ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Ҳар сол дар олам 4-уми ноябр чун рӯзи ЮНЕСКО – Созмони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг таҷлил мешавад.

ЮНЕСКО - Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои  илм, маориф ва фарҳанг 16-уми ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон таъсис шудааст. Ташкилотест, ки дар низомномаи Созмони Миллали Муттаҳид дарҷ гардида, ҳадафаш ҳиссагузорӣ дар кори сулҳи олам, қатъи муноқишаҳо аз роҳи  ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг аст.  Дар айни замон 193 давлат аъзои ин ташкилот мебошанд, ки Тоҷикистон яке аз ҳамин кишварҳост. Дафтари марказии ЮНЕСКО аз 5-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Пориси Фаронса ҷойгир шудааст. 

Пӯшида нест, ки Осиёи Марказӣ яке аз қадимитарин марказҳои тамаддуни ҷаҳон мебошад. Халқҳои ин кишвар дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар инкишофи илму адаби ҷаҳонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.  Ва саҳми миллати тоҷик дар ҳавзаи форсизабонон сутуданист.

Дар китоби пурмуҳтавои Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” аср ба асру давра ба давра рушди тамаддуни миллати мо нишон дода шудааст.  Устод дар чандин машваратҳои байналмилалӣ масъалаи решаҳои амиқи таърихӣ доштани муносибатҳои мадании Шарқу Ғарбро ба миён гузошта, онро аз ҷиҳати илмӣ ҳамаҷониба асоснок кардааст. Ин қаҳрамони миллат бо дарназардошти дастовардҳои бузурги илмиву адабии Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Афғонистон, Эрон ва дигар давлатҳои ҳамсояро мавриди иназар қарор дода, бо мақсади ҳифз ва густариши фарҳанг ва тамаддуни ин кишварҳо лоиҳаи «Шарқ – Ғарб» дар назди ҷаласаи ЮНЕСКО  мавриди баррасӣ қарор дод.

Самти дигари лоиҳа барқарор ва рушди робитаҳои байналмилалии халқҳои Аврупо, Осиё ва Африқоро пешбинӣ менамуд. Соли 1966 дар Порис Б. Ғафуров дар ситоди ЮНЕСКО нақшаи дигари муҳимтар  “Омӯзиши таммаддуни Осиёи Марказӣ»-ро ба барарсӣ гузошт. Маҳз тавассути заҳматҳои пайвастаи Б. Ғафуров масъалаи «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар маҷлиси машваратии таҳлилгарон дар Порис кори ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баъдан ӯ ҳамчун раиси омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди Ташкилоти байналмилалии масъалаҳои маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО) интихоб гардид.

Дар заминаи ҳамин лоиҳа дар таърихи миллат бори нахуст Конфронси байналхалқии оид ба таърих, археология ва маданияти Осиёи Марказӣ дар замони Кӯшониён 27 сентябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин конфронс аз 18 мамлакати дунё олимон  иштирок доштанд. Дар он рӯзҳо олимон, меҳмонон бозёфти ҳайкали 12 метраи Буддо, тангаҳои тиллоӣ, ду медалони калон, ки дар онҳо олиҳаи шикорчиён ва олиҳаи болдор акс ёфтааст, ҳайкалчаи тиллогини олиҳаро дида ангушти ҳайрат мегазиданд.

Соли 1977 масъалаи омӯзиши мероси мусиқии классикии Шарқ «Шашмақом» аз ҷониби академик Б. Ғафуров дар назди Кумитаи мусиқии Ташкилоти байналмилалии масъалаҳои маориф, илм ва маданият масъалагузорӣ гардида, дар заминаи қарори ин ниҳод қарордоди соли 1978 дар Шӯрои миллии мусиқии СССР дар шаҳри Самарқанди бостонӣ – тавлидгоҳи «Шашмақом» симпозиуми байналхалқии мусиқишиносӣ баргузор шуд. Марги бармаҳал имкон надод, ки устод Бобоҷон Ғафуров дар ин симпозиу ширкат кунанд, вале он баргузор шуд ва  пойдевории аслии эҳтироми мусиқии суннатии моро гузошт.

Пас аз чанд сол дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷӯҳ ва ташаббуси ҳукумати кишварамон ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО тақвият ёфт, дар ин замина силсилаи лоиҳаҳои гуногун дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ шуд.

 Дар ин давра яке аз аввалин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон шаҳри Саразм мебошад  (31 июли соли 2017), ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ТБММИМ (ЮНЕСКО) ва ноябри соли 2003 «Шашмақом» мусиқии қадимаи классики тоҷикӣ ҳамчун мероси ғайримодии башар ва 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ворид гардид.

Ҳамчунин дар 11-умин иҷлосияи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 1 декабр дар шаҳри Адис-Абеба баргузор гардид, иди Наврӯз ва таоми миллии тоҷикӣ «Оши палав” ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шудаанд.

Хулоса, мероси мусиқии ҷаҳонӣ эътироф шудани «Шашмақом» аз ҷониби ЮНЕСКО ва ба мусиқии Фалаку ёдгориҳои қадима аз ҷумла Аҷинатеппа, Саразм, тахти Қубод, Ҳулбук, Ҳисор таваҷҷӯҳ зоҳир намудани  кишварҳои ҷаҳон ва  ЮНЕСКО гувоҳи дар сатҳи фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф шудани фарҳангу таърихи миллати мо мебошад.

Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ин се матлабро шумо дар бораи масоили зикршуда пайдо ва мутолиа карда метавонед?

  • 1. У. Ғаффоров. Алломаи замон. – Хуҷанд: Хуросон, 1998. – 373 саҳ.
  •  2. Ф. Азизӣ. Фарҳанг ва Истиқлол. – Душанбе: Адиб, 2011. – и 292 саҳ.
  •  3. Р.Амиров . Падидаи муҳими фарҳангӣ. – Душанбе: Ориёнганҷ, 2015. – 373 саҳ.

Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва
ҳунар