Ҳадяи Куриё ба Китобхонаи миллӣ: Дастгоҳи чопи китоб ва дастгоҳи муқовабандӣ

   19-уми авсусти соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Куриё  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл  ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори Китобхона профессор Абдусалом Мирализода  мулоқот намуд.

   Вучёл Ли ва Абдусалом Мирализода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Куриё изҳори назар намуда, хостори гуcтариши ҳамкориҳо барои солҳои оянда шуданд.

   Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Куриё, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гӯшаи Куриё дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

   Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот мехмони олиқадр аз Гӯшаи Куриёя дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва макони таъсиси нашриёти хурди Китобхонаи миллӣ дидан намуд.

   Бояд тазаккур дод, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқдом гирифтааст баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифату шароити хизматрасонӣ ва чопи китобу дастурҳои методӣ нашриёти хурди худро таъсис диҳад.

   Бо назардошти имкониятҳои тавсеъа ва рушди робитаҳои байнисоҳавӣ ҷиҳати  муҷаҳҳаз гардонидани ин нашриёт Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриё (KOICA) бо мақсади ифтитохи нашриёти мазкур 1 адад дастгоҳи чопи китоби тамғаи RISO SF5330 ва 1 адад дастгоҳи муқовабандии тамғаи BW950Z-ро бо арзиши 14’000 доллари ИМА ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя намуд.

Файёз Умаров,

сардори шуъбаи робитахои

 байналмилалии Китобхонаи миллӣ.