Нахустин Ҷулеттаи тоҷик кӣ буд?
Нашр шуд 2016-08-16 20:47
Ҳунарманди шинохтаву варзида Хайрӣ Назарова 2-юми июли соли 1923 (тибқи баъзе маълумот 13-уми октябри соли 1923) дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб ба дунё омадааст.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
Дар давоми фаъолияти корӣ як қатор нақшҳои хотирмонро бозидаву худро чун ҳунарманди нотакрор барои бинандагон муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, Зўҳро (дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и С.Абдулло), Ойхон (аз «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Хамза), Райҳон (аз «Арўси панҷсўма»-и М. Урдубодӣ) ва ғайра.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Корделия дар «Шоҳ Лир», Дездемона «Отелло»-и У. Шекспир мебошад.
Ҳамчунин нақшҳои дигари ў Савсан («Номус»-и А. Шервонзода (1953), Ширин («Афсонаи ишқ»-и Н. Ҳикмат, (1954), Қумрӣ («Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Мароз (1955), Ҷамила («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (1957), «Адолат, Ҳанифа «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ (1968), Нигина «Рўдакӣ»-и С.Улуғзода (1963), Маша «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1960), Маҳзода «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода (1963), Манижа «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968), Архонта «Муборизон»-и С. Крас (1976), Зебуннисо («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ (1977), Азиза «Интизорӣ»-и М. Ҳакимова (1958), Гертруда («Ҳамлет»-и У. Шекспир), Соттӣ («Исёни арўсон»-и С. Аҳмадов (1960), Шамсия («Баҳои умр»-и С. Сафаров (1963) ва ғайра мебошанд.
Дар баъзе филмҳои тавлиди «Тоҷикфилм» аз қабили «Дўсти ман Наврўзов» (1957), «Вазифаи олӣ» (1958), «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1964) симои қаҳрамононро дилнишин офаридааст.
Ҳамчунин ў дар дубляжи беш аз 500 филм иштирок кардааст.
Мавсуф солҳои 1963-1967 ба ҳайси вакили халқ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.
Хизматҳои Хайрӣ Назарова бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоиста, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ордену медалҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидааст.
Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои зерин роҷеъ ба рўзгор ва фаъолияти Хайрӣ Назарова мавҷуданд:
«Ҷонон ҳаёт, ҷонон одамон»-и Абдураҳмон Расулӣ,
«Ҷашни тиллоӣ»-и Абдураҳмон Олимов,
«Олами андеша ва рўъё»
навиштаи худи ҳунарманд Шумо хонандагони азиз, метавонед аз он озодона истифода баранд.
Зебуниссо Сафарова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар