Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ»
Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Эпоси «Гӯрғулӣ» дар ҳаёти маънавӣ ва мадании халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноњияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Эпоси «Гӯрғулӣ» таърихест, ки ба василаи ровиён аз гузаштаи пурпайкору диловарии аҷдоди тоҷикон қисса мекунад.
Мардуми тоҷик бо унвони «Гӯрғулӣ» як силсила достонҳои манзуму мансур дорад. Аксарияти достонҳои эпос манзуманд ва сароида мешаванд, ки онҳоро мардум «достон», «банд» ва «шоха» меномад.
Тадқиқи эпоси «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ солҳои 1930 шурӯъ шуда буд. Аввалин касе, ки дар бораи он маълумоте нашр кард. А. Н. Болдырев мебошад. Баъдтар И. С. Брагинский ва Р. Амонов онро васеътар омӯхтанд. Бо номи «Гӯрғулӣ» ва «Кӯрӯрғлӣ» дар байни ӯзбекон, туркманҳо, озарбоҷонию арманҳо, курдҳои советӣ, қарақалпоқу қазоқҳо, лақайҳо, даризабонони Афғонистон як силсила достонҳои қаҳрамонӣ паҳн гаштаанд. Дар Туркия ва Озарбойҷон эпоси мазкур бо унвони «Короглу» (писари кӯр) интишор ёфта, шахси таърихӣ будани қаҳрамони асосии он Короглу исбот гардидааст. Дар байни халқҳои тоҷик, ӯзбек, туркман, қазоқ ва даризабону курдҳо бо номи «Гӯрӯғлӣ» (писари гӯр) машҳур аст.Эпоси тоҷикӣ аз ҷиҳати баромади худ бо эпоси халқҳои мазкур алоқаи зич дорад.
Гӯрғулӣ тибқи ривоятҳо паҳлавоне мебошад, ки дар гӯр таваллуд ёфтааст. Модараш Биби Ҳилол буда, падараш номаълум аст. Қиссаи таваллуди розомези Гӯрғули чунин аст: Аҳмадҳони сардори қабила хоҳараш Бибӣ Ҳилолро маҷбурӣ ба Райҳонараб доданӣ мешавад, аммо ӯ ба Райҳонараб расидан нахоста, рӯй ба дашту биёбон меорад. Дар биёбон аз ташнагӣ вафот мекунад. Мурдаи ӯро шутурбоне ёфта, ба назди Аҳмадхон мебарад. Пас аз дафн кардан дар гӯр аз модари фавтида писарчаи неруманде ба дӯнё меояд. Аз ин хотир ӯро «Гӯрғулӣ» меноманд, яъне бачае, ки дар гӯр таваллуд шудааст ё худ Гӯрзод.
Эпоси «Гӯрғулӣ» шунавандагон ва хонандагонро дар рӯҳияи дӯстӣ ва ватанпарварӣ тарбия мекунад. Ҳар банди «Гӯрғулӣ» як достони мукаммал буда, чандин воқеаҳоро дар бар мегирад. Ҳар як достон чанд боб дорад, ҳангоми ба боби дигар гузаштани ҳофиз дар вақти иҷрои достон оҳанги мусиқӣ дигар мешавад, вазн ҳам тағйир меёбад. Гӯяндагони ин достонро маъмулан гӯрғӯлихон, гӯрӯғлисаро, гӯрӯғлигӯ, соқӣ, ҳофиз мегӯянд.
«Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ фақат бо воситаи думбура ба таври сароидан нақл карда мешавад. Ногуфта намонад, ки достонҳои ҳамосаи «Гӯрғулӣ» мисли «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳаҷман калон аст, он 60000 мисраъро дар бар мегирад. Аз ин ҷост, ки дар байни халқ номи гӯрӯғлигӯйҳои забардаст монанди Муллои Азим, Шукурмаст, Салим Қулила, Холи Мусофир, Шарифи Шех, Санги Мурод, Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Ҷалил, Ҳикмат Ризо, Сайдалӣ – соқӣ, Қурбоналӣ Раҷабов, Кабуд Ҳақназаров маъруфу машҳуранд ва ҳунарнамоии онҳо писанди мардум гардидааст. Дар шароити имрӯза бо густариши намудҳои замонавии санъат, воситаҳои нави иттилоотӣ ва равандҳои глобализатсионӣ таваҷҷуҳи насли ҷавон ба достонҳои «Гӯрғулӣ» кам шудааст.
ХУЛОСА: Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Эпоси «Гӯрғулӣ» дар ҳаёти маънавӣ ва мадании халқи тоҷик, хусусан аҳолии ноњияҳои ҷанубии Тоҷикистон мавқеи калон дорад. Эпоси «Гӯрғулӣ» таърихест, ки ба василаи ровиён аз гузаштаи пурпайкору диловарии аҷдоди тоҷикон қисса мекунад.
Роҷеъ ба Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» хоҳишмндон метавонанд аз китобҳои зерин иттилои бештар пайдо намоянд:
1. Гӯрӯғлӣ (Достони Баҳодурони Чанбули Мастон, ҷилди 3). Душанбе: Ирфон, 1976.
2. Энциклопедияи адабиёт ва санъти тоҷик (ҷилди 1). Саредакцияи илмии энциклопедияи советии тоҷик: Душанбе, 1988.
3. Муродов Ф. Воситаҳои тасвири бадеӣ дар ҳамосаи «Гӯрӯғлӣ». Душанбе: Деваштич, 2006.
4. Ҷонибек Асрориён. Гӯрғулӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010.
5. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (ҷилди 1). Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: Душанбе, 2015.
6.Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. Душанбе: ЭР – граф, 2017.
Таҳияи Диловар Солиев Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.