Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов сиришташ, обу гилаш аз ҳунар аст. Ва ӯ ин асолати худододро дарк кардааст, ки дар ҳама марҳалаҳои умри пурсамар зина ба зина, дараҷа ба дараҷа қобилият ва истеъоди хешро ривоҷу равнақ дода, сайқал ва комил мегардонад.
Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1974, Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1990, Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм кардааст 1960.
Аввал актёри театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ 1960-1961 ва аз соли 1961 актёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ.
Носир Ҳасанов зиёда аз 50 нақши ҷолиб офаридааст. Нақшҳои ӯ асосан лирикию драмавиянд.
Образҳои Маҳмад («Нурхон»-и К. Яшин, 1961), Раҳмат («Ҳукми модар», 1963) ва Хуршед («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим («Хуррият» 1964) ва Масхарабоз («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ (Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967), Саша («Корвони бахт»-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев («Сарбозони Инқилоб»-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит («Шаби гирифтаи моҳ»-и М. Карим, 1972), Шокирхон («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим («Вопасин арӯси амиралмуъминин-и» Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров, 1984), Загареский («Додаз дасти ақл»-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қобили беҳтариҳояд.
Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа («Бачаҳои Помир», 1967), Қарошир («Ниссо», 1966), Носир («Ҳасани аробакаш», 1966), Дадаҷон («Ҷӯра - саркор», 1970), Мудири анбор («Асрори оила»), 1984)-ро хеле ҷозибанок офаридааст. Аз соли 1963 узви Итиҳодияи киноматографияи Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1968) мебошад.
Иқтибосе буд аз китоби Абдулҳай Ховарӣ “Носир Ҳасанов”, ки соли 2005 дар нашрити “Адиб” чоп шудааст.
Ин маҷмӯа ба рӯзгори пуршебу фароз, фаъолияти пайваста дар саҳнаи театру саҳаи зиндагӣ ва ҳунари хосаи Ҳунармади халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов бахшида шуааст.
Китобро шумо аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа карда метавонед.
Таҳияи Бунафша Абдураҳимова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар