«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад.
Дар сарсухани китоб аз ҷумла мехонем: Тақрибан дар ҳазорсолаи дувуми то мелод адабиёти давраи бостонии форсии тоҷикӣ дар сурати адабиёти шифоҳии мардум, ривоят, устура, афсона, сурудҳо ва ғайра ба вуҷуд омад. Ин адабиёт адабиёти воҳиди Эрони таърихӣ ва фарҳангист, ки онро қавмҳои ориёиҳои эронӣ офаридаанд. Дар устураҳои қадими мардуми ориёӣ тасаввуроти онҳо дар бораи табиату ҳодисаҳои он, обу оташ, офтобу моҳтоб, раъду барқ, рустаниҳо, шикор ва муқобила бо ҳайвоноти ваҳшию ва амсоли инҳо инъикос ёфтааст. Бино ба таҳқиқи пажуишгарон, шеъри оғозин рангу бўйи паҳлавонӣ дорад ва ин шеър аз ривоятҳои усурай–ҷодуӣ дар бораи худоён ва нимахудоён машаъ гирифтааст. Баъдҳо паҳлавон ҷойгузини худои достон шуда ва шакли достон мутаносиб бо паҳлавони он тағир кардааст. Шеъри хамосӣ ё худ паҳлавонӣ бар асоси пажўҳиши донишманди амрикоӣ Алберт Лурд, шеърест, ки тавассути шоирони бесавод барои иҷрои шифоҳӣ тасниф шудааст.
Асотир, ривояту афсонаҳо дар адабиёти бостон дар ҳазораи аввали пеш аз мелод, ҳангоми ба миён омадани низоми табақотӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳамзамон дар ҳамон давраҳо силсилаи чеҳраҳои устураӣ –«қаҳрамонони маданӣ» офарида шудаанд, ки ба мардум тарзи зиндагӣ, ром кардани ҷонварон, риштану бофтани пушидани либос, сохтани манзил афрўхтани оташ, сохтани афзори шикор ва киштукор, бофтани матоъ, киштисозӣ ва ғайраро омўхтанд, монанди Каюмарс, Хушанг,Ҷамшед, Фаридун ва дигарон.
Халқ чеҳраи қаҳрамонон – пешвоиёнеро низ офаридааст, ки ўро аз ҳаргуна бадиҳо ҳимоят карданд. Дар ҳамин давра ормонҳои мардумии «давраи тиллоӣ», ҳукмронии одилонаи подшоҳони хаёлӣ пайдо шудаанд. Паҳлавононе ба монанди Рустам, Гаршосп ва дигарон мардумро аз деву париҳо ва ғоратгарону истилогарон ҳимоят мекунанд. Дар гуфтори шифоҳии мардум навъҳои ҳамосӣ, сурудҳои ошиқона, афсона, ривоят, масал, зарбулмасалу мақол ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Аз осори хатии қадим, ки дар заминаи фаҳлавиёт ташаккул ёфтааст, маълум мешавад, ки вазни ҳиҷоӣ ва унсурҳои савтиёт, нишонаҳои ибтидоии қофия маҳз дар асоси осори шифоҳӣ шакл гирифтаанд
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро аз толори шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас ва мутоли анамоянд.
Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.