Филм дар китобхона. Бовар мекунед? Мехоҳед филм тамошо кунед? Мо ҳоло ин гуна имкон дорем ва бойгониамон ҳам ғанист. Муҳим он аст, ки вақте ба Китобхонаи миллӣ омадед, лутфан ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми бино муроҷиат кунед. Ва дигар мушкиле нест.
Яке аз ин гуна филмҳо, ки ахиран дастрас шуд, филм-операи “Пиковая дама” аст, ки аз рӯйи повести шоири маъруфи рус Александр Пушкин рӯйи саҳна омадааст.
Муҳтавои филм-опера аз мавзўҳои дўстдоштатарини А. Пушкин дар бораи ҳолатҳои пешгўинашавандаи қисмат мебошад. Муҳандиси ҳарбии олмонӣ Ҳерман, ки як ҳаёти хоксорона дошт, ҳатто майлу рағбат ба қартабозӣ надошт, вале онро аз дур тамошо мекрад. Дар ин ҳол дӯсташ Томский дар бораи натиҷаи як бозии қимор нақл мекард, ки гӯё дар шаҳри Порис рух додаву онро бибиаш бохта буд. Вай мехост аз граф Сен–Жермена қарз гирад, вале ў ба ҷойи қарз ба ў сири бозиро ошкор мекунад. Бо шарофати ин сир ў бозиро бурид. Аммо Ҳерман бо роҳи фиреб шогирди ў Лизаро ба хонаи хоби ў дароварда бо истифода аз ҳар роҳ, зорӣ ё зӯрӣ мехост, ки аз ин сир огаҳ шавад. Дар ин вақт графина дар дасти Ҳерман тапончаеро дида, аз сактаи дил вафот мекунад.
Дар рўзи дафн ба назари Ҳерман чунин менамуд, ки гўё графиня чашмашро кушода ба ў нигарист. Бегоҳирўзӣ бошад рўҳи вай ба назди Ҳерман намоён шуда мегўяд, ки се карта, севу ҳафту туз ба ў бурди калон меоранд, танҳо ба он шарт, ки агар ў дар як рўз танҳо як маротиба бозӣ кунад, на бештар аз он. Графиня шарти дигар низ дошт: Ҳерман бояд ба Лизам ҳамхона шавад.
Баъд чӣ шуд? Баъдашро намегӯем, хубтар он аст, ки худи шумо онро тамошо кунед. Либреттои М.Чайковский “Пиковая дама” дар шакли комил дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мавҷуд аст ва шумо имкон доред онро ҳар вақти бароятон муносиб тамошо кунед.
Ва на танҳо ин.
Толори аудио-видеои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аз соли 2012 инҷониб фаъолият мекунад. Самти асосии фаъолият ин тарғиби фарҳанги миллӣ ва муаррифии санъати мусиқӣ театр ва кинои дигар кишварҳо мебошад. Қобили зикр аст, ки дар толор ба ғайр аз пешниҳоди маводи аудио-видеоии марбут ба фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон, ҳамчунин як силсилаи маводи аудио-видеоии аз ҷониби Сафоратхонаи дигар кишварҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федероли Олмон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдим гардида маҳфуз аст.
Оинамо Имомназарова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар