19-уми авсусти соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори Китобхона профессор Абдусалом Мирализода мулоқот намуд.
Вучёл Ли ва Абдусалом Мирализода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Куриё изҳори назар намуда, хостори гуcтариши ҳамкориҳо барои солҳои оянда шуданд.