Нахустин устоди рақси миллӣ
Яке аз чеҳраи гиромиву шинохтаи санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд то соли 1934 дар Театри мусиқии Ўзбекистон ба ҳайси артисти балет фаъолият менамояд. Солҳои 1934 – 1939 ҳамчун артисти балет ва балетмейстри Театри мусиқии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ кор мекунад. Аз 1939 то соли 1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Соли 1934 дар Тоҷикистон Театри мусиқӣ таъсис меёбад ва Ғаффор Валаматзодаро барои идома додани фаъолияти кориаш ба ин Театр, ки номи Лоҳутиро гирифта буд, даъват мекунанд. Оғози кор дар саҳнаи театр душвориҳо дошт. Ғаффор Валаматзода ва ҳунарпешагони театр дар назди худ вазифа гузоштанд, ки барои таҳия ва ба маърази тамошобинон гузоштани асари саҳнавӣ, ба вижа рақси тоҷикӣ, зарур аст, ки дастовардҳои эҷодиёти халқро мавриди омўзишу таҳқиқ қарор диҳанд. Дар он айём рақси тоҷикӣ пурра мавриди омўзиш қарор нагирифта буд. Ин вазъият санъаткорони ҷавонро водор сохт, ки ба ноҳияву деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, ба хусисиятҳои хоси намудҳои мухталифи эҷодиёти халқ, аз қабили эҷодиёти ҳаваскории бадеӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошно шаванд.
Таваҷҷўҳи онҳоро бештар таърихи пайдоиши рақсҳои қадимаи мардумӣ, алоқамандии онҳо ба таърих, урфу одат, расму оини маҳал, истифодаи нақшу нигори миллӣ дар бойгардонии мазмуни рақс, тарзу усул ва хусусиятҳои хоси иҷроиши рақсҳо ба худ ҷалб карданд.
Метавон гуфт, ки санъаткорони ҷавон ба мақсади худ расиданд. Онҳо тавассути ба намоиш гузоштани барномаҳои ҳунарӣ, мулоқоту вохўриҳо бо пиронсолони деҳот, омўзиши фаъолияти дастаҳои худфаъолиятии ҳунарии маҳалҳо тавонистанд маводи зиёди заруриро барои бунёду таҳияи намоишномаҳои нави мусиқӣ-хореографӣ ҷамъ оваранд. Ин мавод ҳамчун манбаъи нодир дар таҳияи силсилаи рақсҳои миллии тоҷикӣ барои намоишномаҳои «Восеъ» (с. 1937, бо ҳамкории М. Файзибоева), «Лола» ва «Шўриши Восеъ» (с. 1939, бо ҳамкории А. Исломова ва А. Проценко) мавриди истифода қарор гирифтанд.
Моҳи марти соли 1940 Ансамбли тарона ва рақси тоҷикӣ таъсис меёбад, ки дар ҳайати он 75 нафар мутрибону ҳофизон ва раққосон аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ шомил буданд. Ҳайати ансамбл наздик ба 100 асарҳои классикию халқӣ, қадимаю нави вокалӣ ва хореографӣ ҷамъ намуда, онҳоро такмил доданд ва ба Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав пешниҳод намуданд, ки дар ин кор саҳми Ғаффор Валаматзода хеле калон аст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ба тамоми ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таъсир расонид ва тақозо намуд, ки ҳар як фарди ватанхоҳ фаъолияти хешро ба шароити замони ҷанг мувофиқ созад. Аз ин рў, дар репертуар ва барномаҳои консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишномаҳо, сурудҳо, рақсҳои халқӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ ворид карда шуданд, ки бозгўкунандаи вижагиҳои давраи ҷанг буданд.
Ғаффор Валаматзода ҳамчун устоди рақс дар таҳия ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул» (с. 1941), «Розия» (26 декабри соли 1942) «Тоҳир ва Зўҳро» (5 декабри соли 1944) саҳми муносиб гузоштааст. Ў на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар майдонҳои ҳарбу зарб ва дар байни ҷанговарони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертию ҳунарӣ, ки қаблан тарҳрезӣ шудабуданд, ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсину эҳтиром гаштаст.
Метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои сиюм ва нимаи якуми солҳои чилум барои Ғаффор Валаматзода солҳои воридшавӣ ба олами беканори санъати хореографӣ, омўзишу таҳқиқ ва нишон додани истеъдоди баланди касбӣ дар ҷодаи интихобкардааш маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин истеъдоди баланди касбиаш ба ў имконият дод, ки ҳамчун устоди рақс дар таҳияю ба саҳнагузории аввалин намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аз қабили «Восеъ», «Лола», «Шўриши Восеъ», «Ду гул», «Розия», «Таҳмоси хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зўҳро» саҳм гузорад.
Барои хизматҳои шоёнаш дар пешбурди санъати хореографии тоҷик ва иштироки фаъолонааш дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва Ғаффор Валаматзода бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (с. 1941) мукофонида шуда, соҳиби унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» (с. 1941), «Артисти халқии РСС Тоҷикистон» (с. 1945) мегардад. Ин қадрдониҳо далели он аст, ки Ғаффор Валаматзода ҳанўз дар солҳои ҷавониаш худро ҳамчун санъаткори асил муаррифӣ намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Ғаффор Валаматзода барои боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардан ба нозукиҳои санъати хореографӣ соли 1945 дар Театри Калони ИҶШС ва Омўзишгоҳи хореографии шаҳри Москва ҳамчун коромўз сафар намуда, шиносоӣ бо олимону мутахассисони варзидаи соҳаи санъати хореграфӣ ўро водор сохт, ки дар яке донишкадаҳои тахассусӣ таҳсил намояд. Ў соли 1946 ба Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва шомил шуда, онро соли 1951 бомуваффақият хатм менамояд.
Пас аз хатми Донишкадаи олии касбӣ ў ба сифати сарбалетмейстри Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифои вазифа мекунад. То оғози кор дар ин вазифа бо саъю кўшиши Ғаффор Валаматзода намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Князь Игор», «Оршин мол-олон», «Сарчашмаи бахт» рўи саҳна омаданд.
Аввалин кори мустақилонаи Ғаффор Валаматзода дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. Роҷеъ ба ин намоишнома мулоҳизаи ҷолиби мутахассисони соҳа баён ёфтаанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов чунин менигорад: «Аввалин спектакли офаридаи Валаматзода балети «Лайлӣ ва Маҷнун» мебошад, ки он соли 1947 барои театр марҳилае гардид. Дар ин намоишнома бори аввал дар балети тоҷик рақси классикӣ фаровон истифода бурда шуд ва бори аввал дар он элементҳои рақси миллии тоҷикӣ пайваст гардид. Дар ин хусус собиқ вазири маданияти Тоҷикистон Меҳрубон Назаров низ андешаҳои худро баён кардааст: «Спектакли мароқовари театр – аввалин спектакли мустақилонаи балетмейстри ҷавон, яке аз асосгузорони театри тоҷик Ғаффор Валаматзода буд. Ин устоди забардасти рақс аз ганҷинаи рақсҳои миллӣ ва техникаи хореографияи пешқадами классикӣ истифода бурда ва дар балет онҳоро моҳирона ба ҳам пайваста тавонист. Дар натиҷа спектакли аз ҷиҳати бадеӣ хеле баланде ба вуҷуд оварда шуд».
Дар байни балетҳое, ки Ғ. Валаматзода ба саҳна гузоштааст, «Лайлӣ ва Маҷнун» беҳтарин балет мебошад. Соли 1949 намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС мегардад ва таҳиягари он – Ғаффор Валаматзода низ соҳиби ин ҷоиза мешавад.
Солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-ум Ғаффор Валаматзода дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмералда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Роҳи пуршараф», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи кўҳӣ» кўшиши зиёд ба харҷ дод.
Ансамбли «Лола» соли 1965 бо саъю кўшиш ва чаҳду талошҳои бевоситаи Ғаффор Валаматзода созмон ёфт. Ғаффор Валаматзода ба ҳайси муассис, роҳбари бадеӣ ва балетмейстр барои шаклгирию рушдёбии ансабли навбунёд саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо ташаббуси ў истеъдодҳои нав, ҳунарпешагони ҷавон барои пешбурди фаъолияти ансанбл ба кор даъват карда шуданд, аз ҷумла, Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумаева, Ҳалима Эркаева, Шарофат Рашидова ва беш аз 90 нафар истеъдодҳои ҷавони соҳаи хореграфӣ.
Ҳангоми тарҳрезии барномаҳои ҳунарии ансабл таваҷҷўҳи асосӣ ба таҳияи рақсҳои миллии тоҷикӣ ва дигар халқҳои бародар дода мешуд. Зери роҳбарии ў ансамбли «Лола» яке аз ансамблҳои овозадор на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он маълуму машҳур шуд. Муваффақиятҳои ансамбл, мазмуну муҳтавои репертуари он, маҳорати иҷрокунандагии дастаи ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинону муҳаққиқон тавассути нашрияҳои даврии ватанию хориҷӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд ва ин мавод барои омўзишу таҳқиқ ва ошноии хуб пайдо кардан ба фаъолияти ансабл кўмак хоҳад расонд. Аз ҷумла, дар ин хусус, театршиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов чунин ишора кардааст: «Роҳбари бадеии «Лола» Ғаффор Валаматзода ансамбли худро танҳо бо рақсҳои тоҷикӣ маҳдуд накарда, аз рўзи ташкили он ба санъати рақсии халқҳои ИҶШС-и собиқ ва хориҷа муроҷиат менамуд. Дар барномаи даста рақсҳои ўзбекӣ, уйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ мустаҳкам ҷой гирифтанд. Аксари онҳо ба саҳна хуб гузошта шуда, аз тарафи ҳунарварон бо шавқу ҳавас иҷро мешаванд».
Рақсҳои ба саҳнагузоштаи Ғаффор Валаматзода, аз қабили: «Сайри лолаҳо», «Дашнободӣ», «Синахуруш», «Рўмол», «Мори печон», «Рақс бо доира», «Рақс бо тавлак», «Нағорабазм», «Ҷигарпора», «Чор зарб», «Калтакбозӣ», «Кордбозӣ», «Қайроқбозӣ», «Панҷ гул», «Қамчин», «Чалма», «Тўй», «Суруд ва муҳаббат», «Чархи дузону», «Ҳосилот», «Дугонаҳо», «Вохурӣ», «Ҷум-ҷаҳала» ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи назокату нафосат ҷолиб буда, ҳаракатҳои ҳамвору мавзун ва дилангез бештар таваҷҷўҳи тамошобинро ба худ ҷалб менамоянд.
Солҳои 1979–1981 Ғаффор Валаматзода ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва солҳои минбаъда роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри Ансамбли давлатии рақсии «Лола» кору фаъолият намуд.
Хизмати Ғаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарбияи истеъдодҳои ҷавон хеле назаррас мебошад.
Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати миллии тоҷик Ғаффор Валаматзода бо унвонҳои фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» (с. 1941), «Артисти халқии ИҶШС» (с. 1976), ҳамчунин ў дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (с. 1949), ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ (с. 1975), 2 ордени Ленин (с. 1957, 1986), 3 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (с. 1941, 1949, 1954) ва медалҳо сарфароз мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар иҷлосияи 38-уми бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО) таҷлили ҷашни 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои соли 2016 ворид шудааст.
Ёдоварӣ ва гиромидошти ҳунари асил ва заҳматҳои шоёни чунин фарзандони барўманди миллат садсолаҳо барои ояндагон намунаи ибрат маҳсуб меёбанд. Ҳар фарзанди фарзонаи миллат новобаста аз талаботи сиёсати замона ва гардиши айём бояд фарҳанги миллиро аз ҳама гуна зуҳурот эмин нигоҳ дорад ва барои дастрас ва огоҳии бештару дақиқи ояндагон ба рисолати таърихии фарҳанги миллат саҳмгузор бошад.
Манбаъ: Ғаффор Валаматзода: Китобномаи шарҳиҳолӣ.
Мураттиб, муҳаррир ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ
Шариф Тошев.
Душанбе: Эҷод, 2006. - саҳ.5-15.