Ҳар як намоишнома вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавиро талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишномаҳои классикӣ нисбат ба намоишномаҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахти «Чашмони интизор», Ҳамдам А. «Писари ватан», Ғуломова С. «Ҳодисаи нангин», Ашур Ф. «Ҳасани аробакаш», Аҳмад С. «Исёни арӯсон», Абдулло Г. «Ҷомӣ ва Навоӣ», Атобоев А. «Оҳанги интиқом» ва даҳҳои тани дигар аз рўи намоишномаҳои пурмазмуни офаридаи худ, ки тар тарбияи рўҳияи миллӣ ва хештаншиносии ҷомеа наќши мондагор гузоштаанд, то ҳол мақоми худро гум накардаанд.
Асоси мавҷудоти театр ба намоишнома вобаста аст. Маҳз бо намоишнома мавқеи ғоявӣ ва равияи эҷодии ин ё он театр, рӯҳи миллии вай муайян карда мешавад. Намоишномаро драматург эҷод мекунад. Вай нависандааст, вале нависандаест, ки мувофиқи қоидаю қонунҳои саҳна кормебарад. Агар роману повест фақат барои хондан навишташавад, пас намоишнома ба ғайр аз хондан, боз асосан ба мақсади дар саҳна гузоштан навишта мешавад. Бинобар ин ҳар вақте ки драматург ба эҷоди намоишнома шурӯъ мекунад, вай ҳамеша хусусияти саҳнаро ба назар мегирад ва мувофиқи талабу имкониятҳои саҳна асар менависад. Аз ин рӯ, намоишнома нисбат ба роману повест ҳикояву очерк яке аз шаклҳои душвортарини адабиёт аст.
Дар роману повест муаллиф воқеаҳоро ботамоми нозукиҳояш аз номи худаш ё худ ягон қаҳрамон нақл менамояд. Нависанда метавонад тамоми намуди зоҳирии қаҳрамони асарро баён кунад, ҳатто фикрҳои аз дили ӯ гузаштаро шарҳу эзоҳ диҳад, лаҳзаҳои ҷудогонаро ҳарзамон маънидод кунад, ба тасвири табиату муҳити зиндагӣ ишора намояд. Ҳангоме, ки шумо романҳои «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстой, «Ғуломон»-и С. Айниро мехонед, мебинед, ки муаллифон дар нақлу тасвир “хасисӣ” намекунанд. Ё худ повестҳои И. С. Тургенев ва романи «Шодӣ»-и Ҷ. Икромиро варақ мезанед, ҳар бор ба тасвири манзараҳои дилфиреби табиат дучор мегардед. Драматург намоишномаро ба парда ва намоишҳо ҷудо мекунад ва ҷои ба амал омадани воқеаҳои асарро бо ду – се ҷумлаи кӯтоҳ ё худ бо як – ду ибора ифода мекунад.
Хулоса ҳар як намоишнома вобаста ба мавзӯву жанри худ таҷассуми хоси саҳнавиро талаб мекунад. Ҳалли саҳнавии намоишномаҳои классикӣ нисбат ба намоишномаҳои замонавӣ фарқ мекунанд. Драматургони машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ», Ҷумъа Қудус «Мардҳо намегирянд», Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком», Меҳмон Бахти «Чашмони интизор», Ҳамдам А. «Писари ватан», Ғуломова С. «Ҳодисаи нангин», Ашур Ф. «Ҳасани аробакаш», Аҳмад С. «Исёни арӯсон», Абдулло Г. «Ҷомӣ ва Навоӣ», Атобоев А. «Оҳанги интиқом» ва даҳҳои тани дигар аз рўи намоишномаҳои пурмазмуни офаридаи худ, ки тар тарбияи рўҳияи миллӣ ва хештаншиносии ҷомеа наќши мондагор гузоштаанд, то ҳол мақоми худро гум накардаанд.
Имрӯз дар хазинаи шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар 3505 адад намоишнома мавҷуд аст, ки хонандагону ҳаводорони ин соҳа метавонанд аз он истифода баранд.
Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.