Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи пурхонандатарин шеъру манзумаҳо ва яке адибони хушзавқу пуркор Нурмуҳаммад Ниёзӣ имрӯз дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Хабари марги ӯро пойгоҳҳои хабарии Интернет пахш карданд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамагӣ бист рӯз пештар ба синни мубораки 72 даромада буд. То ин соат садҳо тан аз ҳаводорони шеъри шоир аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ реҳлати шоири маъруфро тасаллият арз карданд.

НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд мебошад. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

Аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад.

Офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғ. мебошад.

 Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дар бораи вай ин матолибро метавонед мутолиа намоед:

Ниёзӣ, Н. Ҳақиқати лоиқ, хатм нашуд: Шеърҳо// Адабиёт ва санъат. – 2012. – 13 сентябр.

Ниёзӣ, Н. Кӯзаи ангур нигар…; Ғазали лалмӣ; Бо қаламе; Ту забони сабза донӣ: Шеърҳо бахшида ба Ҳисори шодмон// Адабиёт ва санъат. – 2ғ16. – 18 август.

Ниёзӣ, Н. Рамзи тоҷик:Шеър// Ҷумҳурият. – 2014. – 4 июл.

Ниёзӣ, Н. Сафар ба Бадахшон дар 70-солагиам тӯҳфаи ваҳдат буд: Мусоҳибаи рӯзнрманигор Т. Искандарзода бо шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ// Ваҳдат. – 2016. - №2. – С. 11-12.

Ниёзи, Н. Қитъа: Шеър// Адаб. – 2016. - №1. – С. 29.

Ниёзӣ, Н. Тоҷикистон, аҷаб дабистонӣ: Ман ҳамонам; Эй кӯҳ; Эй падар; Қиссаи тарсу ҳарос; Шаҳри офтобӣ: Шеърҳо// Пайёми Суғд. – 2017. - №3. – С. 52-62.

Ниёзӣ, Н. Содарустаме: Оиди силсилаи ашъори шоир Давлати Раҳмониён// Адабиёт ва санъат. – 2017. – 8 июн.

Ниёзӣ, Н. Қасри саодат: Шеър// Ҳақиқати Суғд. – 2017. – 23 ноябр.

Ниёзӣ, Н. Баҳори нозанин дил бохт Роғунро: Шеър// Адабиёт ва санъат. – 2018. – 8 март.

Дар бораи адиби маъруф:

Ба шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ: Шеърҳои солинавӣ// Адабиёт ва санъат. – 2016. – 22-29 декабр.

Аҳмадзод, М. Нишони меҳр дар ҳар мисраи ӯст: Ба муносибати 70-солагии шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ// Адабиёт ва санъат. – 2016. – 23 июн.

Сайфуллоев, А. Мавҷ андар мавҷ бошад шеъри ӯ: Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ// Адабиёт ва санъат.- 2016. – 20 октябр.

Тарҷумаҳои Нурмуҳаммад Ниёзӣ:

Евтушенко, Е. Пайдо кунӣ…: Шеър/Тарҷумаи Н. Ниёзӣ// Тоҷикистони Советӣ. – 1967. – 16 апрел.

Мустой, К. Борони нисфи рӯз: Шеър/ Аз русӣ тарҷумаи Н. Ниёзӣ// Ҳақиқати Ленинобод. – 1978. – 19 апрел.

Божилов, Б. Баёни ишқ дар мулки санавбарҳо: Шеърҳо/ Аз русӣ тарҷумаи Н. Ниёзӣ// Ҳақиқати Ленинобод. – 1980. – 3 октябр.

Александров, Ю. Кор; Дар ёди Помир; / Аз русӣ тарҷумаи Н. Ниёзӣ// Ҳақиқати Ленинобод. – 1981. – 19 декабр.

Ислев, Ё. Дурии хотираҳо: Порча аз достон/ тарҷумаи Н. Ниёзӣ// Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 9 сентябр.

Таҳияи Н. Валиева, З. Ғолибов,
кормандони Шуъбаи библиографияи миллӣ