Дяков Алексей Михайловичро шиносем
Нашр шуд 2020-10-14 15:27
Дяков Алексей Михайлович 17 феврали соли 1896 дар губернияи Твер таваллуд шудааст. Ходими давлатӣ, муаррих, шарқшиноси рус, доктори илмҳои таърих (1948), профессор (1952), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Шўравии Русия (1967). Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи дуввуми Маскав (1921) ва Институти профессорони сурх.
Сардухтури дастаи марзбонони Русия дар Помир (1921-23); Комиссари халқии нигоҳдории тандурустии ҶМШСТ, баъдан ҶШС Тоҷикистон (1924-32) ва ҳамзамон мудири шуъбаи Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон, устоди Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ (1932-36), мудири шуъбаи нашриёти Бюрои осиёимиёнагии КМ Ҳизби умумишўравии коммунистӣ (болшевикон), ходими илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии масъалаҳои мустамликавии АИ ИҶШС (1936-38), Институти хоҷагии ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии АИ ИҶШС (1939-41); Институти Уқёнуси Ороми АИ ИҶШС (1945-50) ва Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1950-1974).
Дар солҳои фаъолияташ дар Вазорати нигоҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон бо ташаббуси Дяков аввалин беморхонаҳо дар ш. Душанбе, Кўлоб, ноҳияҳои Панҷакент, Ўротеппа (Истаравшан), Ҷиликўл, Ғарм (Рашт) ба фаъолият шурўъ намуданд.
Самтҳои асосии таҳқиқот: таърихи муосир, иқтисод, мардумшиносӣ ва забону адабиёти халқҳои Ҳиндустон.
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати ҶШС Тоҷикистон ва медалҳо сарфароз гардидааст. Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 (ҳоло Маркази миллии тиббии Тоҷикистон) 1988-2006 номи Дяковро дошт.
Бозчоп аз Энсклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 331.
Муаллиф: Расулиён, Қ.
Таҳияи Набиева Аниса
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.