«ДУНЁИ ТЕАТР»
Нашр шуд 2016-08-19 18:49
«Дунёи театр» соли 2007 аз ҷониби Алихон Маҳмадов нашр гардидааст. Муаллиф андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни театри тоҷик дар китоби мазкур зикр намудааст.
Ин китоб аз чордаҳ боб иборат буда, боби аввал «Театр», боби дуюм «Драманавис», боби сеюм «Коргардон», боби чорум «Поягузори аввалин театри касбии тоҷик», боби панҷум «Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ», боби шашум «Рўзҳои муродбахши Театри ба номи Лоҳутӣ», боби ҳафтум «Театри ба номи В. Маякавский», боби ҳаштум «Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов», боби нуҳум «Зиндагӣ дар театри ҷавонон», боби даҳум «Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун», боби ёздаҳум «Театри анъанаҳои миллии тоҷик «Гаҳвора», боби дувоздаҳум «Театри давлатии намунавии миниатураи «Оина», боби сездаҳум «Театри «Афсона», боби чордаҳум «Ҳунарпеша» ном дорад.
Дар ин бобҳо муаллиф аз таърихи фаъолияти театрҳо ёдовар шудааст. Қобили зикр аст, ки хизматҳои шоёни ҳунармандони театр аз мадди назари адиб дур намондааст. Ў аз рўзгору фаъолияти эҷодии София Туйбоева, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Тўҳфа Фозилова, Тўтӣ Ғафорова, Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Маҳмудҷон Воҳидов, Мукаррама Камолова, Марям Исоева ва дигарон нақлҳои ҷолибе кардааст.
Китоб барои мутахассисону донишмандон ва шахсиятҳои гуногуни ба фарҳанги театри тоҷик таваҷҷуҳдошта ҳамчун дастури хубе хизмат мерасонад.
Чанд нусха аз ин китоб дар бойгонии шуъбаи адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар мавҷуд аст, ки алоқамандон аз он метавонад ҳар вақт бихоҳанд, истифода баранд.
Зебиниссо Сафарова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар