Китобхонаи миллӣ на танҳо ҷоест, ки хонандагон китоб мехонанд ва дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ширкат меварзанд, балки имкон доранд беҳтарин филмҳои синемогарони кишвар ва хориҷ аз онро тамошо кунанд. Садои шахсиятҳои маъруфе чун устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Лоиқ Шераливу Муъмин Қаноатро бишнаванд.
Даме бо зиндаёд Маҳмуди Воҳид биншинад ва ӯ ғазали Ҳофиз хонаду рубоиёти Хайём. Лаҳзаи дигар ҳамнишини даҳҳо нобиғаҳои фарҳанги тоҷик бошад.
Оре, ин толор дорои садҳо сабту наворҳост, ки соҳибонашон дар дили хоканд, вале садову наворашон ҳидоятгари имрӯзиён.
Ахиран аз киностудияи «Тоҷикфилм» маҷмуъаи дискҳое ворид гардид, ки чаҳор шоҳкори синемои кишварро муаррифӣ мекунад.
Аз рӯзгори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Филми «Қисмати шоир» аз рўйи асари нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода, коргардон Борис Кимёгаров дар студияи «Тоҷикфилм» соли 1959 ба навор гирифта шудааст. Ин филм аз ҳаёти талхи шоири бузург Маликшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва ҳамасронаш дар асри Х, асри таъсис ва инкишофи давлати Сомониён қисса мекунад. Дар филм ҳаёти пурмоҷарои дарбори шоҳ Исмоили Сомонӣ, ишқи нокоми шоири бузург ба Нигина ном бонуе, ки хизматгори зани шоҳ Малика буд, қисса мекунад.
Ду нақши асосӣ дар филм: Рӯдакӣ ва Нигинаро ҳунармандони шинохтаи тоҷик Марат Орипов ва Дилбар Қосимова бозиданд ва метавон гуфт ин ду нақши мондагор дар синемои тоҷики қарни бист буд.
Соли 1960 филми «Қисмати шоир» дар киноҷашнвораи умумиҷаҳонии Миср ба ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» шарафёб гардид.
Ҷаҳонпаҳлавон Рустам дар синемои тоҷик
«Достони Рустам» дуввумин филми ин маҷмуъа аст ва он бидуни шак яке аз филмҳои беҳтарини сутдияи «Тоҷикфилм» буда, соли 1970 аз рўйи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба навор гирифта шудааст. Коргардони филм Борис Кимёгаров – яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунари асри ХХ мебошад.
Нақши Рустамро дар филм Бимболат Ватаев – ҳунарманди маъруфи синемои Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бозид ва дар нқши Таҳмина коргардон Светлана Норбоеваро интихоб намуд.
Ин филм аз шаҳкорҳои олами синемои кишвар аст. Рустами таҳамтан бо зӯри бозувони худ на танҳо марзбони бебадали тахти каёнист, балки рамзи озодиву истиқлол, паҳлавониву ҷасорат, донишу хираду тадбиру рой пеши назар ба ҷилва меояд.
Сарнавишти Алломаи Адҳам
«Ситорау дар тирашаб» – ин филмро аз рўйи асари нависандаи тоҷик Расул Ҳодизода коргардони маъруф Абдусалом Раҳимов (1917-1999) соли 1972 дар киностудяи «Тоҷикфилм» ба навор гирифтааст.
Филм аз ҳаёти Аҳмад Махдуми Дониш-маорифпарвар, шоир, олим ва яке аз чеҳраҳои тобони олами илму адаби кишвар ҳикоят мекунад. Ҳаёти Алломаи Адҳам барои имрӯзиён басо нуктаҳои омӯзанда дорад. Чеҳрае аз чеҳраҳои тобноки осмони илму адаби тоҷик, ситораи дурахшони илм ва яке аз поягузорони ҳаракати маорифпарварӣ дар давлати Бухоро буд.
Нақши Аҳмади Донишро дар ин филм ҳунарманди машҳур Маҳмудҷон Воҳидов бозид. Филми мазкур дар чандин кинофестивалҳо соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Шабе аз шабистони «Ҳазору як шаб»
Соли 1984 коргардони маъруф Тоҳир Собиров аз рӯи шоҳасари классики олами Шарқ «Ҳазору як шаб» филмеро ба навор гирифта буд бо номи «Боз як шаби Шаҳрзод». Ду нақши асосиро дар иин филм Тоҳир Собиров ва Е. Тонунс бозидаанд.
Филм асотирист ва бар пояи як ҳикояи «Ҳазору як шаб» офарида шудааст. Коргардон онро дар чандин шаҳрҳои бостонии Осёи Марказӣ ба навор гирифтааст ва замоне аз пурбинандатарин филм дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд.
Филм дар киноҷашнвораи Димишқ сазовори ҷоизаи «Шамшери тиллоӣ» гашта буд.
Хонандагони азизи Китобхонаи миллӣ ва ҳамаи ҳаводорони ҳунари воло, дӯстдорони синемо метавонанд ин филмҳоро дар толори маводҳои мусаббт (аудио-видео)и Шуъбаи адабаиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, ки дар ошёнаи чорум воқеъ мебошад, ройгон тамошо кунанд.
Оинамо Имомназарова,
мутахассиси шуъбаи ададбиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар