Омўзгор ва муҳаққиқи библиографияшиносӣ
Соҳаи библиографияшиносии тоҷик баъди солҳои 80-уми асри ХХ рў ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра як зумра муҳаққиқони ҳирфаӣ самтҳои гуногуни библиографияи миллиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардида буданд. Аз ҷумла, шогирди нахустини библиографи тоҷик Раҳимҷон Шарофзода Абдураҳим Раҳимов рисолаи номзадиашро дар Шўрои диссертатсионии ДДФЛ дифоъ намуда, ба ватан баргашт ва ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ оғоз намуд. Дар ҳамин давра муҳаққиқони соҳа аз қабили М. Қосимова, Ҳ. Исомуддинова, Р.О. Талман, Р.Н. Костина. Х. Арбобова, И.И. Рутенштейн, И. Норкаллаев, Мушеев Г.А., Шевченко З.М., Турсунова, Миров С. М., Кукушкина Р. А., Козирева Л.Г., Н. Сайфулина, М.Ҳ. Акобирова, Р. Набиева, Р. Кочкионова, С. Ғоибназаров, Ҷ. Раҷабов, А. Юнусов, А. Хоҷаев ва дигарон дар кишвар фаъолияти пурсамар доштанд.
Дар солҳои 80-уми асри ХХ як зумра ҷавонон донишкадаҳои ватанию хориҷиро дар самти китобхонашиносиву библиографияшиносӣ хатм намуда ба ватан баргашта, ба фаъолияти касбӣ оғоз намуданд. Дар сафи онҳо мутахассиси ҷавон Г. Маҳмудов аз соли 1982 ба фаъолияти касбӣ оғоз менамояд. Ў аввал дар Китобхонаи ҷумҳуриявии давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси китобдор-библиограф ва аз соли 1983 дар факултаи китобдории ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омўзгор ба кор ҷалб мегардад. Омўзгори ҷавон малакаю маҳорати хешро доимо сайқал медод ва аз устодони кафедра Р. Шарофов, А. Раҳимов, Г. Мушеев, Н. Сайфулина, Ш. Тошев ва дигарон нозукиҳои касбро меомўхт. Сипас ў ба ҳайси омўзгори калон ва баъдтар мудири кафедраи библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода интихоб мешавад. Дар давоми фаъолияти пурмаҳсул дар омода намудани кадрҳои китобдории кишвар саҳми муносиби хешро мегузорад. Ҳамзамон, дар радифи фаъолиятҳои омўзгорӣ дар чорабиниҳои илмии кафедра, донишкада, аз ҷумла ҳамоишҳои илмӣ ба монанди семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад. Мақолаҳои илмии ў дар маҷмўаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мавзўъҳои гуногун: “Вазъ ва рушди библиографияи тоҷик”, “Вазъи библиографияи ҷории давлатӣ дар Тоҷикистон” [15, с. 98-99], “Оид ба масоили таҳқиқи библиографияи давлатӣ дар доираи талаботи замони муосир” [12, с. 69-70] пайиҳам интишор мегарданд. Осори ў дар шакли рисола, китоби дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурамали корӣ, дастурҳои методӣ омода ва ба табъ расидаанд.
Гадобек Маҳмудов аз соли 2013 то 2015 ба ҳайси декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ифои вазифа намудааст. Дар ин давра ў кўшидааст, ки барномаҳои таълимии кафедраҳои факулта на танҳо ба забони модарӣ, балки онҳо бо истифода аз дастоварди илмиву амалии китобхонаҳои кишвар ва истифода аз маводи инноватсионии замони муосир омода гарданд. Ў ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи беандоза дода, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки унвон ва мазмуну мундариҷаи рисолаҳои илмии донишҷўён дар шакли корҳои курсӣ ва корҳои дипломӣ куллан тағйир дода шуда, ба талаботи рўзмарраи соҳа мутобиқ ва самтҳои инноватсионии рушд бештар инъикос гарданд.
Фаъолияти пурмаҳсулу таҷрибаи кории ўро ба назар гирифта, ба вазифаи муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин намуданд. Ин вазифаи пурмасъулият ба ў имконият фароҳам овард, ки малакаи назарии хешро дар китобхонаи бузургтарини кишвар мавриди амал қарор диҳад. Ў аз мактаби бузурги олимони варзидаи рус ва тоҷик гузашта, имрўз онро дар амалияи соҳаи дўстдоштааш пайваста татбиқ менамояд. Ў бештар ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, дастовардҳои инноватсионии соҳа, фаъолияти китобхонаҳои кишварҳои тараққикарда таваҷҷуҳи вижа намуда, ин навгониҳоро дар фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва соири китобхонаҳои кишвар мавриди роҳандозӣ қарор медиҳад.
Гадобек Маҳмудов гарчанде серкор ва вазифаи пурмасъулиятро ба дўш дошта бошад ҳам, аз таълими мутахассисони ҷавони соҳавӣ ва бозомўзии мутахассисони ғайрисоҳавӣ дурӣ намеҷўяд. Саҳми ў дар омоданамоии мутахассисони соҳавӣ дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, бозомўзии кадрҳои ғайритахассуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва тадрис дар курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисоси китобдорони кишвар назаррас аст. Аз зери қалами ў барномаҳои таълимии: “Библиографияшиносӣ. Курси умумӣ” [19], “Библиографияшиносӣ. Ташкил ва методикаи кори библиографӣ дар китобхона. Нишондоди методӣ” [20], “Библиографияшиносӣ. Барномаи таълимӣ” [17], “Библиографияи Тоҷикистон. Барнома” [21], “Фаъолияти библиографӣ дар китобхона. Барнома” [41] ва ғайра, китобҳои дарсии “Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо. Китоби дарсӣ” [33], “Библиографияшиносӣ. Китоби дарсӣ” [18], рисолаи илмии “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо” [26] ва ғайра арзи ҳасти намудаанд. Ҳамзамон, мавсуф ба эҷоди мақолаву роҳномаҳо барои донишҷўёну мутахассисони соҳаи китобдорӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии онҳо таваҷҷуҳ намуда, маводи зеринро омода ва интишор намудааст: “Роҳандозии равандҳои инноватсионии таълим дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ” [28], “Ташаккули равандҳои инноватсионии таълим дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ” [32], “Такмили ихтисоси китобдорон – талаби замони муосир” [31], “Роҳнамои Китобхонаи миллии Тоҷикистон” [44], “Зарурати хадамоти методии китобхонаҳо дар замони ҳозира” [45], “Современное состояние повышения квалификации кадров в библиотеках Таджикистана” [14], “Вазъи бозомўзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар Тоҷикистон” [22], “Асосҳои донишҳои китобдорӣ ва библиографӣ” [7], ки онҳо барои шиносоӣ бо вазъи имрўзаи такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисони ғайрисоҳавӣ сарчашмаи муҳим маҳсуб меёбанд.
Доираи фаъолияти илмии ў пайваста рушд менамояд ва аз зери қалами ў пайваста мақолаҳои ҷолиб ва осори ҷудогонаи илмию таълимӣ ва методӣ манзури мутахассисони соҳа мегарданд.
Дар эҷодиёти ў мақолаҳои илмӣ ҷойи махсусро ишғол менамоянд. Диққати ўро дар аввал масоили библиографияи давлатӣ ба худ ҷалб намуда бошад, дар солҳои охир бештар оид ба масоили библиографияшиносӣ ва самтҳои умдатарини он таҳқиқотҳои назаррас ба сомон мерасонад. Натиҷаи ин тадқиқотҳо дар мақолаҳои: “Состояние текущей государственной библиографии Таджикистана” [15], “Становление и пути совершенствования репертуара таджикской книги” [16], “К вопросу изучения государственной библиографии в свете обновления общества” [12], “Сохт ва таъйини дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхонаҳо” [42, с. 54-65], “Баъзе масоили омўзиши библиографияи давлатии тоҷик” [43, с. 134-137], “Равандҳои асосии фаъолияти библиографии китобхонаҳо” [44, с. 355-378], “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар иттилооткунонии фарҳанги маънавӣ” [24, с. 119-130], “Таносуби назария ва амалияи библиография: таҳлили методологӣ” [45, с. 206-216], “Таносуби назария ва амалияи библиография дар системаи донишҳои ба ҳам наздик” [45, с. 216-229], “Мақоми библиографияшиносӣ дар системаи донишҳои ба он қаробатдошта” [45, с. 229-243], “Основные направления деятельности Национальной библиотеки Таджикистана: тенденции и развитие” [13], “Созмондиҳии фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо” [46, с. 315-414], “Иттилооти библиографӣ ва шаклҳои вуҷуддоштаи он” [46, с. 402-342], “Саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бунёди захираи электронии иттилоотии Пешвои миллат” [30, с. 58-67], “Вазъи истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” [23, с. 18-20], “Робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар замони муосир” [27, с. 279-289], “Истифодабарандагони иттилооти библиографӣ ва эҳтиёҷоти онҳо” [46, с. 445-462] ва ғайра манзури мутахассисон ва оммаи васеи хонандагон гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки ў дар як давраи кўтоҳ на танҳо ба ҳалли масоили илмӣ ва назарӣ даст задааст, балки тавонистааст дар бознашри китобҳои дарсии устодон, таҳрири китобу дастурҳо, инчунин оид ба библиографияи шарҳиҳолии шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Далели равшани гуфтаҳои мо дар омодасозӣ ва нашри китоби дарсии Р. Шарофзода “Библиографияи адабии тоҷик” [49], таҳрири барномаи “Аснодшиносӣ” [6], китобномаи шарҳиҳолии “Ҳабиби фарҳанг” [47], “Талабхўҷа Сатторов” [38], “Абдулҳамид Самад” [3], рисолаи Қ. Авғонов “Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон” [4], рисолаи С. Сулаймонӣ “Донишшиносӣ: фарҳанги китобдорӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ” [36], таҳияи маводи таълимӣ-методии “Дар олами орзуҳо” [10], “Гиреҳкушо” [9], “Китобномаи шарҳиҳолӣ” [34], дастури таълимии “Махзани маърифат” [11], дастури тавсиявӣ-методии “Роҳнамои хонанда” [35], маҷмўаи мақолаҳо ва осорнома “Умре дар ҷодаи илми фарҳангшиносӣ” [40] ва ғайра мебошанд.
Ҳамзамон, саҳми ў дар таҳияи якчанд барориши “Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон” [5] ва таҳрири силсиланашрияи “Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон” [37] назаррас аст.
Яке аз самтҳои чашмраси фаъолияти эҷодии Гадобек Маҳмудов ташвиқу тарғиби фаъолияти шахсиятҳои варзидаи илму фарҳанг мебошад. Ў тавонистааст оид ба чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг ва адаби тоҷик, аз ҷумла Ш. Комилзода [29; 45, с. 453-457], С. Шосаидзода [25, с. 18-20], Ш. Ҳабибов [47], Д. Латипов [40], устодон ва омўзгорони факултаи китобдории ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода [11] ва дигарон мақолаҳои ҷолиб ба чоп расонад.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ў олимон ва мутахассисони гуногун меҳрномаҳои хешро тақдим намудаанд. Аз ҷумлаи чунин меҳрномаҳо: “Ба муҳаққиқи ҷавон оид ба сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ” [8, с. 187-208], “Махзани маърифат” [11, с. 46-47], “Дуррест, ки медурахшад” [1], “Рўзгоре барои ибрат” [48], “Тарғибгари каломи беназир” [39, с. 148-152], “Номи неки муаллим” [2] ва ғайра самтҳои гуногуни ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти ўро инъикос намудаанд, ки аллакай манзури хонандагони кишвар қарор гирифтаанд.
Гадобек Маҳмудов аз библиографони шинохтаи кишвар ва яке аз симоҳои намоёни китобдории тоҷик буда, саҳми ў дар самтҳои умдатарини фаъолияти библиографӣ, омоданамоии мутахассисон, пешниҳодҳои муҳим дар рушди самтҳои афзалиятноки китобдориву библиографӣ хотирмон ва арзиши баландро соҳиб аст.
Маводи истифодашуда
- Абдуллоева, М. Дуррест, ки медурахшад [Матн]: дар бораи фаъолияти омўзгории Г. Маҳмудов // Ҷумҳурият. – 2015. – 21 янв.
- Абдуллоева, М. Номи неки муаллим [Матн]: дар бораи фаъолияти омўзгории Г. Маҳмудов // Ваҳдат. – 2016. – июл.
- Абдулҳамид Самад [Матн]: китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб Б. Қурбонова; муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе, 2019. – 110 с.
- Авғонов, К. Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон [Матн] / Муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 180 с.
- Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Феҳристи адабиёти солҳои 2014-2015 / Мураттибон Г. Маҳмудов, Н. Аҳмадова; зери назари С. Назарзода. – Душанбе, 2016. – 202 с.
- Аснодшиносӣ [Матн]: барнома / Муҳаррир Г. Маҳмудов // Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ. - Душанбе: Эҷод, 2009. - С. 25-32.
- Асосҳои донишҳои китобдорӣ ва библиографӣ [Матн]: барномаи таълимӣ барои шунавандагони Маркази такмили ихтисос / Мураттиб Г. Маҳмудов; муҳаррир Ҳ. Маҳмадҷонов. – Душанбе, 2014. – 16 с.
- Бўриев, Қ.Б. Ба муҳаққиқи ҷавон оид ба сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ / Бўриев Қ.Б. // Фаъолияти китобдорӣ дар замони истиқлолият / Мураттиб Қ.Б. Бўриев; муҳаррир С.Ҳ. Шосаидов. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2012. – С. 187 – 208.
- Гиреҳкушо [Матн]: бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон // Мураттибон Г. Маҳмудов, Қ.Ғуломзода; муҳаррир М. Юсупова. – Душанбе: Истеъдод, 2017. – 176 с.
- Дар олами орзуҳо [Матн]: маводи таълимӣ-методӣ / Мураттибон К. Авғонов, Г. Маҳмудов. - Душанбе: Истеъдод, 2013. – 220 с.
- Махзани маърифат [Матн]: дастури таълимӣ. / Мураттибон Б. Холов ва Г. Маҳмудов. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 64 с.
- Махмудов Г. К вопросу изучения государственной библиографии в свете новых требований// Культура и личность в свете обновления общества. – Ташкент, 1991. – С. 69-70.
- Махмудов, Г. Основные направления деятельности Национальной библиотеки Таджикистана: тенденции и развитие [Текст] / Г. Махмудов, Дж. Валиев // Вестник БАЕ. – 2018. - №3. – С. 25-29.
- Махмудов, Г. Современное состояние повышения квалификации кадров в библиотеках Таджикистана [Текст] /Г. Махмудов // Научные школы: Молодежь в науке и культуре ХХ1 в.: Материалы междунар. науч.-творч. форума 31 окт. – 3 нояб. 2017 / сост. Е.В. Швачко. – Челябинск: ЧГИК, 2017. – С. 316-318.
- Махмудов Г. Состояние текущей государственной библиографии в Таджикистане// Тезисы научно-практической конференции молодых учёных и специалистон 13-14 апреля 1989 г. – Душанбе, 1989. – С. 98-99.
- Махмудов, Г. Становление и пути совершенствования репертуара таджикской книги [Текст] // Материалы региональной научно-теоретической конференции республик Средней Азии и Закавказья на тему «Книга в развитии народов Востока: История и современность. – Душанбе: 1990.
- Маҳмудов, Г. Библиографияшиносӣ [Матн]: барнома // Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ. – Душанбе: Эҷод, 2009. – С. 33-45.
- Маҳмудов, Г. Библиографияшиносӣ [Матн]: китоби дарсӣ / Г. Маҳмудов; муҳаррир Б. Холов; зери назари профессор Х. Идизода. _ Душанбе: Истеъдод, 2019. – 238 с.
- Маҳмудов, Г. Библиографияшиносӣ. Курси умумӣ [Матн]: Программа.- Душанбе: 1988.- 23 с.
- Маҳмудов, Г. Библиографияшиносӣ. Ташкил ва методикаи кори библиографӣ дар китобхона [Матн]: нишондоди методӣ ва мавзўъҳои корҳои контролӣ барои студентони курсҳои 2-3. – Душанбе: 1988.- 53 с.
- Маҳмудов, Г. Библиографияи Тоҷикистон [Матн]: барнома. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2012. – 14 с.
- Маҳмудов, Г. Вазъи бозомўзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар Тоҷикистон [Матн]: маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 85-солагии таъсисёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 3-юми сентябри соли 2018 / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Г. Маҳмудов. – Душанбе: ҶДММ Таъминотчӣ, 2018. – С.55-58.
- Маҳмудов, Г. Вазъи истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он [Матн] // Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон. Маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (2-3майи соли 2019, ш. Душанбе / Мураттибон Б. Бойзода, Г. Бутаева. – Душанбе, 2019. – С. 18-20.
- Маҳмудов, Г. Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар иттилооткунонии фарҳанги маънавӣ [Матн] / Г. Маҳмудов // Масъалаҳои омўзиши вазъи фарҳанги маънавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: маҷмўаи мақолаҳо. Китоби 2. – Душанбе: Паёми ошно, 2018. – С.119-130.
- Маҳмудов. Г. Муҳаққиқи илми китобхонашиносӣ // Сафар Шосаидов: маҷмўи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттибон Ш. Комилзода, Б. Холов; муҳаррир Қ. Бўриев. – Душанбе: Истеъдод, 2012. – С. 18-20.
- Маҳмудов, Г. Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо [Матн]: Монография / муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2018. – 240 с.
- Маҳмудов, Г. Робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар замони муосир [Матн] // Масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонишавӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои ИДМ. Маводи конф. ҷумҳуриявӣ, 25-26 апрели соли 2019, ш. Душанбе / Мураттиб Р. Амиров. – Душанбе, 2019. – С.279-289.
- Маҳмудов, Г. Роҳандозии равандҳои инноватсионии таълим дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ [Матн] // Китобдор. – 2015. - №1. – С. 34.
- Маҳмудов, Г. Рўзгоре барои ибрат [Матн]: Оид ба фаъолияти Ш.Комилзода /Г. Маҳмудов // Ҷумҳурият. – 2018. – 29 март.
- Маҳмудов, Г. Саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бунёди захираи электронии иттилоотии Пешвои миллат [Матн] // Вазъияти омўзиш ва таҳқиқи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистон ва ояндабинии он: маҷмўаи мақолаҳо. Қисми 3; муҳаррирони масъул: Х. Идиев, Р. Амиров. – Душанбе: Паёми ошно, 2019. – С. 58-67.
- Маҳмудов, Г. Такмили ихтисоси китобдорон – талаби замони муосир [Матн] / Г.Маҳмудов // Китобдорӣ. – 2017. - №01(01). – С. 8-10.
- Маҳмудов, Г. Ташаккули равандҳои инноватсионии таълим дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ [Матн] // Масъалаҳои рушди фарҳанги маънавӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Маҷмўаи мақолаҳо. Қисми 1. – Душанбе: Нурафзои нур, 2015. – С. 58-63.
- Маҳмудов, Г. Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо [Матн]: Китоби дарсӣ / Муҳаррир М. Юсупова; зери назари номзади илмҳои таърих Қ. Бўриев. - Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2012. – 184 с.
- Маҳмудов, Г., Холов, Б. Китобномаи шарҳиҳолӣ [Матн] // Ҷумҳурият. - 2013. - 21 май.
- Роҳнамои хонанда [Матн]: дастури тавсиявӣ оид ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон / Мураттибон Аминов А., Азизов Ф.; муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе, 2016. – 40 с.
- Сулаймонӣ, С. Донишшиносӣ: фарҳанги китобдорӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ / Муаллиф С. Сулаймонӣ; муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 228 с.
- Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: барои соли 2017 / Мураттиб Ё. Сучонӣ; муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2016. – 380 с.; Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: барои соли 2018 / Мураттиб Ё. Сучонӣ; муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2017. – 384
- Талабхўҷа Сатторов [Матн]: Китобномаи шарҳиҳолӣ /Мураттибон С. Абдумуминзода, А. Ниёзов; муҳаррир ва муаллифи пешгуфтор Г. Маҳмудов. – Душанбе, 2019. – 40 с.
- Тарғибгари каломи беназир [Матн]: Суҳбат бахшида ба 60-солагии Маҳмудов Г. Б. Тараннумгари сухан (бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон») / Мураттибон Қ. Ғуломзода, М. Юсупова. – Душанбе: Истеъдод, 2020. – С. 148-152.
- Умре дар ҷодаи илми фарҳангшиносӣ [Матн]: маҷмўаи мақолаҳо ва осорномаи профессор Латифзода Диловар / Мураттиб С. Абдумуминзода; муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе, 2017. – 84 с.
- Фаъолияти библиографӣ дар китобхона [Матн]: барнома // Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ. - Душанбе: Эҷод, 2009. - С. 70-94.
- Фаъолияти китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ. – Душанбе: Эҷод, 2012.
- Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 172 с.
- Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби VI. / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Бўриев. – Душанбе: Аржанг, 2017. – 640 с.
- Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби VII / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Бўриев; муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Ирфон, 2018. – 480 с.
- Фаъолияти библиографӣ дар Тоҷикистон. Китоби VIII. Маҷмўаи мақолаҳо / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Бўризода. – Душанбе: Аржанг, 2019. – 636 с.
- Ҳабиби фарҳанг [Матн]: Осорномаи эҷодӣ ва китобномаи шарҳиҳолии Ҳабибов Шермуҳаммад / Мураттиб С. Нодиров; муҳаррир Г. Маҳмудов. – Душанбе: Паёми ошно, 2015. – 62 с.
- Шариф, З. Рўзгоре барои ибрат [Захираи электронӣ]: оид ба фаъолияти омўзгории Гадобек Маҳмудов /http: //www.ddst.tj/views.php?pro_id=621
- Шарофов, Р. Библиографияи адабии тоҷик [Матн]: Китоби дарсӣ. Нашри дуюм / Мураттиб ва муаллифи тавзеҳот Г. Маҳмудов. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 240 с.
Қурбоналӣ Буризода