Нақшу нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд. Нақшҳои маъмултарин қаламфур , бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбарг, лола ва ғайра мебошанд. Баъзе нақшҳо, масалан, қаламфур, тўмор, гулхор бо мақсади ҳимоят аз чашми бад, таъсири махлуқоти фавқуттабиӣ дар тоқиҳо тасвир мешавад. Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода мекунанд. Инчунин нақшу тасвири гулҳо ва баргҳои гуногун дар тоқиҳо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамоянд.
Тоқидўзӣ ҳунари анъанавии бонувони тоҷик мебошад, ки ба дўхтан ва нақшу нигори тоқӣ марбут аст. Тоқӣ – калапўши суннатии тоҷикон ва баъзе халқҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки асосан ду шакл дорад: мудаввар ва чоркунҷа. Онро дар шимоли кишвар «тўпӣ» ва дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилоятҳои Хатлону Бадахшон «тоқӣ» меноманд.
Тоқӣ навъҳои мардона, занона ва кўдакона дорад. Тоқиҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва инчунин тоҷикони мамлакатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати шакл, тарзи дўхт, нақшу нигор, анвои матоъ ва якдигар тафовут доранд. Чунончи, дар байни тоҷикон намудҳои тоқии чакан, ироқӣ, зардўзӣ, тўрдўзӣ, чортарк, чустӣ, чамандигул, чамандигул, муҳрадор, арўсӣ, кулута, тоқисарак, арақчин ва амсоли инҳо маъмуланд.
Тоқиро натанҳо барои ҳимоят аз нурҳои офтоб ва ё сармо мепушанд, балки пўшидани он тибқи боварҳо ҳатмӣ мебошад. Мардҳо то ба солҳои 60 – 70 садаи XX бе тоқӣ намегаштанд ва сари луч дар сари дастархон нишастани мардҳо як навъ гуноҳ ҳисоб мешуд. Имрўзҳо дар байни ҷавонон суннати тоқипўшӣ камтар шудааст, тоқиро ҳоло бештар калонсолон мепўшанд. Инчунин тибқи одатҳо, мардҳои хонаводаи азодор то гузаштани маросими чил ба сар тоқӣ мегузоранд ва бо ин нишона азодор будани худро баён менамоянд. Занҳову духтарон дар замонҳои пеш тоқиҳоро пўшида, аз болояш рўймол мебастанд. Ҳоло тоқиҳоро бидуни рўймол ба сар мегузоранд.
Тоқӣ аз қисмҳои тора, гирда, астар, пилта, шероз, мағзи ва пўпак иборат мебошад. Тарзи дўхти тоқӣ чунин мебошад: нахуст дар матои пахтагин, махмал ё сатин нақши даврашакли тора бо нақши гулҳояш кашида мешавад, Онро бо сўзан ва риштаҳои ранга гулдўзӣ мекунанд. Тораро дар шакли давра бурида, аз таги он астар мегузоранд ва бо сўзан аз маркази давраи тоқӣ то канорҳои он ба тарзи мувозӣ медўзанд. Чун ин кор ба анҷом расид, бо сими дароз пораҳои пахта ё қоғазро тобида, пилта карда ба сўрохиҳои хатти мувозӣ меандозанд. Дар натиҷа тораи тоқӣ мустаҳкам ва ғафс мешавад. Ҳоло тоқидўзон барои осонии кор ба ҷои пилтагузорӣ аз болои астар ду – се қабат коғаз монда, бо мошина аз марказ то ба канори тора хатҳои мувозӣ медўзанд.
Дар давоми ҳамин матоъ ё пораи матои дигар нақши гирда кашида ва гулдўзӣ мешавад. Гирда ба даври тоқӣ насб карда мешавад. Ба гирда низ аз таги астар пилта ё коғаз дўхта мешавад. Пас аз он ки қисмҳои тора ва гирда омода шуд, тораро ба болои гирда гузошта, ҳар ду қисмро аз дарун дўхта, ба ҳам мепайванданд.
Нақшу нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд. Нақшҳои маъмултарин қаламфур , бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбарг, лола ва ғайра мебошанд. Баъзе нақшҳо, масалан, қаламфур, тўмор, гулхор бо мақсади ҳимоят аз чашми бад, таъсири махлуқоти фавқуттабиӣ дар тоқиҳо тасвир мешавад. Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода мекунанд. Инчунин нақшу тасвири гулҳо ва баргҳои гуногун дар тоқиҳо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамоянд.
Аз китоби Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон/ Мураттиб: Д. Рахимов. – Душанбе: Эр – граф, 2017. – 280 с.
Таҳияи Парвонаи Фатҳулло
Мутахассиси пешбари
Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар