиндагии мо ва ягон ҷузъиёти хуб ё бади ҷомеъа ба тасвир гирифта мешавад. Ӯ нависандаи ҳаҷвнигор ҳам ҳаст ва як паҳлӯ ва самти мушоҳидаҳои ин нависандаро зикр ва ошкор кардани падидаҳои нохуби зиндагӣ ташкил медиҳад. Теъдоди онҳо каманд, вале ҳадафҳо дар ҳаҷвиёти нависанда нишонрасанд. Инро ба назар гирифта нависанда Ӯрун Кӯҳзод дар сарсухани маҷмӯъаи «Қисмат» ба ду ҷанбаи эҷодиёти адиб, ба «ҳикояҳои маъмулӣ ва ҳикояҳои хаҷвӣ» ишора карда навишта буд, ки «хикояҳои хаҷвии ӯ вокеъӣ ва намакинанд, ки заҳрханда не, шакарханда дорад ва табъро тира не, балки хуш мекунад…»

    Нависандагоне ҳастанд, ки дар роҳи интихоби тарзу усулҳои таҳияву тасвир ҷӯяндагӣ зоҳир карда, пайи ин мақсад худашонро ба ҳар дару девор мезананд. Намедонанд, ки қиссагӯ шаванд ё ҳикоя нависанд, ба драма рӯ оранд ё ба достонҳои калон. Вале роҳи муваффақ шудан як аст: интихоби ҷиддии шакли ифода, ки ҳам нақл ва ҳам тасвир, ҳамчунин заминаи воқеъии садоқати адиб ба шакли ифодаро фаро гирад.Дар ин роҳ таърихи адабиёт ба мо сабақҳои хубе медиҳад. Ворастагии тафаккур ва тавофуқи он ба шакли тасвир дар эчодиёти адиб муҳим аст. Аз ду роҳи муҳиме, ки шоир ё нависанда онҳоро азиз донад, яъне садоқат ба мавзӯъ ва шакли ифода, мо гумон мекунем, ки дуюмӣ муқаддам аст ва дар муайян намудани бунёди поэтикӣ ва ҳунари нависандагӣ ба муаллиф ёрӣ мерасонад.

     Ғанӣ Ҷӯразода дар ин роҳи пуршараф ба анъанаҳои эҷодии Ҳаким Карим ва Раҳим Ҷалил дар ҳикоянависӣ содиқ монд ва дар байни хонандагон маҳз бо ҳикояҳои хубу хонданбобаш маҳбубият пайдо кард.

            Абдувалӣ  Давронов

   Муаррифӣ:  Адиби шинохта  Ғани  Ҷўразода  9 январи  соли 1936 дар маҳаллаи  Мирамони  ҷамоати  Пўлодони  нохияи  Конибодом, вилояти   Суғд  дар оилаи  коргари роҳи  оҳан  таваллуд  ёфтааст.  Баъд  аз хатми мактаби  миёнаи № 25 дар соли 1956 таҳсилро дар шўъбаи филологияи тоҷики  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  идома  медиҳад.  Пас аз хатми   Донишгоҳ  солҳои 1961-1993   дар рўзномаҳои   «Комсамоли Тоҷикистон»  «Ҷумҳурият»  « Садои мардум»  ва  маҷалаи  «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои  гуногун кор кардааст. Солҳои 1993-2006  тарҷумон  муҳаррири  Дастгоҳи  Маҷлиси  намояндагони   Маҷлиси  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буд.

   Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955-1957  чоп  шудаанд. Асарҳояш ба забонҳои  русӣ,  узбекӣ  ва  ғайра  тарҷума  шудаанд. Шеъру  ҳикояҳо  ва очеркҳои  ў   дар китобҳои  дастаҷамъии «Қаламҳои  пурумед» (1957), «Чароғи ирфон» (1960),  «Шафақи субҳ» (1963), «Шўълаи гулхан»  (1967), ва китобҳои  дарсии  мактаби  миёна нашр шудаанд. Китобҳои  ҳикояҳо ва  қиссаҳояш «Кулоҳи падар « (1988», «Захми дил» «Қисмат»  (2000), « Ҳушёраки ман, ту куҷои ? » (2004), «Афсонаи  модаркалонам» (2005), «Бозгаши  хотира»,  «Очаҷон , аз ман маранҷ!» (2006). « Рахсеб» (2008),  «Шишаи бишкаста» (2013),  «Панди бобо» (2014),  ва  китоби  публистикаи ў  «Қатраҳо дарё  шаванд» (2001) аз ҷониби  нашриётҳои  гуногун  ба нашр  расидаанд.

   Асарҳои адибони маъруф Н, Носов. Н, Тихонов. Б, Житков. В, Катаев. Л, Маҳмудов, Робиндранат Такур ва  дигаронро ба тоҷикӣ  гардонидааст.

   Бо  унвони  ифтихори  корманди  шоистаи маданияти Тоҷикистон , медалу нишонҳои «Ветерани меҳнат», Аълочии  матбуот», «100- солагии матбуоти тоҷик», «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои  Олӣ», ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг, Маҷлиси олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи журналистон  Тоҷикистон  ва  ба дигар мукофотҳо сарфарозонида шудааст.

   Узви Иттифоқи рузноманигорони Тоҷикистон (1962) ва узви Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон (2000) мебошад.

   Ғанӣ Ҷӯразода асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Китоби нави ӯ «Шишаи бишкаста», ки ба хонандагони гиромӣ пешниҳод мегардад, аз ҳикояҳо ва ҳаҷвиҳои барои калонсолон эҷодкардаи нависанда мураттаб шудааст «Шишаи бишкаста», аз як повест ва як силсила ҳикояҳо иборат аст. Китоби «Шишаи бишкаста»-ро, шумо метавонед аз шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикисто» дастрас намоед.

  Ғанӣ Ҷӯразода. «Шишаи бишкаста». Ҳикояҳо ва ҳаҷвияҳо. – Душанбе: ТҶБ «Истиқбол» 2013. – 256 с.

Фирӯза Аҳророва, мутахассиси пешбари  шуъбаи кӯдакон ва наврасон.