Файласуф Мӯсо Диноршоев
Нашр шуд 2017-11-21 16:22
Диноршоев Мўсо 7 ноябри 1934 дар деҳаи Арзинги ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1949-1954 донишҷўи Омўзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7 солаи ҳамин ноҳия ва (солҳои 1954-1959), донишҷўи факултети таъриху филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.
Солҳои (солҳои 1959-1962), ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, (солҳои 1962-1965), муаллим, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Душанбе, (солҳои 1965-1968), ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон (солҳои 1968-1986), мудири сектори таърихи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон буд. Ў сармуҳаррири Энсклапедияи Советии Тоҷик (солҳои 1986-1988), аз соли 1988 мудири шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон буд.
Мўсо Диноршоев муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик оид аст. Диноршоев дар осораш дар асоси сарчашмаҳо мавҷудияти анъанаҳои бои материалистиро дар фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику араб собит намуда, қонуниятҳои пайдоишу инкишофи фалсафаи Шарқи Миёнаву наздики асрҳои миёна, инчунин намояндагони мактабу равияҳои онро мавриди тадқиқ карор додаст. Дар эҷодиёти Диноршоев тартибу таҳияи луғатҳои дузабонаи фалсафӣ ва тарҷумаи осори фалсафи мақоми хоса дорад.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
мутахассиси шуъбаи
библиографияи миллӣ