Искандаркӯл - яке кӯлҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) ҷой гирифтааст. Ин кӯли зебо ва назаррабо 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад.
Искандаркўл аз дур ба назар чун оинаи ҷаҳоннамои афсонавӣ намудор гашта, дар оғўши кўҳҳои симинтоҷ воқеъ гардидааст. Кўҳҳои осмонхарош, арчаҳои ҳазорсола, гулу гиёҳҳои садрангу бўй кўлро аз чор тараф иҳота намудаанд. Номи деҳаҳояш аҷоибу пурмаъноанд: Саратоғ, Навард, Ҳайронбед,Диҷик Махшевад ва ғайра.Ин мавзеъро Искандара ҳам ном мебаранд.
Искандаркўлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ- Искандари Мақдунӣ вобаста мекунанд, ки соли 329 пеш аз мелод Осиёи Миёнаро забт кардааст. Искандаркўл якчанд маротиба ном дигар кардааст, дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё Ҳудуд-ул-олам (893 пеш аз мелод муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркўли имрўзаро Дурдона чун андаруни вай нишон додаст.
Тибқи яке аз ривоятҳо Искандари Мақдунӣ дар юриши худ ба деҳае рў ба рў шуд, ки сокинонаш таслим шудан намехостанд. Ў фармон дод, ки маҷрои дарёро ба ҳамин деҳа равон кунанд ва дар натиҷа ин кўл ташаккул ёфта, номи Искандаркўлро гирифт. Боз ривояте ҳаст, ки дар вақти таваққуф дар соҳили кўл аспи Искандар Бутсефал ҳангоми чаридан ба болои харсанги баландтарин баромада, худро ба оби кўл сарозер кард. Кўшишҳои Искандар барои пайдо кардани асп бе натиҷа монданд. Искандар андўҳгин шуда, якчанд рӯз интизор шуд, сипас аспбонон ва афсаронро назди кўл монда, худ бо қўшун сафарашро идома дод. Аз ҳамон давра сар карда, гўё дар айёми зимистон Бутсефал аз қаъри кўл мебарояд. Ва боз нақл мекунанд, ки дар давру замонҳои хеле қадим боре ин кўл дарида, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва деҳаҳои гирду атрофи он зери об мондааст. Пештар оби кўл ниҳоят баланд будааст, ҳоло паст шудааст. Нишонаи зери он мондани шаҳру деҳаҳо нақши худро дар рўи сангҳои кўҳ имрўз ҳам боқӣ гузоштааст.
Барои тамошои яке аз зеботарин ва шаффофтарин кўл дар Тоҷикистон ҳар сол ҳазорҳо нафар ба саёҳати он мераванд, ки аксари онҳо аз хориҷи кишвар мебошанд.
Адабиётҳои истифодашуда
Энсиклопедияи Советии Тоҷик, Душанбе:Ҷилди 3. –С.1981
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
кормандаи Шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.