Аслан дар гузаштаи дури халқамон мафҳуми бойгонӣ ё архив бо маънои кунунӣ вуҷуд надошт, лекин ҳанўз аз даврони Куруши Кабир то ба мо омада расидани эъломияи таърихию беназири ў, сангнавиштҳои даврони ҳахоманишиҳо, деворнигораҳои Панҷакент ва мавзеъҳои дигар, мавҷуд будани академия ва китобхонаи маъруфи “Дижи нибишт” (қаср, кохи навиштаҳо, китобҳо), дар академияи маъруфи “ Гунди Шопур” гирд овардани китобҳои қадима дар замони Сосониён, мавҷудияти китобхонаи машҳури давраи Сомониён гувоҳ аст, ки гузаштагони мо ба масъалаи нигоҳ доштани маводҳо бефарқу бетараф набуданд.Дар давраҳои аввал агар сангҳо вазифаи хотираи таърих, яъне махзани бойгониро бар дўш дошта бошанд, минбаъд дар китбхонаҳо маводҳои таърихӣ ҷамъоварӣ мешуданд.
Бо ибораи дигар, бойгонӣ як қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаю зарурии сохтори давлатӣ маҳсуб мешуд.Дар дастур, амр, қарор ва мактубу дархостҳои шахсони амалдор, мақомоти давлатию динӣ ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва анъанаю расму русуми халқ инъикос меёфт. Файласуфи бузурги олами антиқа Арасту гуфта будааст: “Агар таърихи дуҳазорсолаи худро надонед, барои имрўзу оянда пояи мустаҳкам гузошта наметавонед”. Аз ин лиҳоз, мусаллам аст, ки гузаштаро надониста, моҳияти ҳаёти имрўзаро дарк кардан, алоқамандии онро бо ҷараёни зиндагии гузаштагон қиёс намуда, ояндаро пешбинӣ кардан аз имкон берун аст.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи бойгонӣ ба марҳалаи нави тараққиёт ва идоракунии худ ворид гашт.
Имрўз дар ҷумҳурӣ 5 навъи бойгонӣ амал мекунад ва дар давраи Истиқлолият ҳамаи онҳо муттасил тараққӣ карда истидаанд.
Барои хонандаи азиз мо ин ҷо доир ба навъҳои бойгонӣ маълумоти мухтасареро пешниҳод менамоем.
Бойгониҳои давлатӣ муассисаҳои мустақиланд ва нигаҳдории дохилии давлатии ҳуҷҷатҳои ба таркиби хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, инчунин ёдгориҳои ҳуҷҷатиро таъмин менамоянд.
Навъи дигари бойгонӣ – бойгониҳои идоравӣ мебошанд, ки дар онҳо сохтори мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхона маҷмўи ҳуҷҷатҳои дар давоми фаъолияти худ пайдошударо ҷамъоварӣ ва муваққатан нигоҳ медоранд. Бо гузашти муҳлати ниҳоии нигаҳдорӣ ҳуҷҷатҳои ба рўйхати хазинаи миллии кишвар дохилшударо барои нигаҳдории доимӣ ба бойгониҳои дахлдор месупорад.
Бойгонии шуъбаи дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо ва пажўҳишгоҳи алоҳидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдории доимии ҳуҷҷатҳои дар ихтиёрашон бударо дар сохтори хазинаи бойгонии миллии Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ муассисаи мустақили соҳа аст. Дар онҳо ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии ташкилот ва корхонаҳои шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта мешавад. Онҳо зерсохтори мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд.
Ниҳоят бойгониҳои соҳавӣ дар сохтори вазоратҳо ва идораҳои алоҳидаи Тоҷикистон таъсис ёфта, тибқи қонунгузорӣ нигоҳдории доимии давлатии ҳуҷҷатҳои алоҳидаи хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон медиҳанд.
Аз воқеоти муҳими дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон метавон омодагиҳо ва гузаштон ба бойгонии электрониро номбар кард. Ин амал ҳанўз дар давраи омадагиҳо ва қадамҳои аввалин қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Саридории бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қалами Дилором Мирсаидова ва Фирдавс Одина китоби нав – “Махзани ҳофизаи кишвар” доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули соҳаи бойгондорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 25 – соли Истиқлолият нашр гардид.
Хоҳишмандону ниёзмандон метавонанд аз шуъбаи адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар маълумоти муфиди зиёдеро аз ин китоби тозанашр пайдо намоянд.
Таҳмина Ҳабибова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар