Фарҳанги бостонии тоҷикон бар зидди фасод

 Дар ин маҷмўа намунаҳои ашъори шоирон, ки дар боби накўҳиши доду ситади ришва ва рибохорону ришватхўрон эҷод шудааст, гирдоварӣ гардидааст. Ҳадаф аз ин амр гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, бенизомӣ, ҷиноятпўшонӣ ва беадолатӣ, хусусан муқовимат бар зидди фасод мебошад.

 Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввал намунаҳои шеъри форсии тоҷикӣ  бар зидди фасод ва қисми дувум мақолаву мусоҳибаҳои Котиби Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия Сайфиддинов Ҳусейнро, ки ба масъалаҳои муқовимат бо фасод ва фасодгароӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, дарбар мегирад.   Пажўҳиши нахустини ҷиддӣ дар ин мавзўъ мебошад.

 Мураттиб ва муаллифи сарсухан Умриддин Юсуфӣ уба, китоб ба доираи васеи хонандагон пешкаш шудааст.

 Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Уғул Бобораҳимова,

 мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон