Ёде аз профессор Хушқадам Қамариддинов
Нашр шуд 2018-05-25 19:05
Агар профессор Қамариддинов зинда мебуд, 26-уми май ба синни муборак 85 қадам мегузошт. Олими барӯманд соле пеш, аниқтараш 9-уми май, 17 рӯз пеш аз зодрӯзаш тарки олам карда буд. Аз профессор Қамариддинов, ки табиби ҳозиқ ва донишманди шинохта буд, китобҳои зиёди пажӯҳишӣ боқӣ мондаанд, ки барои наслҳо хидмат хоҳанд кард.
Хушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст. Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР 1968.
Солҳои 1964-78 ассистент, 1978-80 доцент ва аз соли 1980 мудири кафедраи бемориҳои сироятии Институти тиббии Тоҷикистон. Соли 1985 инфексионисти шӯравӣ, доктори илмҳои тиб, соли 1986 профессор.
Қамардинов муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаи паразитология, инчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ оиданд.
Хушқадам Қамардинов паҳншавӣ ва усулҳои муолиҷаи фастиолёз (яке аз намудҳои киҷҷаи ҷигар)- ро муфассал тадқиқ кард. Раиси Ҷамъияти илмии инфексионистони РСС Тоҷикистон (аз соли 1981) ва Саринфексионисти Вазорати нигаҳдории тандурустии республика (аз 1985).
Хизматҳои Қамардинов Х.Қ. бо нишони Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС, нишони Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский буд.
Аз профессор Қамариддинов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро бихонед:
Қамардинов, Х.К. Клиника опасных инфекционных болезней. – Душанбе: Национальной энциклопедии. – 2007. –198 с.
Қамардинов, Х.К. Бемориҳои сироятӣ / Х.К. Камардинов, Э. Р. Раҳмонов, А.Аҳмадов. – Душанбе. – 2000. – 184 с.
Қамардинов, Х.К. Озмоишҳо (санҷишҳо) барои назорати донишҷўён дар дарсҳои амали аз фани бемориҳои сирояткунанда / Қамардинов, Х.К., Тошов, М.К. – Душанбе: Наҷот. – 1993. – 69 с.
Қамардинов, Х.К. Советская медицина в борьбе с инфекционными заболеваниями. – Душанбе: Знание. – 1980. – 20 с
Қамардинов, Х.К. Фасциолез человека в Таджикистане: Автореферат. – Масква. – 1984. – 28 с.
Қамардинов, Х.К., Тошов, М.К. Пешгирии бемории вабо // Паёми Душанбе. – 1993. – 31 август.
Дар бораи олими барӯманд:
Муборак мегуем: Ба ифтихори ҷашни профессор, номзади имҳои тиб, самутахассиси сироятпизишки Вазорати ҳифзи сиҳатии оммаи ҷумҳурӣ Х.Қ. Қамардинов // Шифо. – 1993. – №3-4. – С. 24.
Абдурасул, Ш. Прфессорҳои кабинетӣ: Оиди ҳаёт ва фаъолияти олими шинохтаи тоҷик, сироятшиноси машҳур, доктори илмҳоӣ тиб, профессор Хушқадам Қамардинов // Тоҷикистон. – 2013. – 8 май.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ