Иштирок ва суханронии Директори Китобхонаи миллӣ дар онлайн-семинари ширкати “Антиплагиат”-и Русия

Бо ташаббуси Ширкати Антиплагати Федератсияи Русия рӯзи 26 ноябр дар мавзӯи «Системаи Aнтиплагиат” ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари миллӣ дар низоми онлайн баргузор гардид. Дар кори семинар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ якҷо бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин семинар Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол суханронӣ кард.

Сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо изҳори сипос аз мутасаддиёну баргузоркунандагони ин нишасти муфид иброз дошт, ки  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ганҷинаи фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуда, яке аз калонтарин китобхонаҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Вуруди технологияҳои нав ба фаъолияти китобхонаҳо, асосан, бо омилҳои беруна - иттилоотонӣ ва ҳамгироии қариб ҳамаи соҳаҳои ҷомеаи инсонӣ таъсир гузоштааст. Солҳои охир китобхонаҳои Тоҷикистон саъй доранд, ки худро ба талаботи муосир мутобиқ кунанд, захираҳои худро дар асоси технологияҳои нави иттилоотӣ такмил диҳанд.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ таваҷҷӯҳи ширкаткунандагонро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷалб кард ва гуфт, ки тибқи лоиҳа бинои он барои нигоҳ доштани 10 миллион китоб ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ сохта шудааст.  Агар ба корҳои илмӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи китобҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон назар андозед, маълум мешавад, ки ин на танҳо маъхази беназири китоб, балки маркази илму маърифат низ мебошад. Зеро дар ин қаср дар баробари китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, дигар маводи чопӣ низ нигоҳ дошта мешаванд. Барои нашри электронии асарҳои бастакорон ва мусиқишиносони Тоҷикистон ва фонди ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ таъсис дода шудаанд, ки мероси бойи мусиқии мардуми тоҷикро инъикос мекунанд.

Директори Китобхонаи милии Тоҷикистон ба самъи ширкаткунандагони семинар расонд, ки ин боргоҳи маърифат ҳоло дорои беш аз 3 миллион адад китоб ва нашрияҳои даврӣ мебошад. Аз ҷумла, 2574 нашрияи махсусан арзишманд ва беназир, зиёда аз 25 ҳазор нашрияҳои нодир,беш аз 130 ҳазор нашрияҳои хориҷӣ ба 45 забони халқҳои ҷаҳон, инчунин зиёда аз 300 ҳазор нашрияҳо дар шакли электронӣ ва бештар аз 500 ҳазор номгӯи китобҳо дар феҳристи электронии китобхона мебошад.

Имрӯзҳо фаъолияти ин китобхонаи асосии ҷумҳурӣ ба фароҳам овардани шароит барои ташкили дастрасии ҳамаҷониба ба маълумоти таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, таҳким ва оммавӣ гардонидани дониш дар байни ҷавонон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ равона карда шудааст.

Профессор Файзализода ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар кишвар; қонеъ кардани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ; ташаккули маҷмӯаи универсалии фондҳои ҳуҷҷатӣ, коркарди илмӣ ва таъмини ҳифзи ҷисмонии онҳо; ба корбарон пешниҳод намудани маҷмӯаи мукаммали ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва дорои аҳамияти илмии хориҷӣ бо забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва нашрияҳо дар бораи Тоҷикистонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллӣ хонд. 

Соҳибмақоми Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ гуфт: Китобхона системаи нави автоматикунонидашудаи иттилоотиро дар асоси барномаи "ALEPH" (Aleph) ҷорӣ намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ васеъ истифода мешавад. Ин барнома аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми он барои кормандони китобхонаҳо пешбинӣ шудааст ва аз 5 модул иборат аст - пурра, каталоггузорӣ, хидмати муттасил, хидматрасонӣ ба хонандагон тавассути абонементи байни китобхонаҳо, назоратӣ ва маъмурӣ, ки ба ҷойҳои корӣ пайвастанд. Қисми дуюми Барномаи ОРАК барои хонанда пешбинӣ шудааст, ки бо истифода аз он бо ёрии каталоги электронӣ китоби заруриро пайдо намуда, фармоиш медиҳад.  

Бори аввал Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути штрих-код рақамгузорӣ карда шуд, то он ба системаи нави автоматизатсияи китобхона ва раванди иттилоотии системаи «китоб - хонанда-мутолеа» мутобиқ карда шавад.

  Китобхона дорои шабакаи маҳаллӣ мебошад. Ҳуҷраҳои махсус барои дастрасӣ ба манбаъҳои электронӣ ва пойгоҳҳои матнии пурраи рисолаҳо, маҷаллаҳо ва адабиёти таълимӣ кушода шуданд.

Толори захираҳои электронӣ ба корбарон ҳуҷҷатҳои электроние пешниҳод менамояд, ки дорои маълумот, маводи таълимӣ ва илмӣ мебошанд. Ҷузъи асосии ҷамъоварии фонди толори захираҳои электронӣ аз CD-ҳои оптикӣ иборат аст. Намуди хидматрасониҳои толор дастрасии ройгон ба манбаъҳои интернет ва пойгоҳҳои пурраи матнии марказҳои иттилоотии бузургтарини ҷаҳонро дар бар мегирад.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ дар бораи толори китобҳои электронӣ ҳарф зад ва гуфт, ки дар он барои 170 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва кулли захираҳои электронии КМТ ва китобхонаҳое, ки ин ниҳод ҳамкорӣ дорад, барои корбарон ройгон дастрасанд. Аз ҷумла:

- каталоги электронӣ ва картотекаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

- манбаъҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

-китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

- бонки мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ "lawinfo.kmt.tj".

Истифодабарандагон инчунин бо зиёда аз 70 пойгоҳи маълумотӣ, ки дастрасӣ ба пойгоҳҳои мураккаби библиографиро таъмин мекунанд, имкони васл шудан доранд.

Дар китобхона хонандагони он ҳамчунин ба фондҳои Китобхонаи электронии диссертатсияи Китобхонаи давлатии Русия низ дастрасӣ доранд.

 Дар сохтори КМТ як шӯъбаи рисолаҳо ва авторефератҳо мавҷуд аст, ки дар он рисолаҳо ва авторефератҳои дар Тоҷикистон ҳимояшуда барои истифодабарандагон озодона дастрасанд.

Директори Китобхонаи миллӣ дар поёни суханронии худ иброз дошт, ки дар айни замон Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо зиёда аз 60 ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ва зиёда аз 20 китобхонаҳои бузурги кишварҳои хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ дорад. Китобхона бо 28 кишвари ҷаҳон тавассути мубодилаи байналмилалии китоб ҳамкорӣ мекунад. Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 10 китобхонаи хориҷӣ мавҷуданд ва КМТ омодааст бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад.

Барчаспҳо: