Олим, журналист, мутарҷим…

  Масъуд Муллоҷонов, донишманди маъруфи кишвар се сол пеш ҷамъи моро тарк кард. Замоне рафт, ки се сол то навадсолагиаш монда буд. Роҳи эҷодии ӯ аз рӯзноманигорӣ оғоз шудааст, муддати хабарнигори нашрияи машҳури “Литературная газета” дар Тоҷикистон буд. Аз ҷумлаи қаламкашону пажӯҳишгаронест, ки кори ҳизбӣ ҳам кардаву муддате дар бахши таблиғи Кумитаи Марказии ҲК фаъолият ҳам доштааст. Аммо корҳои пажӯҳишии марҳум барҷастатару мондагортаранд.

 Масъуд Муллоҷонов 3-юми ноябри соли 1929 дар Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда, дар аспирантураи назди он таҳсил намудааст. Дар идораи рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радио, шуъбаи пропаганда ва агитатсияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва «Тоҷикфилм» кор кардааст. Аз соли 1968 сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» ва котиби Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 1970 мухбири махсуси рўзномаи «Литературная газета», Коркуни Хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1979) мебошад.

 Масъуд Муллоҷонов мунаққид, адабиётшинос ва публитсисти тоҷик буд. Аввалин тақриз ва мақолаҳояш соли 1951 чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯи мақолаҳои «Ҳамдами замон ва ҳамнафаси халқ» (1962), «Нақши замон» (1977) ва рисолаи «Холиқ Мирзозода» (1963), китоби «Портретҳо» (1981) мебошад.

 Мураттиб ва муаллифи якчанд китобҳои коллективӣ, ба монанди «Норак» (1974), «Ҳудуди шуҷоат» (1976, бо забони русӣ), «Ҳикояҳо дар бораи Тоҷикистон» (1977, ба забони русӣ) мебошад. Мақолаҳои танқидӣ ва портретҳои адабиаш доир ба ҳаёт ва эҷодиёти адибони шўравии тоҷик, инчунин очерку мақолаҳои публитсистиаш дар матбуоти умумииттифоқӣ чоп шудааст.  Повести Сорбон «Занги аввал»-ро ба русӣ тарҷума кардааст. Матни чанд филми ҳуҷҷатӣ низ ба қалами ў тааллуқ дорад.

 Аз соли 1959 узви КПСС ва аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд.

 Масъуд Муллоҷонов бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон,  Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии РСС Белоруссия мукофотонида шудааст ва бо Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудааст.

 Масъуд Муллоҷонов соли 2016 дунёро падруд гуфт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1983. – Ҷ. 4. – С.546.

Муаллиф: А. Раҳмонов              

Дар Китобхонаи миллӣ аз Масъул Муллоҷонов ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

Нависанда ва замон // Садои Шарқ. – 1969. – №7. – С.116-133.

Соғари назм // Маориф ва маданият. – 1971. – 26 июн.

Ҳунарнамоӣ дар Теҳрон // Маориф ва маданият. – 1972. – 27 май.

Маяковский дар Тоҷикистон // Садои Шарқ. – 1973. – № 7. – С.91-98.

Баъзе фикрҳо дар бораи драматургияи мо // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 28 январ.

Хонанда, китоб, нависанда // Садои Шарқ. – 1979. – № 8. – С.136-144.

Драматургия ва замон // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. –  10 апрел.

Тирамоҳи боровар: Доир ба эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев // Садои Шарқ. – 1982. – № 1. – С.105-111.

Марди зиндадил: Ба муносибати 70-солагии зодрўзи А. Б. Чайковский // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 26 август.

Симои пеши оина // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 2 сентябр.

Барои ташаббускориҳои худсаронаам борҳо «шатта» хўрдаам // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 29 октябр.

 Ҳошим, Р. Ҳамқадам бо ҳаёт: Дар бораи журналист Масъуд Муллоҷонов // Тоҷикистони советӣ. – 1979. – 4 ноябр.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ