Вақте соҳибкор “Хонаи дониш” месозад...

Рӯзи ҷумъаи гузашта мо шоҳиди ифтитоҳи як “Хонаи дониш” дар ноҳияи Синои пойтахт шудем. Соҳибкори муваффақи тоҷик, муассис ва президенти Маркази байналмиллалии рушди инсон "Само", доктори илмҳои равоншиносӣ Саидмурод Давлатов дар шафати Донишкадаи забонҳои пойтахти кишвар ҳамин гуна як маъхази маърифат бунёд кард ва онро бо ҳузури ҷамъе аз донишмандон, кормандони сохторҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва хонандагон расман ифтитоҳ кард.

Зимни суханронӣ Саидмурод Давлатов гуфт, ки бо ҷорӣ намудани фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ шароите муҳайё созем, ки  истеъдодҳо бо равиши осон маҳорати касбӣ пайдо кунанд ва бо ин васила таъсири нек ба рӯзгори мардум гузорем.

Соҳибкори муваффақ дар бахше дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ҳама роҳҳоро барои расидан ба маърифату омӯзиши илм ҳамвор кардааст. Ҳоло дар Тоҷикистон шароите фароҳам омада, ки бо истифода аз он сокинон метавонанд бо рӯ овардан ба китоб дониши худро ғанӣ созанд. Мутолиаи китоб худ як неъматест, ки ба ҳар кас даст намедиҳад.

Саидмурод Давлатов гуфт, ки рӯ овардан ба илму дониш  сабаби рушду пешрафти  ҳар ҷамъият аст. “Хонаи дониш” барои он ташкил шудааст, ки ҳар фарди ҷомеа, марду зан, пиру ҷавон, кормандону сокинон, писарону духтарони мо ба мероси бойи маънавию фарҳангӣ ва китобҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо карда, бо баланд бардоштани маънавиёти худ дар ободию пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

“Хонаи китоб” аз гӯшаҳои “Адабиёти бачагона”, “Адибиёти муосир”, Адабиёти классикӣ”, “Китобҳои маъруфи ҷаҳонӣ, силсилакитобҳои худи Саидмурод Давлатов “Фалсафаи мурчагон”, “Адабиёти соҳавӣ” ва ғайра иборат аст ва хонандагон дар мавзӯъи хостаи худ метавонанд китоби хуб пайдо ва мутолиа намоянд.   

Қарор аст вақтҳои наздик дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва баъдан дар ноҳияҳои дигари кишвар чунин маъбадҳои маърифат сохта шаванд. 

Б.Шафеъ

Барчаспҳо: