Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: НАҚШХОНӢ

Нақшхонӣ ба ғайр аз тўйҳои арўси дар ҷашни Наврўз, Сайри гули лола ва базмҳои дигар низ баргузор мешавад. Он имрўз ҳам дар байни мардум ривоҷ дошта, дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои  шимоли Тоҷикистон дар аксар ҷашнҳо ва идҳои месароянд. Дар водии Зарафшон яке аз навъҳои маъмули нақшхонӣ “Нақши мулло”мебошад, ки онро сарояндагон якҷо (бе нақарот) месароянд. Тарзи иҷрои он чунин аст:

Нақшхонӣ, “Нақш”, силсилаи суруду таронаҳои мардумӣ, ки мазмуни лирикӣ ва баъзан иҷтимоӣ дошта, дар ҷашнҳои арўсии навоҳии шимоли Тоҷикистон иҷро мешавад. Дастаи  нақшхонҳо аз 5–10 нафар  марди сароянда иборат аст, ки бидуни сози мусиқӣ “Нақш”–як навъи сурудро дар ҳамовозӣ месароянд. Сарнақшхонҳо сарояндагоне буданд, ки овози хушу ширадор доштанд. Дар сурудҳои  “Нақш” нақарот мавқеи муҳим дорад, ки онро дастаҷамъӣ иҷро мекунанд.

Дар ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ўротаппа ( Истаравшан) ва Хуҷанд “Нақш” бештар бо нақороти “Ҳай–ёр–ёр машҳур аст. Дар водии  Зарафшон, Самарқанд, Бухоро ва қисман Ҳисор чунин таронаҳои арўсӣ бо нақароти “ёр–ёр”хонда мешаванд.

Дар Истаравшан “Нақш” ҳамчун суруди анъанавии ҷашни арўсӣ чор навъ дорад: “Нақши мулло” “Нақши Мирзо”, “Нақши Хуҷанд” ва “Нақши яло–ялу”, ки онро “Нақши хурд” ҳам меноманд. Дар ҷашнҳои арўсӣ ҷўраҳои домод аз қафои қофилаи арўсбарон ва гоҳе дар руйи ҳавлӣ соатҳо нақшхонӣ мекунанд. Дар нақшхонӣ як нафар сарнақшхон буда, дигар ширкаткунандагон нақароти сурудро такрор мекунанд. Чунончи, “Нақши Мирзо” ин тарз хонда мешавад:

Сарнақшхон:

Рафтем раҳи дуродур–е

Ҳама:

Ҳай, ёр–ёр, ёра.

Сарнақшхон:

Овардем ниҳоли гул–е.

Ҳама:

Ҳай, ёр–ёр, ёра.

Сарнақшхон:

Ин гула куҷо монем–е?

Ҳама:

Ҳай, ёр–ёр, ёра

Сарнақшхон:

Дар ҳавлеки Мирзогуле–е.

Ҳама:

Ҳай, ёр–ёр, ёра.

Нақшхонӣ ба ғайр аз тўйҳои арўси дар ҷашни Наврўз, Сайри гули лола ва базмҳои дигар низ баргузор мешавад. Он имрўз ҳам дар байни мардум ривоҷ дошта, дастаҳои ҳунарии ноҳияҳои  шимоли Тоҷикистон дар аксар ҷашнҳо ва идҳои месароянд. Дар водии Зарафшон яке аз навъҳои маъмули нақшхонӣ “Нақши мулло”мебошад, ки онро сарояндагон якҷо (бе нақарот) месароянд. Тарзи иҷрои он чунин аст:

 

           На чаман, на гул, на бустон,

           Кӣ канад гул аз гулистон,

           Хабаре зи маҳ расидаст,–2 бор

          Ту магар хабар надорӣ?–2 бор

          Ту биё аз аввали шаб,–2 бор

        Дари субҳ (у) боз бошад,–2 бор

        Шаби ошиқони бедил,–2 бор

      Чӣ шаби дароз (у) бошад,–2 бор

      Чӣ шаб аст, ки маҳ барояд,–2 бор

      Маҳи ман зи дар дарояд.–2 бор

      Маҳи ман чу хирмани гул,–2 бор

      Ба канори ман дарояд.–2 бор

Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум),

ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи

Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Зебинисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фар
ҳанг ва ҳунар