Ошноӣ бо марҳум Самад Ғанӣ
Адиб, рӯзноманигори маъруф, ҳаҷвнигори беҳамто. 43 сол муқаддам аз олам даргузашт. Аммо осорашро ҳамоно мехонанд ва боз даҳсолаҳо хоҳанд хонд. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон омада: САМАД ҒАНӢ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст.
Фаъолияти меҳнатияш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст.
Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (ҳамроҳи А.Исмоилов, 1935), «Ватандӯстон» (ҳамроҳи Ф.Ниёзӣ, 1937), «Тӯй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С.М.Мителман, 1958) ва ғ. мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.
Асарҳои драмавии муаллифони дигарро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А.Чехов, М.Иброҳимов, В.Пистоленко, Н.Вирта ва дигарон ҳастанд.
Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғ. мебошад.
Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.
Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст.
Бо 5 орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
7 апрели соли 1974 аз олам даргузашт.
Аз шодравон Самад Ғанӣ дар Китобхонаи миллӣ ин осор қобили дарёфт аст:
Гули хандон. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – 156 с.
Мавҷи шўх: Латифаҳо. – Душанбе: Ирфон , 1966. – 88 с.
Дўсти бегумон: Дар бораи С. Айнӣ // Дар хотироти дўстон ва шогирдон. – Душанбе: 1968. – С. 276-286.
Арвоҳ. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 15 с.
Шакарханда: Маҷмўаи ҳикоя ва латифаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983.
Латифаҳои нав // Садои Шарқ. – 1964. – №7. – С. 154-156.
Тахти равон : Ҳикоя // Хорпуштак. – 1965. – №8. – С. 6-7.
Шиносоӣ: Аз дафтари журналист дар бораи колхози «Коммунизм»-и райони Вахш // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 21 декабр.
Ҷўяндагони бахт: Ҳафтаи санъати Бадахшони советӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 12 сентябр.
Камоли ҷавонӣ: Ба пешвози 40- солагии Комсомоли Тоҷикистон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 22 август.
Латифаҳо // Хорпуштак. – 1966. – №11. – С. 8.
Қасам: Латифа // Хорпуштак. – 1966. – №7. –С. 6.
Партия-шарафи мо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – №3. – С. 15-19.
Ду понздаҳ-як сӣ, Ду кара ду чанд: Ҳаҷвия // Хорпуштак. – 1966. – №22. С. 4.
Бойчечак: Дар охири моҳи декабр 23 замин пеш зада баромадани бойчечак хосият дошта бошад // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 5 январ.
Ҷўраи дилтанг: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1967. – №17. – С. 6.
Чиҳил- камоли ҷавонӣ: 40- солагии журнали «Хорпуштак» // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 26 феврал.
Латифаҳо // Хорпуштак. – 1968. – №11. – С. 5.
Ду дўстон: Айнӣ ва Лоҳутӣ // Маориф ва маданият. – 1968. – 20 август.
Марги муш // Хорпуштак. – 1969. – № 8. – С. 5.
Барои нам кардан; Пеш аз тафтиш; Худдорӣ; Тағо ва ҷиян: Латифаҳо // Хорпуштак. – 1970. – №11. – С. 4.
Духтари лабшакар: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1970. – №6. – С. 5.
Латифагўи ҳам ҳунар аст // Пионери Тоҷикистон. – 1970. – 5 июл.
Қадаҳ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1970. – 1 январ.
Жанна ва Ҷонни: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1971. – № 6. – С. 5.
Хурўс: Ҳикояи воқеӣ // Хорпуштак. – 1971. – №24. – С. 5.
Ҳамин тавр гўед: Ҳикояи воқеи // Хорпуштак. – 1971. – №3. – С. 4-5.
Совет паҳлавон: Ҳикояи халқӣ бахшида ба 50 - солагии СССР // Хорпуштак. – 1972. – № 24. – С. 2.
Кулли муғамбир- фандхўр: Ҳикояи воқеӣ // Хорпуштак. – 1973. – №7. –С. 6.
Супориш: Ҳикояҳои ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1974. – №16. – С. 4.
Латифаҳо // Маориф ва маданият. – 1977. – 7 апрел.
Саёҳати Берлин: Памфлет // Хорпуштак. – 2015. – №12. – С. 10.
Самад Ғанӣ: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 270-271.
Ғаниев Самад: Журналист ҳаҷвнигор // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 12 ноябр.
Таҳияи Хуршеда Ҷўраева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ