Имрӯз ба таваллуди Ҳанифа Мавлонова 95 сол пур шуд. Ҳанифа Мавлонова аз ҷумла ҳунармандони маъруфи кишвар аст, ки миёни ҳаводорони санъати опера шӯҳрати беандоза дорад. 86 сол умр дидаву дар тӯли умр дар даҳҳо намоиши театрҳои гуногун нақшҳои хотирмон бозидааст. Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951), Ҳунарпешаи халқии СССР (1968) буд.
Ҳанифа Муҳиддиновна Мавлонова 30 январи соли 1924 ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дида ба олам кушодааст. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов будааст. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро с. 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намуд (1952-1959). Пас аз хатми омӯзишгоҳ солҳои 1937-1939 дар Театри тамошобинони ҷавонон, 1939-1943 дар Театри мусиқи Ленинобод кор кардааст. Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш Мавлонова нақши Санавбарро дар драмаи мусиқии “Санавбар”-и Раҳим Ҷалил бозида, муваффақият пайдо мекунад. Аз с. 1943 ӯ ба ҳайси солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Мавлонова аз с. 1967 то нафақа доцент ва мудири кафедраи вокалӣ ва тайёрии операвии (1970) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст.
Ҳанифа Мавлонова таҷрибаи мактаби вокалии русро, ки дорои психологизми нозук буда, изтиробу ҳаяҷон ва дарду алами инсонро баён менамояд, омўхта, дар заминаи анъанаҳои миллӣ образҳои хотирнишони псхологии вокалию саҳнавӣ офаридааст. Аксари партияҳои Мавлонова лирикӣ ва драмавии тунду тезанд. Ў бештар ба нақшҳои фоҷиавӣ майл дошт, андешаҳои руҳии инсонро амиқ ва бағоят барҷаста ифода карда метавонад. Беҳтарин партияҳои ў дар саҳнаҳои театр: Маҳин (“Тоҳир ва Зўҳро”–и А. С. ленский), Татъяна, Лиза, Мария (“Евгений Онегин”, “Моткаи қарамашшоқ”, “Мазепа”–и П.И.Чайковский), Аида, Дездемона, Леонора (“Аида” “Отелло”, “Трубадур”–и Ҷ.Верди), Гулрў “Пўлод ва Гулрў”–и Ш. Сайфиддинов), Нисо (“Бахтиёр ва Нисо–и С.А.Баласанян), Малоҳат (“ Бозгашт”–и Ё. Сабзанов), Сурма (“Домоди номдор”–и С.Ю.Урбах”), Тоска (“Тоска”–и Ҷ. Пуччини), Ярославна (“Князь Игорь”– и А.П.Бородин) ва ғайра.
Қаҳрамонони Мавлонова занҳои дилрабо, пурҳарорат ва ҳассос буда, баҳри идеалҳои олӣ мубориза мебаранд.Мавлонова дар консертҳо, радио ва телевизион мунтазам баромад карда, беҳтарин сурудҳои халқӣ ва классикии тоҷик, асарҳои оҳангсозони советӣ ва ғарбро тарғиб менамояд.
Бисъёр сурудҳои халқи, классикӣ ва оҳансозони советии тоҷик аз тарафи мавлонова ба таври хос иҷро карда мешавад.
Мавлонова ба Муғулистон, Лаҳистон, Вйетнам, Канада, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сафари ҳунарӣ кардааст. Ў натанҳо дар инкишофи опера, санъати мусиқӣ ва театрии тоҷик, балки дар тарбияҳои кадрҳои ҷавон низ саҳми калон гузоштааст.
Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Солҳои охири ҳаёташро Ҳанифа Муҳиддиновна Мавлонова дар ИМА гузаронида, он ҷо соли 2010 вафот кардааст. Қабраш дар ш. Душанбе аст.
Таҳияи Зебуниссо Сафарова,
мутахассиси пешбари
адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар