Тасма ё миёнбандест, ки дар гузашта мардону занони тоҷик ба миён мебастанд. Камарбандҳои занон нисбат ба камарбандҳои мардон бориктару нафистар сохта мешуданд ва аз ҳар гуна матоъҳои сахту мустаҳкам ва зебо таҳия мешуданд. Камарбандҳои мардон паҳнтар буд, ки онро аз чарми мустаҳкам месохтанд. Камарбанд дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим маъмулан аст.
Мардуми тоҷик,маъмулан,агар ба коре азм кунанд, ҳатман чизеро ба миён мебанданд. Бинобар ин камарбандро дар гузашта ба маънои навкар, пешхидмат, мулозим ва хидматгор ҳам ба кор мебурданд. Камарбанд ба ин маънӣ ашъори шоирони форс-тоҷик бисёр корбаст шудааст. Масалан:
Ҷуз камарбанд заминбўси ту нест,
Ҳар кӣ бар рўи замин тоҷвар аст.
Сўзании Самарқандӣ
Агар тоҷвар сар барафрохтӣ,
Камарбанди ў чокарӣ сохтӣ.
Низоми Ганҷавӣ
Ҳамчунин духтарони тоҷик ҳангоми арўсӣ ҳатман ба миён камарбанд мебастанд. Албатта, ин камарбанд на аз чарм, балки аз матоъҳои сахти базеб ё шоҳӣ дўхта мешуд. Амир Хусрави Деҳлавӣ ин маъниро, яъне ба маънии маҳбуба истифода шудани камарбандро дар байти зер овардааст.
Камарбанди ман омад пеши ман хандазанон имшаб,
Таваққуф кун,ки як дам бигзарам Парвину Ҷавзоро.
Аммо камарбанд бастан бештар хосси паҳлавонону лашкариён дар мусобиқаҳо ва набардҳҳо буд, зеро усули асосии мубориза дар гўштингирӣ ва зўрозмоӣ гирифтан аз камари ҳамдигар ба ҳисоб мерафт. Ин маъниро Абулқосим Фирдавсӣ дар байти зер хеле хуб овардааст:
Гирифтам камарбанди марди далер,
Зи зин баргусастам ба кирдори шер.
Камарбанди паҳлавононро маъмулан аз чарми мустаҳкам таёр карда, бо сангҳои қимматбаҳо оро медоданд. Масалан,камарбанди мардони Суғд бо зеварҳо, нигин ва сангҳои гаронбаҳову арзонбаҳо оро дода мешуданд.
Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирўзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд. Камарбанд бастан имрўз ҳам дар байни тоҷикон маъмул аст. Дар ноҳияи Ишкошим занон ҳанўз ҳам ба миёнашон камарбандҳои тўрӣ, арўсони Бадахшон аз болои куртаи арўсӣ камарбанди латагии сурху сафед мебанданд. Баъзан чунин камарбандҳоро бо нақшҳои гардуна оро медиҳанд. Гўштингирони тоҷик дар мусобиқаҳо камарбандҳои гуногунро ба камар мебанданд. Дар бисёр мусобиқаҳои зўрозмоии сатҳи ҷаҳонӣ ба камари ғолибон камарбанди ғолибият баста мешавад.
Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.