Ту яке ҳадя бароям зи кафи дасти Худоӣ

Озар аз шоирони тозагӯст. Кам менависад, вале ба ҳадде хуб менависад, ки аз ҳар ғазалаш чанд шоҳбайт метавон пайдо кард. Шоири мушоҳидакор аст ва образҳову қаҳрамонҳои лирикиаш ҳаминзамонианд. Суханаш сода нест, вале зудфаҳм аст. Аз ҷумлаи шоирони фаъол дар саҳифаҳои иҷтимоист ва шеърашро бештари хонандагонаш аз ҳамин саҳифаҳо мехонанд ва атрофаш баҳс мекунанд. Дар замоне, ки нақди адабӣ кунд шуда, баҳои хонанда барои шоир беҳтарин нақд аст. Ва Озар инро ба хубӣ дарк мекунад.

Озар (Салимов Миралӣ) 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда, солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Кўлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994-1997) сармутахассис буда, солҳои 1997-2008 дар мақоми сухангўи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст. Соли 2008 котиби масъули бахши Қурғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.

Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд. Нахустин маҷмўаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмўаҳои  дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугўйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе, 2014. – С. 172.

Аз осори Озар Салим дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин шеъру мақолаҳоро бихонед:

Ирфони ҳино. – Душанбе: Эҷод, 2006. – 112 с.

Гуфтугўйи нахлу моҳ. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 100 с.

Кабутарона биё: Шеър // Наҷот. – 2015. – 6 август.

Шоире бо ашъор ва рўзгори мармуз: Баҳс сари забони хонаводаи Бедил // Садои Шарқ. – 2017. – №9 – С. 138-150.

Модар фаришта буд: Шеър // Бонувони Тоҷикистон. – 2018. –  №3. – С. 28.

Чу аз табори гулу хеши навбаҳоронӣ: Шеър // Мароми пойтахт. – 2018. – 20 март.

Қиссаи як шаб; Шеър дар занҷир; Ғурур: Ҳикояҳо // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 10 май.

Иқбол ва нигоҳи ў: Маълумоти мухтасар оиди маснавии «Асрори худӣ»-и Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 2 август.

 Шералӣ, С. Озар «Шеър фарёди хамушист…»: Мусоҳиба бо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Мактаб» Озар (Миралӣ Салимов) // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 30 июн.

Озар Салим: Шеъри шоири тоҷик Озар Салим // Нигоҳ. – 2016. – 2 март.

Мафтун, И. Модар фаришта буд: Мухаммас дар ғазали Озар Салим // Навиди Балх. – 2018. – 7 март.

Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Ин чанд шеъру ғазалу рубоиву дубайтиро интихобан барои Шумо, хонандагони азиз, пешкаш мекунем, ки аз саҳифаи шоир дар Фейсбук гирдоварӣ шудаанд:

ТАРОНАИ ФАРОМӮШ

Ғами ту хӯрдаву ғамбора шудам, ҳеч шудам,
Ба Худо, бекасу бечора шудам, ҳеч шудам.

Сўхтам баски чу истора ба ёдат ҳама шаб,
Ошики сўхтаистора шудам, ҳеч шудам.

Ҳамчу як қатраи шабнам ба хаёли гули субҳ
Ба замин хўрдаву садпора шудам, ҳеч шудам.

Шеъри испед шудӣ, ҳамсафарат лозим нест,
Ман чу як қофия бекора шудам, ҳеч шудам.

Тифл будӣ, ба балоғат бирасидӣ, рафтӣ,
Ман фаромўш чу гаҳвора шудам, ҳеч шудам.

ИШҚ

Аз ишқ, дило, биноз, аз ишқ, аз ишқ,
Бигдозу тарона соз аз ишқ, аз ишқ.

Холӣ бишаву дубора пур кун худро
Аз ишқ, аз ишқ, боз аз ишқ, аз ишқ.

ЧИЗЕ КИ ДИЛАМ СӮХТ БАРОЯШ...

Аҳдаш бишикаст агар, чи ғам? Ботил буд,
Чашмаш ба дигар? Наку бишуд, қотил буд.

Дил буд дар ин миён, ки шуд қурбонӣ,
Чизе ки дилам сўхт барояш, дил буд!

ДУБАЙТӢ

Раҳо кун аз сарат андешаи дил,
Чи бошад ғайри ҳасрат пешаи дил?

Нишони санги ҳар дасте намегашт,
Агар медошт қадре шишаи дил.

ГИРЯ

Чун рӯд на дар ҳузури кас гиря бикун,
Чун абр на пеши хору хас гиря бикун.

Бегиря намешавад, вале мисли сипеҳр
Рав пушти ҳазор абру пас гиря бикун.

ХОКБОРОН

Эй ки бар дидаи ҳам хок занед,
Абр донед чаро мегиряд?

Гиряи абр на бар ҳоли худ аст,
Ки бар аҳволи шумо мегиряд.

ХАТИ ИН НОМА АЁН АСТ

Ту ҳама хубу қашангӣ, ту ҳама нуру зиёӣ,
Ту яке ҳадя бароям зи кафи дасти Худоӣ.

Дили нозук натавонад, ки ғами ишқ бипӯшад,
Хати ин нома аён аст, кушоӣ-накушоӣ.

Ҳама шаб шодтар аз барг кунам рақс ба пешат,
Чу насиме ба суроғам агар аз лутф биёӣ.

Кош борон шаваму нарм зи ҳар панҷара пурсам,
Ки куҷоӣ ту, куҷоӣ ту, куҷоӣ ту, куҷоӣ?

Бемурувваттарӣ аз хеши тавонгаршуда, эй дӯст,
Ки суроғат кунам, аммо зи дари ман надароӣ.

Ҳамаи мардуми ин шаҳр биёянд суроғам,
Чу бидонанд, ки шеърӣ туву дар дафтари моӣ.

СУОЛ БА МОДАР

Дерест, маро фикр бад ин банд бувад,
Дӯкони ҷаҳон чаро пур аз фанд бувад?

Қанди кафат аз куҷо харидӣ, модар?
Ҳар қанд, ки мехарам, на он қанд бувад.

РУБОӢ

Дар фасли хазон, ки боғ аржанг шавад,
Ҳар ток чу шоҳкори фарҳанг шавад.

Гар хӯша зи равшанӣ шавад дасти Калим,
Худ ток асои аждаҳоранг шавад.

               ****   ***   ***

Ҳилоли моҳ метобад, зи пушти шохаҳо имшаб,
Ва мехонад маро сўяш чу дасти ошно имшаб.

Сабо Хусрав бувад, Фарҳод булбул, духти гул Ширин,
Бубин ин қиссаро дар боғ чун дар синамо имшаб.

Магар ҷои чароғи ҷодаҳо дилҳо фурўзонанд,
Ва ё Қадр асту тобад ҳар тараф нури Худо имшаб?

Дақиқан, оҳи дардолуди ман то осмон рафтаст,
Ки ашкистора мебинам ба чашмони само имшаб.

Шаби ишқ аст,аммо синаам аз дард мехоҳад,
Кашидан сайҳае чун селҳо дар тангно имшаб.

Ба ранги шўълаам Озар, дигар аз ман чи мепурсӣ,
Зи оҳе меравам аз даст бар дасти фано имшаб.
ОЗАР