Фарҳанг хастии миллат

    Ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абаркудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халқи тоҷик ҳамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарҳаги хоси худ, ҳамеша суннатҳои аҷдодии худро эҳтиром ва нигоҳ медорад. Фарҳанг аз калимаи лотини «cultura» гирифта шуда маънои тарбия, омӯзиш, тараққиёти рафторро дорад.

     Калимаи «Фарҳанг» маънои васеъ дорад. Маҷмӯм дастовардҳои моддӣ ва маънавие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд. Зарур аст, махсусияти фарҳаги миллӣ ва гуногунранги фарҳангҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда шавад, анъанаҳои беҳтарину хусусиятҳои хоси фарҳанги миллӣ давом ва ривоҷ дода шавад. Ҳар халқ фарҳанги худро дорад, анъанаҳои худро дорад, анъана ва мероси фарҳангӣ ин сарвати маънавӣ бо хусусияти хоси миллист, ки сарчашмаи хушкнашавандаи нерӯҳои эҷодии арбобони фарҳангу санъат аст.

    Фарҳанг, ки ҳар якаш ба таври худ нодир аст, дар худ рӯҳ ва хислати халқи соҳиби ҳамон фарҳангро таҷассум мекунад.  Фарҳанг дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқиятҳо ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама гуна талошҳо комёб мебошад. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэъдимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

     Хулоса: Фарҳанг рӯҳи миллат аст, вай яке аз қисмҳои таркибии муҳимтарини мероси умумии кули инсоният, таҷасуми анъанаҳо ва шароити воқеии ҳар як мамлак мебошад. Фарҳанг, мисли як чашма об, ҳама чизи зиндаи рӯи заминро оҳиставу ноаён ҳаёт мебахшад. Фарҳанг ва фақат фарҳанг қобиляти ҳақиқатан ҳам ба афкор ва дилҳои инсонӣ таъсир расонидан дорад.

   Роҷеъ ба Фарҳанги мардуми тоҷик: Анъанаҳои шифоҳӣ, санаъати иҷроӣ, ҷашну маросимҳои анъанавӣ, донишҳои суннатӣ, касбу ҳунарҳои анъанавӣ, хурокҳои суннатӣ, варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона ва ғайраҳо хонандагон метавонанд аз китобҳои зерин иттилои бештар пайдо намоянд:

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (ҷилди 1). Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: Душанбе, 2015.

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (ҷилди 2). Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: Душанбе, 2017.

3. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. Душанбе: ЭР – граф, 2017.

Диловар Солиев,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.