Нақшу нигорҳо дар зиндагии форсизабонҳо
Қадимтарин манбаъе, ки дар бораи сарулибос ва нақши он дар ниёгони мо дарак дода, ҳанўз дар замони Сосониён бо хати паҳлавӣ нигошта шуда будааст, ки муаллифи он на танҳо дар мавриди матоъу анвоъи он ва нақшу тарзи таҳия сухан рондааст, дар сафаҳоти он расмҳои рангаи шоҳони сосонӣ бо намунаи либосҳояшон низ мавҷуд будааст. Аммо мушкилии омўзиши ҳаҷҷорихои Тахти Чамшед дар он аст, ки резакориҳои рўи либосҳои ва нақшҳои онхову ҳамчунин рангҳои онон бо гузашти замону пазируфтани осебҳо ё аз миён рафта ва ё мушкилфаҳм гардидааст.
Он чи аз қадимтарин замонҳо ба мо аз пайдоишу такомули нақшҳои миллии милати ориёӣ, махсусан тоҷикон ҳарф мезанад, ҳамон боқимондаи харобаҳои Тахти Ҷамшед, Нақши Рустам (Эрон), дастовардҳои ҳаффориҳои Тилиётеппаи (Балхи Афғонистон), Харобаҳои Афросиёб (Самарқанд), деворнигораҳои Панҷакент, осори ба дастомада аз кўҳи Муғ (Тоҷикистон) ва теъдоди азиме аз ковишҳои бостоншиносӣ дар мазору мақбараҳову қалъаҳои таърихии дигар мебошад. Яъне, нақш гуфта мо танҳо осори нафисаеро, ки бар рўи матоъҳо тарсим мешаванд, дар назар надорем, балки нақшро мо ҳам дар осори кулолӣ, ҳам дар сангтарошӣ ва ҳам дар наҷҷорӣ (чўбкорӣ) ҷустуҷў мекунем. Зеро нақшҳое ҳастанд, ки онҳоро дар тамоми корҳои ҳунарӣ метавон пайдо кард. Як нақш метавонад ҳам дар либос бошад, ҳам дар меъморӣ ба кор равад.
Қадимтарин манбаъе, ки дар бораи сарулибос ва нақши он дар ниёгони мо дарак дода, ҳанўз дар замони Сосониён бо хати паҳлавӣ нигошта шуда будааст, ки муаллифи он на танҳо дар мавриди матоъу анвоъи он ва нақшу тарзи таҳия сухан рондааст, дар сафаҳоти он расмҳои рангаи шоҳони сосонӣ бо намунаи либосҳояшон низ мавҷуд будааст. Аммо мушкилии омўзиши ҳаҷҷорихои Тахти Чамшед дар он аст, ки резакориҳои рўи либосҳои ва нақшҳои онхову ҳамчунин рангҳои онон бо гузашти замону пазируфтани осебҳо ё аз миён рафта ва ё мушкилфаҳм гардидааст.
Дар ҳоле, ки нақшҳоро дар либоси мардумони тоҷик хубтар метавон аз деворнигораҳои «Харобахои Афросиёб»-и Самарқанд ва деворнигораи Панҷакент ташхис дод.
Нақшу нигор дар осори ҳунарии ниёгони мо дорои мавзўъхои зиёду гуногун аст ва ба чанд табақа тақсим мешавад. Албатта, ин нақшҳо дар як вакту замони муайян ба вуҷуд наомада, таърихи дурудароз доранд ва вобаста ба пайдоишу тараққиёти ин ё он соҳаи илм ба вуҷуд омадаанд.Ягон гўшаи табиат ё илми ақливу зехнӣ аз доираи нақшхои миллии мо берун намондааст.Ҳоло намудхои нақщхоро бо овардани тавзеҳи мухтасар ва додани чанд акс рушан мекунем.
1.Нақшхои техникӣ. Ба ин навъи нақшҳо тарҳи хонаҳо, мошинҳо,шаҳрхо ва мисоли инҳо дохил мешаванд, ки алҳол дар мавриди ин навъи накшҳо мо ҳарф намезанем.
2.Нақшҳои намодӣ (символӣ). Ба ин силсилаи ҳунари нақшҳое дохил мешаванд, ки маънии зохирии хешро баён накарда, балки мазмуни дигаре доранд ва хунарманд тавассути онҳо дигар чиз гуфтан мехоҳад. Масалан, бо овардани нақши анору нилуфар ҳадафи ҳунарманд ёд овардани фариштаи нигаҳбони об Аноҳитост.
3.Нақшҳои ҳандасавӣ. Нақши ҳандасӣ танхо ёдовари илми ҳандаса нестанд, балки робитаи амиқе бо нақшҳои техникиву намодӣ доранд ва низ тавассути нақшҳои ҳандасавӣ бовару эътиқод, калимаи динӣ ва ҳатто олами парандагон баён шудааст. Ин навъи нақшҳо низ бостонӣ буда дар мавриди рамзу рози нақшҳои доиравӣ, мусаллас (секунҷа) ва ғайра мо тавзеҳоте додаем.
4. Нақшҳои исломӣ. Нақшҳои омехта бо баргу гулу хатхои каҷ, ки айни замон доираҳову гулбуттаҳову анвоъи гулҳои тахайюлиро низ дар бар мегирад. Ин навъи нақш дар тамоми осори наҷҷориву гаҷкориву нассоҷии миллати мо ба мушоҳида мерасад.
5. Нақшҳои катибавӣ ва ё санъати тироз. Ин навъи нақш дақиқан пас аз ҷорӣ шудани дини мубини Ислом ба вуҷуд омад ва асосан дар хаҷҷоиҳову гаҷбуриҳо ва қошикориву тамоми иморати мадрасаҳову масҷидхо ба кор рафта, баъдан вориди матоъ гардид.
6. Нақшҳои тахайюлӣ. Ин навъи ҳунар он қадар қадимият ва ғунҷоиш дорад, ки дар он ҳарчиро, ки ҳунарманд дар олами тахайюлаш чарх мезанад, метавонад ҷой дихад. Масалан, дар нақшҳои исломӣ овардани гулу буттаву навдаҳое, ки аслан дар табиат вуҷуд надоранд ё нақши Симурғ, ки ҳамчун паранда вуҷуд надорад ё шерри болдор ва мисоли инҳо.
7. Нақшхои нуҷуми.Аз кадимтарин замонҳо инсонҳо парастиши ҷирмҳои осмониро шурўъ карда буданд ва ин эътиқод тадриҷан ба олами ҳунар низ ворид шуд. Овардани офтоб, ситора,ситора, моҳ, ҳилоли моҳ, абр ва маҷмуан осмон баёнгари боварҳо ва эътиқоди онон буд. Масалан, нишон додани офтобу изҳори муҳаббат ба худои Меҳрро мекард.
8. Накши табиат. Аз номаш маълум аст, ки ҳунарманд дар ин самт куҳу теппахо, шаршарахо, дарахтон, гулу гиёҳ ва ҳарчиро, ки табиати зинда мансуб аст, мавриди истифода қарор медиҳад. Ин нақш дар матоъҳои муосир ва низ дар қолибофии қадими ниёгони мо ҷойҳои махсус дошт ва то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.
9.Нақшҳои зооморфӣ. Овардани тасвири ҳайвонот, парандагон, хонандагон ва ҳарчизе, ки дар табиат зинда ҳаст. Ин навъи ҳунар хеле қадим ва баёнгари эҳсосу боварҳо ва парастиши ҳайвонот будаву то ҳол дар баъзе нуқтаҳои дунё, аз ҷумла Ҳиндустон парастиши гов ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон бино ба бовариҳои қадими шохи оҳу, бузи кўҳи, наъли асп ва ғайраро то ҳол ҳамчун фоли нек бар рўи дару девор меовезанд.
10. Нақшҳои антропоморфӣ. Тавре дар «Луғати русӣ-точикӣ» омадааст:»Антропоморфизм – 1, ба чизҳои беҷон ҷисмҳои осмонӣ, ҳайвонҳо ва ғайра нисбат додани одамӣ. 2. Дар баъзе мазҳабҳо Худоро ба шакли одам тасаввур кардан…». Ин навъ нақшҳо тавре дидем, ҳанўз дар шоҳибофии суғдхо мавриди корбурд дошта ва дар осори бозмонда низ ба чашм мерасад.
11. Нақшҳои моддӣ. Ба ин намуди ҳунар нақшҳо дар либосҳои ҳарбӣ, дар парчам, либоси ашхоси сиёсӣ ва тамғахо, атрибутҳои (нақшҳои махсуси марбут ба санъати театрӣ) мусиқӣ дохил мешавад.
Ин матлаб аз китоби Қаюмова Мукаррама “Нақшу нигорҳо дар зиндагии форсизабонон” иқтибос шуд. Китоб соли 2008 дарнашриёти “Ирфон” чоп шудааст. Ва дар соли рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ аз он ёдовар шудем.
Китоби мазкур дар Шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар маҳфуз аст ва хоҳишмандон метаовнанд аз он баҳра бигиранд.
Таҳияи Маҳмудова Нигина
Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар