Нўъмон Розиқ 9-уми майи соли 1927 дар деҳаи Симиганҷи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1942 хатм кард. Соли 1958 таҳсили Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанберо ба поён расонд ва чанде муаллимӣ кард.
Дар идораҳои давлатӣ хидмат кард, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси колхози “Ленинград”- и ноҳия буд. Аз соли 1971 муҳаррири рўзномаи ноҳиявии “Коммуна”– ро ба дўш дошт.
Аз соли 1976 раиси Иттифоқи касабаи ноҳия, аз соли 1978 раиси деҳшўрои Симиганҷ буд.
Дар солҳои донишҷўӣ ба шеъргўӣ сар кард. Асосан барои кўдакон шеър мегуфт. Китобҳои зеринаш дар солҳои гуногун чоп шудаанд:
“Телефони гунҷишк” (1968);
“Гулмоҳӣ” (1971);
“Бузғолача” (1974);
“Лона” (1977);
“Чароғҳои гуногун” (1977);
“Гулистон” (1981).
Ду китоби ӯ бо номҳои “Одуванчик” (1975), “У меня много друзей” (1981) бо забони русӣ ба табъ расидаанд.
Нуъмон Розиқ вакили мардумии парлумон низ буд. Хизматҳояш бо нишонҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон буд.
2-уми апрели соли 1982 аз олам гузаштааст.
P. S. Ин матлаб бо истифода аз китоби “Адибони тоҷик” таҳия шуд.
Хонандаи муҳтарам аз Нуъмон Розиқ ва дар бораи ӯ аз Китобхонаи миллӣ чӣ метавонад хонад?
Аз осори адиб китобҳои зерин мавҷуданд:
Розиқов, Н. Файзи баҳор: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 80 с.
Розиқ, Н. Лона: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1977. – 40 с.
Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1980. – 80 с.
Розиқ, Н. Гулбоғ: Шеъру суруд тезгўяку чистон, қиссаву достон барои бачагони синни хурди мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 80с.
Розиқ, Н. Гулбоғ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Маориф,1981. – 80 с.
Розиқ, Н. Овоза: Шеърҳои ҳаҷвӣ. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 48с.
Розиқ, Н. Симиганҷ: Шеърҳо, тарҷумаҳо ва ҳикояву афсонаҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 93с.
Розиқ, Н. Чил чашма дар Чилчинор: Шеърҳо; Қиссаҳо; Тарҷумаҳо; Ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 1989. – 176 с.
Ин шеърҳоро аз нашрияҳо метавонед пайдо ва хонед:
Розиқ, Н. Ошхонаи вайронае: Шеъри ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1976. – № 6. – С.5.
Розиқ,Н. Ҳаммом не, чӣ будааст?: Шеъри ҳаҷвӣ //Хорпуштак. – 1976. – № 8. – С.5.
Розиқ, Н. Ҳадаҳа: Шеъри ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1977. – №10. – С.2.
Розиқ, Н. Одати ғалатӣ; Давидем сўи бозор: Шеърҳои ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1977. – №14. – С.7.
Дар бораи Нуъмон Розиқ ин мақолаҳо ва ёдномаҳо дар солҳои гуногун дар нашрияҳои замон чоп шудаанд ва онҳоро низ метавонед аз бойгонии Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед:
Ҳазли солинавӣ ба шоир Нўъмон Розиқ // Садои Шарқ. –1977. – №1. – С.153.
Кенҷаева, Л. Аз ақибаш зикри хайр: Ёди шоир Н. Розиқ // Пионери Тоҷик. – 1987. – 17 май.
Розиқов, Ҳ. Намирад ҳаргиз…: Фарзанд дар ёди падараш – Н. Розиқ // Коммуна. – 1987. – 16 май.
Маҳмурод, С. Ҷашни шоир Нуъмон Розиқ // Коммуна. – 1987. – 16 май.
Рачаб, У. Шуморо дўст медошт: Дар бораи Н. Розик // Чилчашма дар Чилчанор. – Душанбе, 1989. – С. 5-10.
Мирзоев, К. Дунёи афсона: Ба хотири шоир шодравон Нуъмон Розиқ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 30 ноябр. – С.5