Низомуддин Алишери Навоиро бишносем

Дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – ду шоири маъруф ва ду донишманди муътабар намунаи таърихии дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон аст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва одӣ шудани равобит миёни ду кишвар бори дигар ёдҳоро ба таърихи куҳан бурд. Бори дигар номи Алишери Навоӣ ва Абурраҳмони Ҷомӣ вирди забонҳо шуд. Дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе боғе дар ҳоли бунёд аст, ки номи Алишери Навоӣ дорад.

Кист Алишери Навоӣ?

Навоӣ, Фонӣ Низомуддин Алишер 9 феврали соли 1441 дар  деҳаи наздикии Ҳирот ба дунё омадааст, шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классики ўзбек, ходими давлатӣ.

Падари Навоӣ Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони  хонадони Темуриён буд. Ў чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сўҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кўдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде зоҳир намуд ва дар 15 солагиаш ҳамчун шоири зуллисонайн, ки ба забонҳои ўзбекии қадим  -  турки чиғатоӣ бо тахаллуси «Фонӣ» эҷод мекард, машҳур гашт.

Навоӣ дар Ҳирот, ҳукмрони Хуросон Ҳусайни Бойқаро таъин гардид ва баъдтар соли (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд. Навоӣ чун арбоби давлатӣ барои ободонии мамлакат, сохтмони мадрасаҳо, шифохонаҳо кўшиши зиёд менамуд, ба олимон, рассомон, мутрибон, шоирану хушнависон доимо дасти ёрӣ дароз мекард. Якҷоя бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании давр сарварӣ мекард. Солҳои 1447-1449 Навоӣ дар яке аз ноҳияҳои дурдаст – Астаробод ҳоким таъин шуд, вале баъд аз ду сол ба Ҳирот баргаша, аз корҳои давлатӣ даст кашид ва то охири умр ба кори эҷодӣ машғул гардид. Навои мероси адабию илмии фаровон, зиёда аз 30 маҷмўаи шерҳо, достонҳо, асарҳои насрӣ ва рисолаҳои илмӣ боқӣ гузоштааст. Солҳои 1492-99 Навоӣ аксари ашъори ўзбекиашро бо унвони «Хазоин-ул-маонӣ» дар чаҳор девон ҷамъ намуд. Ки онҳо ба чор давраи умри шоир мутобиқат доранд: «Ғароиб-ус-сиғар», «Наводир-уш-шубоб», «Бадоеъ-ул- васат», «Фавоид-ул-кибар». Маҷмўаи мазкур бо номи «Чаҳор девон» низ маъруф аст. Дар ин девонҳо зиёда аз 3130 ғазал ва шеърҳои гуногунжанри лирикӣ ҷой доранд. «Чаҳор девон» дар инкишофи назми ўзбек мавқеи баланде ишғол мекунад.

Навои ҳамчун шоир дар мактаби эҷодии адабиёти классикии халқҳои Шарқ, махсусан, форс-тоҷик тарбия ва ташаккул ёфтааст. Дар ашъори Навоӣ ғояҳои инсондўстӣ, адолатхоҳӣ, накўӣ ва накўкорӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Навоӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ як силсила қасидаҳо офаридааст, ки унвонҳои «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арбаа» маъмуланд. Қасидаи «Тўҳфат-ул-афкор», ки ба силсилаи «Ситтаи зарурия» дохил аст, соли 1476 ҷавобан ба «Луҷҷат-ул-асрор»-и Ҷомӣ ва «Дарёи-аброр»-и Хисрави Деҳлавӣ навишта шудааст. Қасидаҳои «Фусули арбаа» чаҳор фасли табиатро инъикос мекунанд.

Маҳорати Навоӣ дар офаридани «Хамса» низ ҷолиби диққат аст. Садриддин Айнӣ «Хамса»-и Навоиро «яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классики Шарқ» номидааст. Ин асари Навоӣ чун натиҷаи қонунии инкишофи назми эпики Шарқ ва хусусиятҳои беҳтарини анъанаи ҳамосасароӣ солҳои 1483-85 эҷод шудааст.

Асарҳои дигараш аз қабили «Таърихи мулуки Аҷам», «Ҳолоти Паҳлавон Муҳаммад», «Ҳолоти Ҳасани Ардашер», «Вақфия», «Муншаот» мебошанд. «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ба Ҷомӣ бахшида шудааст ва барои омўхтани равобити адабии халқҳои тоҷику ўзбек як манбаи хубест. «Насоим-ул-муҳаббат», ки тарҷумаи озоди «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомист, муносибати Навоиро нисбат ба устодаш боз ҳам равшантар мекунад. Дар омўзиши таърихи адабиёти ўзбеку форс-тоҷик ва робитаи онҳо «Маҷолис-ун-нафоис» (1491-98) аввалин тазкираи ўзбекист, ки дар бораи 459 адиб маълумот медиҳад. Навоӣ чун олими забоншинос «Муҳокимат-ул-луғатайн» ном асар офаридааст, ки дар он забони ўзбекӣ ва форсӣ-тоҷикӣ ба тарзи қиёсӣ тақиқ шудаанд. Навоӣ дар охири ҳаёти худ достони тамсилии «Лисон-ут-тайр» (1499) ва рисолаи иҷтимоию ахлоқии «Маҳбуб-ул-қулуб»-ро навишт. Дар «Маҳбуб-ул-қулуб» Навоӣ анъанаи «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Баҳористон»-и Ҷомиро ба тарзи хос идома додаст. Дар асар ақидаҳои иҷтимоӣ. Сиёсӣ ва фалсафии Навоӣ ҷамъбаст шудаанд. Навоӣ дар инкишофи адабиёти ўзбек ва адабиёти халқҳои турк забон: уйғурҳо, озариҳо, туркманҳо, туркҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва дигарон таъсири зиёде расонидааст.

 Эҷодиёти Навоӣ аз асри 15 то рўзҳои мо диққати адабиётшиносон, шарқшиносонро ҷалб намудааст. Дар навоишиносӣ хизмати В. В. Бартольд, Е. Бертельс, С. Айнӣ, Н. Конрад, О. Шарофиддинов,  А. Ҳайитметов, Н. Маллаев, А. Абдуғафуров, П. Шамсиев ва дигарон хеле  калон аст. Хусусан дар омўзиши Навоӣ хидматҳои устод Айнӣ ба  назар намоёнанд. Дар асоси асарҳои Навоӣ опера ва драмаҳо ба майдон омад, нависандагони советӣ –  Ойбек Уйғун, И. Султон, Б. Вадецкий, Л. Бать. Миркарим Осим дар бораи Навоӣ роман, повест, драма, достон ва ҳикояҳо офаридаанд. Драмаҳои мусиқии ўзбекии «Лайливу Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», ки дар асоси достонҳои Навоӣ таҳия шудаанд ва драмаи таърихии «Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва Иззат Султон, ки ба ҳаёт ва фаъолияти доманадори Навоӣ бахшида шудааст, дар театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд.

Дар байни халқҳои тоҷик, ўзбек, туркман, афғон оид ба Навоӣ ривоят ва ҳикоятҳои дилнишин вуҷуд доранд. Ҳаёт ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои миёна ва олӣ, аз ҷумла, мактабҳои тоҷикӣ омўхта мешавад.

Алишер Навоӣ  3 январи соли 1501 дар зодгоҳаш яъне Ҳирот вафот карааст.

Бозчоп аз  “Энциклопедияи советии тоҷик” . – Душанбе, 1980, Ҷ. 5.  –  С. 39-40.

Муаллиф: Б. Валихоҷаев

Ва аз  “Энсклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе, 1989. – Ҷ .2. – С. 405-407.

Муаллиф: А. Афсаҳзод

Аз Алишери Навоӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед мутолиа намоед:

Фарҳод ва Ширин. – Сталинобод: Тоҷикистон,  1958 . – 255 с.

Алишер Навои: Избранное. – Ташкент:  Изд-во "Укитувчи", 1978. –  247 с.

Смятение праведных: Отрывки из поэмы / Алишер Навои. –  Ташкент: Изд. ЦК КП Узбекистана, 1983. –  128 с.

Избранные стихотворения. –  Ташкент: ЦК КП Узбекистана, 1993. –  208 с.

Аз достони “Фарҳод ва Ширин” / Тарҷумаи М. Аминзода // Тоҷикистони Сурх. – 1940. – 27 сентябр.

Аз ғазалиёти Навоӣ – Фонӣ: Ҳаргиз; Ҷудои аз ёру диёр; Ба муносибати расидани мактуби Абдураҳмони Ҷомӣ; Ба Ҷомӣ // Тоҷикистони Сурх. – 1948. – 13 май.

Аз маст бипурсед, ки девона кадом аст?; Хуни ман резию май бо дигарон нўш кунӣ!; Чун бувад як дўст, будӣ кош душман ҳам яке!; Ҷуз васл мудавои дигар нест: Шеърҳо // Суруди дилнишин. – Душанбе, 1963. – С. 49-53.

Аз ашъори форсӣ-тоҷикӣ: Дар ҷавоби  ғазалҳои классикон С. Шерозӣ, Х. Деҳлавӣ, Хоҷа Ҳофиз, К. Хуҷандӣ, Котибӣ,  Амир Шоҳӣ ва А. Ҷомӣ // Садои Шарқ. – 1966. –  №8. – С. 116-131.

Ба хотири устод: Порча аз “Хамсат-ул-мутаҳайирин” // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 26 сентябр.

Аз “Садди Искандарӣ”; Аз “Лайли ва Маҷнун”; Аз “Фарҳод ва Ширин” Порча аз достон / Тарҷумаи Ҷонибек // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1989. – 9 феврал.

Хоҳӣ, ки бадат рў надиҳад, хушхў бош…” Рубоиёт аз “Девони форсӣ” / Таҳияи А. Муҳаммадӣ // Садои Шарқ. – 1991. – №1. – С. 85-90.

Дар боби давлати дўстиву хислати вафо: Шеър // Шараф. – 1991. – 5 январ.

Аз қасоид; Ғазал; Аз рубоиёт // Шараф. – 1991. – 25 июн.

Силсилаи қасоиди “Ситтаи зарурия” / Сарсухан аз Алӣ Муҳаммадӣ // Фарҳанг. – 1991. – №2. – С. 29-32.

Татаббўъи Хоҷа: Порча аз ғазалиёти “Девони форсӣ” // Тоҷикистони шўравӣ. – 1991. – 26 апрел.

Дар бораи Алишери Навоӣ

Айнӣ, С.  Алишер Навоӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1948. – 267 с.

Афсаҳзод, А. Оинаи дўстӣ: Дар бораи китоби Алишер Навоӣ «Ҳамсат-ул-Мутаҳайирин» Абдуқодир Маниёзов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1961. – 14 апрел.

Панҷ номаи Мавлоно Ҷомӣ: Мулоҳизаҳои Ҷомӣ дар хусуси шеъру шоирӣ ва назарияҳои адабии Алишер Навоӣ // Маориф ва маданият. – 1966. – 10 феврал.

Рустамов, Э. Ҷомӣ ва Навоӣ дар тадқиқи Е.Э. Бертельс // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 28 май.

Ниёзӣ, Ф. Авлодони Ҷомӣ ва Навоӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 21 май.

Афсаҳзод, А. Шоири забардаст ва мутафаккири бузург: Ба муносибати 525-солагии таваллуди Алишер Навоӣ // Мактаби советӣ. – 1968. – №9. – С. 8-12.

Аббосов, А. Шарқшинос Вяткин дар бораи Алишер Навоӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 19 май.

Афсаҳзод, А. Аҳду вафо: Ҷашнномаи Навоӣ // Садои Шарқ. – 1968. – №8. – С. 121-128.

Абдуллоев, А. Таърихи достони бародарӣ: Дар бораи Алишер Навоӣ // Маориф ва маданият. – 1969. – 9 январ.

Ҳомидӣ,  Ҳ. Навоӣ дар тасвири Ҷомӣ: Ба муносибати 529-солагии Рўзи таваллуди Алишер Навоӣ // Ҳақиқатӣ Ўзбекистон. – 1970. – 7 феврал.

Воҳидов, С. Инъикоси дўстӣ ва робитаҳои илмию адабии Ҷомӣ ва Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин» // Равобити адабии халқҳои тоҷик ва ўзбек дар асри XV. – Душанбе, 1974. – С. 88-114.

Ғаниева, С. Навоиномаи Садриддин Айнӣ: Ба муносибати 540-солагии Алишер Навоӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1981. – 10 феврал.

Мусулмонқулов, Р. Сарчашмаҳои форсӣ дар арўзи Навоӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Серияи шарқшиносӣ, таърих филология. – 1991. –  №3 (23). – С. 3-6.

Амонбеков, С. Робитаи дўстии Навоӣ ва Ҷомӣ: Ба пешвози 550 солагии А. Навоӣ // Коммунисти Шуғнон. – 1991. – 18 апрел.

Мирсаидов, Ҷ. Сароғози маънавӣ: Дар бораи ҳамкории Ҷомию Навоӣ ва андарзҳои онон оиди забон ва таълиму тарбия // Овози тоҷик. – 1992. – 3 январ.

Ғафуров, И. Алишер, адолат ва Шоҳзодагон: Бахшида ба зодрўзи  Алишери Навоӣ (Фонӣ) // Овози тоҷик. – 1993. – 9 феврал.

Самеъзода, А. Мулоқоти Восифӣ бо Алишер Навоӣ: Мерос // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 16,17 октябр.

Худойдодов, А. Муносибату истифодаи Навоӣ-Фонӣ аз ғазалиёти Ҳофиз //  Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Серияи шарқшиносӣ, таърих филология. – 1991. – №3(23). – С. 6-13.

Ҳидоятов, И. Равобити дўстӣ ва адабии Ҷомӣ ва Навоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 19 феврал.

Мақсудов, Б. Дастнависи тозапайдои девони Навоӣ: Дар бораи нусхаи девонҳои Туркии Алишери Навоӣ // Садои Шарқ. – 2016. – №11. – С. 139-147.

Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ