Шарҳи байти савуми ғазали аввали девони Бедил
Нашр шуд 2020-06-11 13:27
Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо.
МУҚИМИ ДАШТИ УЛФАТ БУДАН – дар мақоми луфту меҳрубонӣ қарор доштан, ки он ҷойгоҳ муҷиби баҳравар шудани солик ё ошиқ аз иноят ва лутфи илоҳӣ гардад. Яъне, фурсате луфту меҳрубонии хешро дареғ мадор.
ДАШТИ УЛФАТ – водии лутфу инояти маъшуқ нисбат ба ошиқ.
ХОБИ НОЗ СОМОН КАРДАН - дар маҳалли ноз будан, ки сифати маъшуқ аст. Дар ин мақом будани маъшуқ то андозае тадоъӣ бар маҳалли висол низ кунад, чун нози маъшуқ мӯҷиби ниёзи ошиқ гардад. Аммо вақте шоир хоби ноз сомон кун мегӯяд, навъе аз таҷаллои ноз, ки гунае аз таҷаллои ҷамолии маъшуқ бошад, берун шав, яъне онро бихобон, фурсате нозро канор гузор. Ин матлаб бар он асос аст, ки вожаи хобонидан ё хоб сомон кардан дар фарҳанги мардумӣ ба маънии канор гузоштани коре, қатъ намудан низ истифода мешавад. Масалан, ибораи хобонидани коре ба маънии қатъ намудани амал ё кор бошад. Аз ин рӯ, Бедил ба маъшуқ таъкид мекунад, ки фурсате дар дашти улфат бош ва ошиқро аз илтифотат баҳраманд созу аз нозро фурӯзорӣ кун, ки андаке беилтифотии ту метавонд вуҷуди ошиқро аз миён бардоранд. Ин ҷо гиёҳи кӯчак дар баробари он ки ҷузъи табиат аст,шоир онро ба мижгони маъшуқпайванд мебахшад, ки дар сурати таҷаллои нигоҳи ту мижгони маъшуқ аз инфиол нобуд гардад. Дар канори ин, мижгони гиёҳ навъе тимсоли ошиқи навроҳ низ ҳаст, ки аз таҷассуми андаке ҷамоли маъшуқ фано пазирад. Бар ин асос аст, ки Бедил маъшуқро ба дашти улфат мехонад, то аз марҳамати ӯ ошиқ файзҳо бигирад, на аз таҷассуми нозу ишваи вай маъдум шавад.
МИЖГОНИ ГИЁҲ - шохаҳои хурди гиёҳи кӯчак, ки мушобеҳи мижгон бошанд.
БА ҲАМ ОВАРДАНИ МИЖГОНИ ГИЁҲ - мунфаил гардидани гиёҳ дар муқобили мижгони маъшуқ. Дар асли луғавӣ ба ҳам омадани мижгон, пӯшида шудани чашм манзур бошад, чун мижгони болову поин ба ҳам оянд, басирати инсон аз миён равад.
Ҳосили маънии байт он аст, ки Бедил маъшуқро ба лутфу иноят даъват мекунад ва таъкид медорад, ки муддате дар дашти лутфу меҳрубонӣ қарор бигир ва нисбат ва ошиқ илтифот намо ва аз мақоми ноз, ки навъе бетавофутӣ ва беиноятии маъшуқ низ бошад, бурун о. Аз лутфу инояти туст, ки ҳама чиз файзу баҳра бигирад ва агар ҳатто гиёҳон, ки дар муқобили нигоҳи ту қарор бигиранд, аз нубуғи назокати нигоҳи туро таҳаммул карда натавониста фано пазиранд.
Нуралӣ НУРЗОД
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук:
ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ.
Бо матолиби ин саҳифа ин ҷо метавонед ошно шуд: ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ
Бахшҳои аввали шарҳ:
Шарҳи байти нахустини Девони Бедил
Шарҳи байти дуюми нахустин ғазали Девони Бедил