Нашри панҷуми «История России: для таджикских трудовых мигрантов» дастраси хонандагон шуд

Аввали моҳи июни соли равон нашри панҷуми китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон Зафар Сайидзода «История России: для таджикских трудовых мигрантов» аз чоп баромад. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ин китобест аз таърихи Русия барои муҳоҷиронии кории тоҷик, касоне, ки муваққатан дар Русия мехоҳанд кор кунанд. Ҳадаф ошноии мухтасар бо таърихи мамлакатест, ки инсон мехоҳад дар он будубош дошта бошад.
Аз сӯйи дигар як шарти Ҳукумати Русия барои муҳоҷирини корӣ он аст, ки дар як сатҳи муайян забон, фарҳанг ва таърихи ин кишварро донанд. Зафар Сайидзода ин бори сангин ва заҳматталабро бар дӯш гирифтаву талош кардааст хеле мухтасару фаҳмо аз таърихи Русия барои муҳоҷирин ҳикоят кунад.
Ин панҷумин нашри китоб аст ва чун нашрҳои пешӣ иловаҳое ҳам дорад. Яъне, муаллиф аз нашр ба нашри дигар асарашро комилтар кардааст, маълумоти бештарро дар он ғунҷонидааст.
Муҳаррири масъули ин дастури илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва ВАО-и донишгоҳи ёдшуда Масрур Абдуллоев аст.

Дарёфти мавод: