Ҳунарманди маъруф Тағоймурод Хушвақтов, ки миёни мардум бо номи Қории Ёвонӣ шуҳрат дорад, рӯзи 2-уми апрел 70-сола мешавад. 17 сол пеш бар асари сактаи қалб дар синни 53-солагӣ тарки олам кард. Шуҳрати беандоза дошт, шахсияти дар ҳунар беназир буд. Бино ба гуфтаи Салоҳиддини Убайдулло, директори хонаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон, ки худро аз шогирдони м арҳум медонад, Тағоймурод “аз модар як шахсияти комил ба дунё омада буд, нобино буд, вале ҳиссиёти дарк карданро дошт. Дарзмолро кушода тармим мекард ва ба болои бом баромада тармим мекард. Як нафаро агар даҳ сол пеш дида бошад ҳам, бори дигар агар медид, аз садояш мешинохт. Агар баъди 10 сол медид, бидуни шунидани садояш ӯро мешинохт. Афсӯс, ки орзуҳояшро бо худ бурд, мехост, ки таронаҳои бештаре иҷро кунад."
Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ Тағоймурод Хушвақтов 2-юми апрели соли 1949 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Парвардигор ба ў аҷаб қобилияте ато намуд, ки шеърро шунида зуд аз ёд мекард, ба он оҳанг мебаст ва дилнишин месуруд.
Нобиноӣ дар ниҳодаш қувваи истеъдоду нерўи ҳофиза афзун сохт, дили бино, ақлу шуур, дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт. Ангуштони панҷааш зеру бами тору рубоб, ғиҷҷаку сеторро ба навозиш оварда, оҳангро тавлид менамуданд.
Ин гули худрўи боғи ҳунар равия ва сабку услуби хоси овозхонӣ дошт, ба касе тақлид намекард, балки дигарон тақлидаш менамуданд. Аз шунидани таронаҳояш сомеъ ба ҳаяҷон омада, шўру шаре дар ботин пайдо ва гузаргоҳи андеша банд мешавад.
«Шамси ман», «Гардиши айём», «Чароғи анҷуман», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Чашми ман», «Кошонаи хаёл», «Афсун кунам», «Хуршеди ҷамол», «Навҳаи Кова», «Зулфи анбар», «Тамошо кун», «Ба сомон намеравад», «Печии он зулф», «Доғи ту», «Эй фалак», «Манол, эй андалеб», «Ранҷидаӣ», «Айб макун», «Нолаи модар» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.
Қории Ёвонӣ ду ҳамсар ва 12 фарзанд дошт. Аз миёни ин 12 фарзанд танҳо Акмал Хушвахтов, ки ҳоло дар остонаи сисолагист, касби падарро интихоб кардааст. Дар суҳбаташ бо хабарнигори радиои Озодӣ Орзуи Карим сабаби интихоби роҳи падарро ин гуна шарҳ додааст: “Ба овозхонӣ завқ надоштам, дар як муҳите, ки тобут дар миёни ҳавлиямон буд, мехостанд, ки тобутро барои хоксупорӣ баранд, як ҳиссе манро ба назди падарам бурд, маҷбур кардам, ки кафанро кушоянд. Кушоданд, гуфтам, ки падар дуоям деҳ, ки ман ҳунарманд мешавам. Ба назарам, ки чеҳраи падарам бозтар шуд, мисле ки табассум кард.”
Дар бораи Тағоймурод Хушвақтов аз Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон шумо метавонед ин китобро дастрас ва мутолиа намоед:
Абдуллоева С. Чашми дил . – Душанбе, “Нодир” 2009,138 саҳ
Зебуннисо Сафарова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.
Расм аз “Озодӣ”