Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба: Адиби ҷанговар Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ
Аз ҷумлаи адибони ҷанговар аст. Достонаш дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бо номи «Шаби пеш аз марг» аз он таъсирбахшу ҷолиб иншо шуд, ки саҳнаҳои ошноро рӯйи коғаз овард. Адибе, ки наср ҳам навишту назм ҳам, ҳаҷв ҳам иншо карду очерку публистистика низ.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ 7 –уми январи соли 1924 дар деҳаи Лангарибобои ноҳияи Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми омўзишгоҳи омўзгорӣ ба ҳайси муаллим кор кардааст. Соли 1942 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, дар муҳорибаҳои Орёл ва Витебск иштирок намуда, соли 1944 баъди захмӣ шудан ба хона баргашт.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ котиби масъули рўзномаи шаҳрӣ, хабарнигори ноҳияҳои шимолӣ, мудири шуъбаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррири рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва моҳномаи «Машъал» будааст.
Соли 1958 факултаи рўзноманигории Донишгоҳи олии ҳизбии Маскавро хатм карда, корманди ҳизбӣ, сардори шуъбаи санъати Вазорати фарҳанг, сармуҳаррир ва баъдан раиси нашриёти «Ирфон», муовини аввали раиси Ҷамъияти китобдўстони ҷумҳур будааст.
Аз ибтидои солҳои 1940 шеъру ҳикояҳояш чоп мешаванд. Соли 1948 маҷмўаи аввалинаш бо номи «Суруди бахт» чоп шуд. Солҳои 1958-59 достонҳои бачагонааш «Гуфтугў бо меҳмон», «Қиссаи пахта», « Писарчаи ҷаҳондидаи ман» ба табъ мерасанд. Соли 1959 маҷмўаи калони ў «Гули баҳор» чоп шуд. Баъд аз як сол мунтахаби ашъораш ба забони русӣ нашр гардид.
Силсилаи «Оҳангҳои дўстӣ» (1964) самараи сафари шоир ба Афғонистон аст. Достони «Шаби пеш аз марг», ки бо қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Тўйчӣ Эрйигитов бахшида шудааст, соли 1965 чоп шуд ва соли 1968 дар Маскав ба русӣ ҳам ба табъ расид.
Баъдан маҷмўаҳои «Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Машъалафрўз» (1987), «Минбари шоир»(1988), «Солнце в чемодане» (1986), «В смерте рожденная любовь» (1990), «Колибель» (1990) ва «Ашки ширин»(1995) нашр шудаанд. Инчунин ў муаллифи достонҳои «Шоҳиди зинда» (1985), «Қиссаи нави «Юсуф ва Зулайхо» (1988) мебошад, ки ба забонҳои дигар тарҷумаю нашр шудаанд.
Пйесаҳояш «Қаҳрамонони ҷавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Таркиш» (1975) ва «Шайтон» (1980) ва ғайраҳо, ки дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ таҳия шудаанд, дар маҷмўаи «Таркиш» (1984) гирд оварда шудаанд.
Китоби ашъораш борҳо ба забонҳои русӣ, узбекӣ, озарӣ, шеърҳои алоҳидааш дар Финландия, Эрон, Афғонистон, Чехословакия, Фаронса, Лаҳистон, Булғористон, Украина, Белорусия ва дигар мамлакатҳо чоп шудаанд. Шеърҳои Сергей Михалков, Мўсо Ҷалил ва Ҷаннӣ Родариро тарҷума намудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Фадеев мебошад.
Бо нишонҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (дараҷаи якум), «Нишони фахрӣ» ва чандин медалу ифтихорномаҳои Тоҷикистону Белоруссия мукофотонида шудааст.
Осор
Қаҳҳорӣ, А. Писарчаи ҷаҳондидаи ман. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1961. – 15 с.
Қаҳҳорӣ, А. Шаби пеш аз марг: Достон. – Душанбе: Ирфон,1964. – 40 с.
Қаҳҳорӣ, А. Оҳангҳои дўстӣ / Муҳаррир М. Фарҳад. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 96 с.
Қаҳҳорӣ, А. Шукуфаҳои аз хун дамида. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 44 с.
Қаҳҳорӣ, А. Илҳом. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 44 с.
Қаҳҳорӣ, А. Аз паси ситораҳои паррон / Муҳаррир О. Ҳамроев. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 64 с.
Қаҳҳорӣ, А. Рангинкамон. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 333 с.
Қаҳҳорӣ, А. Повестҳо ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон,1980. – 286 с.
Қаҳҳорӣ, А. Таркиш. – Душанбе: Ирфон,1981. – 192 с.
Қаҳҳорӣ, А. Гардиши айём. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 96 с.
Қаҳҳорӣ, А. Нишондиҳандаи ҳаёт. – Душанбе, 1984. – 34 с.
Қаҳҳорӣ, А. Гули шом. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 366 с.
Қаҳҳорӣ, А. Машъалафрўз. – Душанбе: Адиб, 1987. – 176 с.
Қаҳҳорӣ, А. Киссаи нави Юсуф ва Зулайхо: Шеърҳо ва очеркҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 240 с.
Қаҳҳорӣ, А. Ашки ширин. – Душанбе: Адиб, 1995. – 192 с.
Қаҳҳорӣ, А. Конибодом. – Душанбе: Илҳом, 1999. – 96 с.
Қаҳҳорӣ, А. Умри ғанимат. – Душанбе: Адиб, 2000. – 128 с.
Қаҳҳорӣ, А.Тамошои дидор: Песа // Хорпуштак. – 1955. – №3. – С. 2-3.
Қаҳҳорӣ, А. Мунираи мактабхон: Ҳикоя // Машъал. – 1959. – №2. – С. 17 -19.
Қаҳҳорӣ, А. Суратбоз; Муболиға: Ду ҳаҷвия // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 18 октябр.
Қаҳҳорӣ, А. Дарахти биҳишт: Ҳаҷвия // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 16 январ.
Қаҳҳорӣ, А. Марги аризабоз: Ҳаҷвия // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 31 март.
Қаҳҳорӣ, А. Тазоди зиндагӣ; Дар ҳалқаи дўстон: Хотираҳо дар бораи М .Турсунзода, Б. Раҳимзода, ва М. Миршакар // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 9 сентябр.
Дар бораи А.Қаҳҳорӣ
Амонов, Р. Сарсухан: Дар бораи шеърҳои шоир А. Қаҳҳорӣ, таасуроти аз сафари Афғонистон ҳосил намудаи ўро таҷассум кардаанд // А. Қаҳҳорӣ. Оҳангҳои дўстӣ. – Душанбе,1965. – С.5-8.
Табаров, С. Ашъори хуб дар васфи дўстӣ ва ҳаёт: Дар бораи асарҳои « Оҳангҳои дўстӣ» ва «Шаби пеш аз марг» - и А. Қаҳорӣ, ки ба мукофоти ба номи Рўдакӣ пешниҳод карда шудаанд // Маориф ва маданият. – 1965. – 21 октябр.
Мирзозода. Х. Илҳоми дўстӣ: Дар бораи маҷмўаи «Оҳангҳои дўстӣ» - и А. Қаҳорӣ, ки ба мукофоти Рўдакӣ пешниҳод шудааст // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 13 октябр.
Худойдодов, Б. Шоистаи мукофот: Дар бораи достони «Шаби пеш аз марг» ва маҷмўаи шеърҳои «Оҳангҳои дўстӣ» - и А. Қаҳҳорӣ, ки ба мукофоти ба номи Рўдакӣ пешниҳод карда шудааст // Маориф ва маданият. – 1965. – 5 октябр.
Алиёрова, Г. Таркиш: Пйесаи А. Қаҳҳорӣ дар саҳнаи театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Рўдакӣ // Бадахшони советӣ. – 1974. – 17 ноябр.
Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонидани нависандаи халқи тоҷик А. Қаҳҳоров // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 21 ноябр.
Фозилов, Н. Адиби ҷанговар: Бахшида ба 90 – солагии зодрўзи шоири халқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти умумииттифоқии ба номи А. Фадеев А. Каҳҳорӣ // Минбари халқ. – 2014. – 9 январ.
Бо истифода аз маводҳои
энсиклопедӣ таҳияи
Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ