Моҳи ноябр зода шуда ва моҳи ноябр тарки олам кардааст. Аз ҳунармандони дӯстдоштанист. Овози хушу форам ва сабки нотакрори таронасароии вай замоне ҳамагонро шефтаи худ карда буд. Ду сол аз даргузашташ мегузарад, вале номаш имрӯз ҳам дар радифи маҳбубтарин сарояндагони кишвар боқист.
Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбўрнавози машҳур Боқиев Солеҳ омўхтааст. Аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони мусиқӣ Ф. Шаҳобов, Ф. Солиев, З. Шаҳидӣ дарси маҳорат омўхтааст.
Аз соли 1953 сароянда ва баъд роҳбари ансанбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ансамбли «Чаман») буд. Боқиева сарояндаи пурэҳсос ва соҳибзавқ буд, истеъдоди хуб ва овози софу ширадор дошт. Дар иҷрои сурудҳои халқию класикии тоҷикӣ маҳорати тамом дошта, сурудҳои русӣ, озарӣ, туркманӣ, ўзбекӣ, украинӣ, молдавӣ, қирғизӣ, афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва туркиро хуб мехонд. Сурудҳои «Эй машъали шарқ» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги халқ), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Раҳимзода, оҳанги З. Шаҳидӣ), «Духтари самарқандӣ» (шеъри Б. Фаррух, оҳанги С. Ҳамроев), «Ба Ватан» (Шеъри Ҳ. Юсуфӣ, оҳанги халқ), «Ёри надорӣ» (Шеъри Фоқиф, оҳанги Ф. Одинаев), «Гул ба боғ» (шеъри Зебуннисо, оҳанги Ф. Солеҳов), «Сабзинаранг» (халқ) ва ғайраҳо аз беҳтариин сурудаҳои ў мебошанд.
«Қӯшчинор» (ғазали Туғрал), «Баёти 5» (ғазали Рўдакӣ), «Қашқарчаи Савти Наво» (ғазали Ҳилолӣ), «Чоргоҳ» (ғазали Камоли Хуҷандӣ) ва дигар сурудҳои калассикӣ дар иҷрои ў садо додаанд.
Муслима Боқиева дар сурудҳояш Ватан, меҳнату суботкориҳо ва бахту саодати мардумро тараннум кардааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанон ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Эрон (1957), Афғонистон (1963,1973) ва Австрия (1961) сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
Муслима Боқиева ширкаткунандаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав (1957) ва Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷуён дар Москав (1957) мебошад.
Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди мусиқии тоҷик бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаст.
Моҳи ноябри соли 2016 дар синни 83-солагӣ аз олам рафт. Бино ба иттилои наздиконаш Муслима Боқиева дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2014. – Ҷ.3. – С. 43-44.
Дар бораи Муслима Боқиева дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи ба рафиқ М. Боқиева додани номи фахрии Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1971. – 22 июл.
Содирова, М. Бубули боғи санъат: Артистикаи халқии РСС Тоҷикистон Муслима Боқиева // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 18 ноябр.
Хушбахтии зан дар заковати ўст: Суҳбати рўзноманигорон М. Мирзоева ва Ф. Ҳабибуллоева бо ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслима Боқиева // Тоҷикистон. – 2010. – 20 март.
Ман ҳам аз Чернобил зарар дидам: Суҳбати Кароматуллои Аҳмад бо сароянда ва рубобнавози Ансанбли рубобчизанони Филармонияи давлатӣ Муслима Боқиева // Тоҷикистон. – 2011. – 3 март.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ