Фарҳанги САЛОМ

Дар ойинҳои мардумӣ салом ҳам гуногун аст. Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму ойини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рў, дар байни мардум мегўянд, ки “салом қарзи Худост”

Салом, амну амонӣ, сулҳ, оштӣ, таҳният, осудахотирӣ ва дуруд ба якдигар фиристодани одамон. Салом калимаи арабӣ буда, як навъ дуо аст, ки одамон барои ҳамдигар мегўянд: дуруд расониданд ба якдигар, яъне саломату бегазанду тандурусту хайр, офият гуфтан аст. Салом яке аз муҳимтарин ва маъмултарин одоби муоширати тоҷикон аст. Ду нафар ё гурўҳи  одамон, ки бо ҳамдигар рўбарў мешаванд, пеш аз ҳама бо калимаи “салом” бо ҳам дигар муроҷиат менамоянд. Касе, ки “Асалому алайкум”яъне сулҳу амонӣ бар шумо гуфт, тарафи муқобил низ “ва алайкумуссалом”, сулҳу амонӣ бар шумо мегўяд.

Ҳангоми вохўрии ду нафар барои салом кардан калима ва ибораҳои зеринро ба кор мебаранд: ”салом”, “саломалейкум”, “саломалек”, “салом бар шумо”, “салом гуфтем”, “салому сад салом”, “бо арзи салом” ва ғайра. Маъмулан дар ҷавоб ба ҷуз “ваалайкум ассалом”, ба таври мухтасар “салом” низ мегўянд.

Калонсолҳо ва ё вазифадорон бештар барои ҷавоби саломи хурдсолон, тобеон, ошноҳо сари худро меҷумбонанд. Аз ҳамин Салом –и аввал ҳамаи корҳои муҳимми одамон шурўъ мешавад.

Салом дар фарҳанги суннатии тоҷик бисёр муҳим буда, аз хонавода шурўъ мешавад. Падару модар аз замони хурдсолӣ фарзандони худро барои салом додан роҳнамоӣ мекунанд. Ҳатто кўдак, ки аввалин сухан ёд мегирад, аҳли хонавода пеш аз ҳама ба вай бо ҳамон лаҳни ширини кўдакона: “ассалом гўй”, ассалом гўй”, ”ба очааш салом гўй”, “ба дадааш салом гўй” ва амсоли инро гуфта, ба ў салом гуфтанро ёд медиҳанд.

Дар ойинҳои мардумӣ салом ҳам гуногун аст. Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму ойини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рў, дар байни мардум мегўянд, ки “салом қарзи Худост

Дар мероси фарҳангӣ,таърихӣ ва адабии мо оид ба одоби муоширати салом гуфтан зиёд навиштаанд. Фирдавсӣ дар ҳамосаи безаволи худ “Шоҳнома” ҳамчун одоби муоширати байни одамон ва ҳатто кишварҳо муҳим будани “салом”-ро борҳо ба ёд меорад:

Магар бо дуруду паёму салом
Ду кишвар шавад з-ин сухан шодком.

Дар асри таърихии мардуми форсизабон “Таърихи Байҳақӣ” низ бар одоби салом гуфтан ишорат шудааст: “салом бар ту бод раҳмату баракатҳои эзадӣ”.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ низ ба тарзи танзомез оид ба саломи баъзе ашхос гуфтааст:

Бетамаъ нашнидам аз хосу ом
Ман саломе, ай бародар, вассалом.

Салом ҳамчун одоби муоширати байни одамон он қадар муҳим аст, ки ҳатто дар зарбулмасалу мақолаҳои тоҷикӣ ба аҳамияти ахлоқии он таъкид шудааст:  “салом додан ҳам қарзу ҳам фарз”, “саломи қишлоқӣ бетамаъ нест”, ”салом аз хурду калом аз калон”, “салом хурду калон надорад”, “салом аз мост, ҷавоб аз шумост” ва ғайра. Як навъи салом дар артиш аст, ки сарбозон ва раҳбарони онҳо панҷаҳои худро ба ҳамдигар ҷафс намуда, онро ба самти гўши рост то назди кулоҳи худ мебаранд. Ин амал ба якдигар салом гуфтани низомиён аст.

Салом дар раванди расму ойинҳо зиёд ба назар мерасад. Ҳамин одоби салом додан аст, ки дар раванди маросимҳои ҷашни арўсӣ истилоҳи “саломнома”, “саломномахонӣ”, “салмотиён” зиёд ба назар мерасад.

Як нуқтаи ҷолиб дар арўсии тоҷикон ин аст, ки баъди арўсро ба хонаи домод бурдан, дар баъзе минтақаҳо арўс ҳар пагоҳӣ барои салом додан ба назди хусуру хушдомани худ мебарояд. Дар чунин ҳолат арўс бо садо салом намегўяд, балки се бор ва ё ҳафт бор таъзимкунон “салом” медиҳад.

Дар байни мардум,вобаста ба мавқеи ба ҳам рў ба рў омадан, анвои гуногуни салом мавҷуд аст: бо даст, бо оғуш кашидан, сарҳоро бо ҳам расонидан, бо нўги дастҳо, бо ишораи чашмҳо, бо дастафшонӣ ва ғайра.

Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм) ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир ба

фарҳанг ва ҳунар